Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

ДАР ЧАНД ДОРУХОНАИ ДУШАНБЕ ДОРУҲОИ ПСИХОТРОПӢ МЕФУРӮХТААНД

Агентии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон хабар дод, ки дар чанд дорухонаи пойтахт, шаҳри Душанбе ҳолатҳои фурӯши доруҳои психотропиро ошкор кардаанд. Аз ҷумла шаҳрванд Саидшо Исмоилов рӯзи 26 июн ҳангоми фурӯши 220 ҳаби психотропии “Алпразолам” дастгир гаридад, аз дорухонаи ӯ дар кӯчаи Гагарин боз 400 чунин ҳаб ёфт ва мусодира шудааст.

Ёқубҷон Раҷабов бошад рӯзи 9 июл дар ҷараёни амалиёти “Харидории санҷишӣ” ба ҳамкори Агентӣ, ки худро харидор вонамуд кард, 290 ҳаби “Алпразолам”-ро бо нархи 780 сомонӣ фурӯхтааст.

Ҳамин тавр, рӯзи 6 июл  тавассути чунин амалиёти “Харидории санҷишӣ” дар дорухонаи “Амир-фарм”, воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоев №92/1 аз шаҳрванд Ҷумаев Илҳом ду қуттӣ “Alprazolam” бо 224 ҳаб ёфт ва мусодира шудааст.

Агентӣ гуфт, дар умум ба зидди 7 доруфурӯш бо иттиҳоми фурӯши ғайриқонунии доруҳои психотропӣ  бар асоси  қисми якуми иловаи яки моддаи 226 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ кушодаанд. Ба онҳо бар асоси ин банди қонун барои вайрон намудани қоидаҳои муомилоти моддаҳои психотропӣ то 2 соли зиндон таҳдид мекунад.

Фурӯши ғайриқонунии доруҳои психотропӣ ошкор гардид

Истеъмоли ғайритиббии доруҳои психотропӣ ба маркази асосии майнаи сари инсон таъсири манфӣ расонида, руҳия ва шуури шахсро тағир медиҳад.

Ин намуди доруворӣ дар тибб барои табобати бемориҳои ихтилоли рӯҳӣ истифода шуда, танҳо бо дорухати махсус аз дорухонаҳое, ки иҷозатномаи фурӯши дорувории психотропӣ ва ё нашъадорро доранд, харидорӣ карда мешаванд.

Мутаасифона аксар ҷавонон онро ба таври ғайриқонунӣ дастрас намуда, мавриди истифода қарор медиҳанд. Истеъмоли пай дар пайи дорувориҳои психотропӣ дар як муддати кӯтоҳ оқибатҳои шадиди вобастагӣ, заҳролудшавии музмини бадан, осеби узвҳои дохилӣ  ва майнаи сар, норасоии шадиди кори дил, ҷигар ва гурдаҳо ҳамчунин ихтилоли гуногуни равонӣ, маъюбӣ ва фавти бармаҳалу нобаҳангом оварда мерасонад.

 Дар давоми моҳи гузашта, аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд ҳолати хариду фурӯши ғайриқонунии дорувориҳои психотропӣ аз ҷониби шаҳрвандон ва бе доштани иҷозатнома нигоҳдорӣ ва фурӯш ингуна дорувориҳо дар дорухонаҳои шаҳри Душанбе ошкор карда шуд.

Ҳамин тариқ, санаи 26 июни соли равон аз ҷониби кормандони Агентӣ, шаҳрванд Исмоилов Саидшо Абдуҳалимович дар ҳудуди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе, ҳангоми фурӯши 220 адад ҳаби психотропии “Алпразолам” дастгир гардид.

Маълум карда шуд, ки номбурда дар дорухонаи воқеъ дар кучаи Гагарин-1 и ноҳияи И.Сомонӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул буда, дар дохили дорухона боз 400 адад ҳаби психотропии “Алпразолам”- ро бо мақсади фурӯш ғайриқонунӣ нигоҳ медорад.

Ҳамчунин, санаи 9 июли соли ҷорӣ кормандони Агентӣ ҳангоми гузаронидани чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯйи дар намуди “Харидории санҷишӣ” аз шаҳрванд Раҷабов Ёқубчон Бобоҷонович 290 адад дорувории психотропии “Алпразолам” – ро бо маблағи 780 сомонӣ харидорӣ намуданд.

Чунин як ҳолати дигар санаи 6 уми июли соли равон дар натиҷаи баргузории чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯйи дар намуди “Харидории санҷишӣ” аз ҷониби кормандони Агентӣ дар дорухонаи “Амир-фарм” воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоев №92/1 ба қайд гирифта шуда, аз шаҳрванд Ҷумаев Илҳом Эмомалиевич, ду адад қутии рангаш сафед бо навиштаҷоти Alprazolam ки дар дохили он 224 адад ҳабҳо ҷойгир буданд дастрас карда шуд. Дар рафти тафтишот маълум гардид, ки шаҳрванд Ҷумаев Илҳом бе доштани иҷозатномаи махсус фурӯши дорувориҳои психотропиро ба роҳ мондааст.

Ҳамин тариқ ба нисбати номбурдагон Исмоилов Саидшо Абдуҳалимович, Раҷабов Ёқубҷон Бобоҷонович, Ҳайдаров Аркомиддин Самандарович, Ҷумаев Илҳом Эмомалиевич ва ҳамчунин нисбати Ҷалолова Саодат Сатторовна, Ғаффорзода Саймуҳаммади Сафаралӣ, Зиёев Диловар Дилшодович бо аломатҳои моддаи 206 иловаи 1 қисми 1 и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Моддаи 206 иловаи 1 қисми 1 и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вайрон намудани қоидаҳои муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо, моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд ба муҳлати то ду сол маҳрум сохтан аз озодро пешбинӣ намудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button