Хабарҳои кӯтоҳ

ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ҲИСОР ВА ҲАЛОКАТИ МУСОФИРИ СКУТЕР ДАР ҒАФУРОВ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 9 август дар роҳҳои ин кишвар се садамаи марговар, аз ҷумла ду садама дар Ҳисор ва якеи дигар дар ноҳияи Б.Ғафуров рӯй дода, сабаби марги се нафар, аз ҷумла як ноболиғ шудаанд.

Бино ба иттилои расмӣ, шаби 9 август, тахминан соати 22:30 ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Эмомов Шоназар Элназарович, соли таваллудаш 1959, сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳри Ҳисор ба самти шаҳри Душанбе дар роҳи мошингарди ҳудуди ҷамоати деҳоти Дурбати шаҳри Ҳисор пиёдагард, Улуғов Мирзоалӣ Бароталӣ, соли таваллудаш 1959, сокини ҷамоати деҳоти Дурбати шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа Улуғов М.Б. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, санаи 9-уми август, тахминан соати 14:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, Миров Наврӯз Қудратович, соли таваллудаш 1990, сокини ҷамоати деҳоти Хонақи кӯҳии шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат кардан аз маркази шаҳри Ҳисор ба самти ҷамоати деҳоти Хонақаи кӯҳӣ дар деҳаи Хирманаки ҷамоати деҳоти Сомонии шаҳри мазкур аз уҳдаи идора кардани автомашина набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, ки таҳти идораи Шеров Хуршед Камолович, соли таваллудаш 1991, сокини ҷамоати деҳоти Навободи ҳамин шаҳр бархӯрдааст.
Дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Зафера”, Миров Ҳикматулло Сироҷович, соли таваллудаш 1969, сокини ҷамоати деҳоти Хонақои кӯҳӣ, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, Миров Н.Қ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Шеров Х.К ва мусофирони дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона бистарӣ гардидаанд.
Мутаассифона, рӯзи 9-уми августи соли 2021, тахминан соати 15:00 ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Халифаев Давлатҷон Ҳусейнбоевич, соли таваллудаш 1981, сокини ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Б.Ғафуров ҳангоми ҳаракат кардан бо роҳи мошингарди «Ғафуров-Булоқ-Пунгон» дар 14-ум км дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Исмоил аз ӯхдаи идораи автомашина набаромада, ба скутери тамғаи «Дайлим», ки таҳти идораи ноболиғ, Боймурзоев Учқун Ихтиёрович, соли таваллудаш 2005, сокини ҷамоати деҳоти Исмоили ҳамин ноҳия бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандаи скутер ноболиғ, Боймурзоев У.И. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта ба беморхона бистарӣ гашта, мусофири скутери мазкур ноболиғ, Фозилов Исматулло Зарипович, соли таваллудаш 2006, сокини ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Б.Ғафуров ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button