ӮЗСТАТ: ДАР ӮЗБЕКИСТОН 1,7 МИЛЛИОН ТОҶИК ЗИНДАГӢ МЕКУНАД. ТОҶИКҲО МЕГӮЯНД, КИ ШУМОРИ ОНҲО ХЕЛЕ БЕШТАР АСТ
Ӯзстат – кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон бори аввал аз соли 2000 ба ин тараф маълумоти расмӣ дар бораи таркиби миллии аҳолии ин кишварро нашр кард. Дар оморе, ки дар Телеграм канали Ӯзстат нашр шуд, гуфта мешавад, ки то 1 январи соли 2021 дар Ӯзбекистон 34,6 миллион нафар зиндагӣ мекард, ки 29,2 миллион ё 84,4% аз ин шуморро ӯзбекҳо ташкил медиҳанд. Тоҷикҳо аз лиҳози шумора дуюмин қавми бузурги сокини Ӯзбекистон буда, шумораашон, тибқи омори расмӣ, 1,7 миллион ё 4,9% аз ҷамъи аҳолии ин ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Барои муқоиса, соли 1989 шумораи тоҷикҳо дар Ӯзбекистон ҳудуди 1,6 миллион будааст, вале он вақт онҳо 8,6% аҳолии ин ҷумҳуриро ташкил медоданд. Дар ҳоле ки дар 32 соли гузашта шумораи ӯзбекҳо дар Ӯзбекистон ду маротиба зиёд шудааст, шумораи тоҷикҳо, бар асоси омори расмӣ, тақрибан тағйир наёфтааст.
Бисёре аз тоҷикҳо бар инанд, ки мақомоти Ӯзбекистон шумораи тоҷикҳоро чанд маротиба камтар нишон медиҳанд. Ҳамин тавр, тоҷикони зиёдеро дар солҳои “ӯзбеккунии маҷбурӣ” бар хилофи хоҳишашон дар санадҳо ӯзбек навиштаанд.
Таркиби қавмии аҳолии Ӯзбекистон:
ӯзбекҳо — 29,2 миллион;
тоҷикҳо — 1,7 миллион;
қазоқҳо — 821,2 ҳазор;
қароқалпоқҳо — 752,7 ҳазор;
русҳо — 720,3 ҳазор;
қирғизҳо — 291,6 ҳазор;
туркманҳо — 206,2 ҳазор;
тоторҳо — 187,3 ҳазор;
кореягиҳо — 174,2 ҳазор;
украиниҳо — 67,9 ҳазор;
озариҳо — 41,2 ҳазор;
белорусҳо — 18,5 ҳазор;
қавмҳои дигар — 426,4 ҳазор.
Таркиби қавмии аҳолии Ӯзбекистон:
ӯзбекҳо — 29,2 миллион;
тоҷикҳо — 1,7 миллион;
қазоқҳо — 821,2 ҳазор;
қароқалпоқҳо — 752,7 ҳазор;
русҳо — 720,3 ҳазор;
қирғизҳо — 291,6 ҳазор;
туркманҳо — 206,2 ҳазор;
тоторҳо — 187,3 ҳазор;
кореягиҳо — 174,2 ҳазор;
украиниҳо — 67,9 ҳазор;
озариҳо — 41,2 ҳазор;
белорусҳо — 18,5 ҳазор;
қавмҳои дигар — 426,4 ҳазор.
Соли 1989 аҳолии Ӯзбекистон 19,8 миллион буд, ки 14,1 миллионаш, ё 71 фоизро ӯзбекҳо ташкил медоданд. Он вақт дар ин ҷумҳурии ҳанӯз тобеи СССР 1,8 миллион рус зиндагӣ мекард. Тоҷикҳо баъди ӯзбекҳо ва русҳо сеюмин қавми бузурги Ӯзбекистон ба шумор мерафтанд.
Бори охир маълумот дар бораи таркиби қавмии аҳолии Ӯзбекистон соли 2000 вақте нашр шуд, ки бо кумаки Институти Ҷомиаи боз “Харитаи қавмии Ӯзбекистон” (“Этнический атлас Узбекистана”) таҳия ва нашр шуд. Дар ин харита ӯзбекҳо 77,4% аз ҷамъи аҳолиро ташкил медоданд ва шумораи тоҷикҳо то ба ҳадди 4,9% пойин рафт.
Дар соли 2021 мебинем, ки шумораи ӯзбекҳо назар ба соли 1989 беш аз 2 маротиба (207%) афзоиш ёфта, шумораи тоҷикҳо тақрибан бетағйир боқӣ мондааст вва теъдоди русзабонҳо дар Ӯзбекистон баракс беш аз як миллион нафар камтар шудааст.
Охирин нуфузшумории аҳолӣ дар Ӯзбекистон соли 1989 анҷом дода шудааст. Соли 2018 президент Шавкат Мирзиёев дар бораи доир кардани нуфузшумории нав фармон дод, вале ин нуфузшуморӣ ба сабаби пандемия ба соли 2023 ақиб партофта шуд.
Ин мавод бар асоси мақола ва диаграммаҳои сомонаи Газета.Уз таҳия шудааст.