ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

78 НАФАР ДАР ЯК РӮЗ! РЕКОРДИ НАВИ ГИРИФТОРШАВӢ БА КОРОНАВИРУС ДАР ТОҶИКИСТОН

Бино ба охирин омори вазорати тандурустии Тоҷикистон, ки шоми 24 июл нашр шуд, дар як шабонарӯзи охир дар кишвар 78 ҳолати нави ба коронавируси навъи нави COVID-19 гирифтор шудани шаҳрвандон сабт шудааст. Аз 21 июн, рӯзе, ки мақомоти Тоҷикистон бори аввал дар соли 2021 мавҷи нави коронавирусро дар ҷумҳурӣ эътироф карданд, ин баландтарин нишондиҳандаи шумораи гирифторшудагон дар як шабонарӯз аст. Рекорди қаблӣ, ки ду рӯзи гузаштаи 22 ва 23 июл такрор шуд, 68 ҳолати гирифторӣ дар як рӯз буд.

Тибқи омори расмии вазорати тандурустӣ, дар як шабонарӯзи охир 58 бемор пас аз муолиҷа аз коронавирус шифо ёфта, хушбахтона, ягон касаз ин вирус нафавтидааст ва феълан дар Тоҷикистон 367 нафари гирифтори коронавирус дар бемористон ё дар хона таҳти муолиҷа  боқӣ мемонанд.

Вале вазорат дар ҳоле дар бораи сабт нашудани ягон ҳолати фавт аз коронавирус ҳисобот медиҳад, ки шоми 24 июл хабари марги Шоири халқии Тоҷикистон Саидалӣ Маъмур ба даст расид. Саидалӣ Маъмур як моҳ боз бо коронавирус мубориза дошт. Ҳамсари ӯ Роҳат Маъмурова рӯзи 26 июн ва писараш Фарзон рӯзи 2 июл низ қурбони коронавирус шуда буданд.

Бино ба омори расмии вазорати тандурустӣ, аз шурӯи пандемия то шоми 24 июл дар Тоҷикистон 14 ҳазору 505 ҳолати олудашавӣ ба коронавируси нави  COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то шоми 24 июл 14 ҳазору 22 нафар ё 96,6% аз ҷамъи умумии гирифторшудагон шифо ёфта, бар асари бемории мазкур 116 нафар фавтидаанд. Танҳо аз аввали моҳи июл дар кишвар, бар асоси омори расмӣ, 26 нафар қурбони коронавирус шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button