Тиб ва беҳдошт/Муҳити зистЧеҳраҳо

БОЗ ФОҶИА! БОЗ МАРГИ БЕМАҲАЛ! ДАРГУЗАШТИ ТАБИБИ ТАВАЛЛУДХОНАИ №2 РИЗВОНА ҲАЁТОВА

Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 10 август қалби табиби шинохта,  акушер гинекологи Таваллудхонаи №2 шаҳри Душанбе Ризвона Ҳаётова дар синни 56 аз тапидан бозмонд. Маросими  видоъ бо марҳум дар манзилаш дар маҳаллаи Водонасосная, хиёбони Рӯдакӣ, 158 ва намози ҷанозаи Ризвона Ҳаётова субҳи 11 август, соати 07:00 дар масҷиди Сариосиё баргузор мешавад.

Дар бораи иллати марги табиб чизе гуфта нашудааст, вале дар номаи таслияти иттифоқи касаба  Ризвона Ҳаётова ҳамчун “як инсони хирадманду оқилу заминӣ, зебосиритшту зебопараст, табиби дараҷаи олӣ, модари мушфиқ ва зани меҳрубону меҳнатдӯсту меҳмондӯст” тавсиф шудааст.

​“Ҳаётова Ризвона​ Алимовна хамеша бо нигоҳи пурмеҳри инсондӯстона, муносибати​ софдилона, суханҳои нарму хирадмандона,​ малакаи баланди касбӣ ба дарди​ беморон​ даво​ бахшида, дар ҷомеъа​ чун сарсупурдаи касби бошарафи хеш маъруфият дошт. Шахсе буд, ки аќлу идрок​ ва​ чахонбиниаш то ба хадде​ буд,​ ки рашки бурдбории дигаре бар вучудаш бегонаву,​ шўхрату шукўхи дуньё​ надошт.Ӯ дардҳоро мегирифт ва ба инсонҳо​ бебаҳотарин​ ганҷ​ – саломатӣ, мебахшид”, –  гуфта мешавад дар номаи таслият.

Комитет профсоюза работников здравоохранения и социальной защиты РТ

Боз фоҷеъа!, боз марги бемаҳал, қалби боз як инсони хирадманду, оқилу заминӣ, зебосиришту, зебопараст, табиби дараҷаи олӣ, ​ модари мушфиқ ва зани меҳрубону, меҳнатдӯсту меҳмондӯст Ҳаётова Ризвона​ Алимовна дар синни 56 солагӣ​ бар асари бемории​ вазнини илтиҳоби​ шуш, аз тапидан боз монд. Ҳаётова Ризвона​ Алимовна 13 майи соли 1965 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи хизматчӣ​ ба дунё омада,​ дар мактаби миёнаи​ №8 шаҳри Душанбе таҳсил намудааст. Баъди хатми мактаби миёна соли 1982​ ​ ба Донишгоҳи Давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ​ ибни ​ Сино дохил шуда, онро​ соли 1988​ бо баҳои​ аъло ​ ​ хатм намуда, аз соли 1988​ то соли 1991 дар ординатураи клиникӣ таҳсил намудааст. Баъди бомуваффақият​ хатми ординатураи клиникӣ бо роҳхати Вазорати тандурустӣ ва хифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1999 то соли 2010 дар Беморхонаи марказии ноҳияи Данғараи Вилояти Хатлон, ҳамчун табиб акушер гинеколог фаъолият намуда,​ дар ин муддат ду маротиба ба вакили мардумии​ вилоят интихоб гардидааст.

Ҳаётова Ризвона​ Алимовна аз соли 2010 то ин ҷониб дар таваллудхонаи №2 шаҳри Душанбе​ фаъолият менамуд.​ Дар​ тӯли фаъолияти​ зиёда аз 32 сола, дар соҳаи тандурустии мамлакат​ софдилонаю​ содиқона хизмат​ намуда,​ ба ҳазорон одамон умри дубора бахшидааст.​ Барои хизматҳои шоиста бо мукофотҳо, медалу ифтихорномаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии​ Ҷумҳурии Тоҷикистон, сазовор гардонида шудааст.

​ Ҳаётова Ризвона​ Алимовна хамеша бо нигоҳи пурмеҳри инсондӯстона, муносибати​ софдилона, суханҳои нарму хирадмандона,​ малакаи баланди касбӣ ба дарди​ беморон​ даво​ бахшида, дар ҷомеъа​ чун сарсупурдаи касби бошарафи хеш маъруфият дошт. Шахсе буд, ки аќлу идрок​ ва​ чахонбиниаш то ба хадде​ буд,​ ки рашки бурдбории дигаре бар вучудаш бегонаву,​ шўхрату шукўхи дуньё​ надошт.​ ​ Ӯ дардҳоро мегирифт ва ба инсонҳо​ бебаҳотарин​ ганҷ​ – саломатӣ, мебахшид. Рахнамои ӯ хамеша хиради шоиста ва хадафи зиндагиаш​ накўкори ба одамон буда,​ барои фарзандону, шогирдон​ мактаби ибрат мебошад.

Имрӯз, кулли фарзандону пайвандон, наберагон, шогирдону дӯстону ҳамкорон бо ҳисси пурандуҳу​ ҳасратомез​ дарк​ намуданд,​ ки ҷои ӯ аз дида ба дилҳо рафтааст. Надидани​ ӯ,​ меҳрубониҳои​ ӯ,​ барои​ аҳли​ хонавода, ёру дӯстон, шогирдону наздикон, хеле мушкил аст.

Бигзор, охирати зани хирадманду модари ғамгусор, табиби ботаҷрибаву, некандешу ватандӯсту заминӣ,​ ки​ ҳазорон беморонро аз чанголи марг раҳонида, умри​ дубора​ бахшидааст, ҷаннатул маъво ва обод бошаду, бигузор​ Худованд бо биҳишти анбарсиришт восил гардонад. Руҳашон шоду, манзилашон пурнур гардад!

Суроға: ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ -158, истгоҳи водонасосная.

Ҷанозаи марҳум рӯзи чоршанбе,​ 11 августи соли равон,​ саҳари соати 7.00 дар Масчити Сари Осиё баргузор мегардад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button