Хабарҳои кӯтоҳ

ЯК СОКИНИ ПАТАР САРИ ҲАМДЕҲААШРО БО САНГ ЗАДА КАФОНДААСТ

Марди 31-солаи сокини ҷамоати Патари шаҳри Конибодом бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир шуд.  ВКД гуфт, ки ӯ шаби 30 июл, соати 21:40 дар ҳолати мастӣ дар назди хонааш ҳангоми муноқиша ба сари ҳамдеҳаи 38-солааш бо санг задааст. Ба ин мард бар асоси қисми якуми моддаи 110 КҶ ҶТ аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

хххххххххххххх

Марди 42-солаи сокини ноҳияи Сино ба он гумонбар мешавад, ки санаи 30 апрелбо роҳи фиреб ба боварии  марди 31-солаи сокини  пойтахт даромада, аз ӯ мошини тамғаи «Тойота Кемри»-ро ба маблағи 65 ҳазор сомонӣ нарх карда гирифта,  то ҳол пулашро надодааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 10 августи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Боздошт гардидани марди 31-сола бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Патари шаҳри Конибодом бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 30-юми июли соли 2021, тахминан соати 21:40-дақиқа дар ҳолати мастӣ дар назди хонаи истиқоматиаш бо марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Патари шаҳри мазкур ҷангу ҷанҷол намуда, бо санги дар дасташ дошта, охиронро ба сараш як маротиба зада, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 31-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 30-юми апрели соли 2021, марди 42-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи «Тойота Кемри»-ро ба маблағи 65 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Аз руи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button