Дар кӯчаи Софя Перовская, 111 дар маҳаллаи Новая Сортировка дар ноҳияи Железнодорожнийи шаҳри Екатеринбург, пойтахти ғайрирасмии минтақаи Урали Русия мактаби дар воқеъ нодири №149 амал мекунад. Дар ин мактаб 977 хонанда таҳсил мекунанд, ки танҳо 199 нафараш русзабон буда, бақия ҳама фарзандони муҳоҷирон мебошанд.
Муовини мудири мактаб Данил Рябонеделя ба нашрияи «Областная газета» гуфт: “Аз 977 хонандаи мактаб 418 нафараш зодагони Қирғизистон ва 291 нафараш зодагони Тоҷикистон мебошанд. Дар инҷо ҳамчунин 46 зодаи Ӯзбекистон ва 18 зодаи Озарбойҷон таҳсил мекунанд. Боқии хонандагон намояндагони миллатҳои дигаранд.” Рябонеделя афзуд, барои ҳамоиши зудтари фарзандони муҳоҷирон дар мактаб дарсҳои иловагии забони русӣ ва ҳамчунин давраҳои омӯзишии фарҳангӣ ташкил карда шудаанд.
Бино ба иттилои «Областная газета», чунин шумораи зиёди кӯдакони қирғиз таваҷҷуҳи омбудсмени Қирғизистон Тоқон Мамитовро ба худ ҷалб кардааст ва ӯ ахиран ҳамроҳи ваколатдори ҳуқуқи инсони вилояти Свердловск Татяна Мерзлякова аз мактаби №149 дидан кард.
Татяна Мерзлякова зимнин ин боздид ба Мамитов пешниҳод кард, ки барои омӯзгорони ин мактаби нодир дар қаламрави Қирғизистон ягон анҷуман ташкил кунанд, то ки онҳо бо муҳити рӯзгори аслии шогирдони худ аз наздик ошно шаванд. Мамитов ин пешниҳодро пазируфта гуфт, тамоми талошашро барои ташкили чунин сафар ба харҷ хоҳад дод. Ӯ гуфт, барои ошноии хубтар бо тарзи зиндагӣ ва фарҳанги шогирдонашон ба муаллимони мактаби №149 беҳтар мебуд, агар нафақат аз шаҳрҳои бузург, балки аз шаҳраку деҳаҳои Қирғизистон ҳам боздид кунанд. “Ин ба онҳо имкон медиҳад, ки зодагони онҷоро хубтар бифаҳманд ва бо фарҳанги миллии мардуми қирғиз боз ҳам аз наздиктар ошноӣ пайдо кунанд”, гуфтааст омбудсмени қирғиз.
Татяна Мерзлякова посух дод ки: «Ин ҳама дар дасти ҷониби мизбон аст, ки чӣ мефармоянд». Омӯзгорони мактаб низ гуфтаанд, ки ба чунин сафарҳо ба Қирғизистон ё Тоҷикистон ҳавасандманд ҳастанд, чунки ин ба онҳо имкон медиҳад, ки бо тарзи зиндагӣ ва фарҳанги шогирдони худ ошноии наздиктар пайдо карда, ҷараёни таълимро хубтар ба роҳ монанд.
Екатеринбург ва минтақаи Урал дар пайи шаҳру вилояти Маскав, шаҳри Петербург ва вилоятҳои атрофи он, вилояту ҷумҳуриҳои ҳавзаи дарёи Волга яке аз самтҳои умдаи кору зиндагии муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ дар Русия ба шумор меравад.