ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистФарҳангЧеҳраҳо

ХУДОЁ, ЯККАШОХАМРО НИГАҲ ДОР… АҶАЛ ПИСАРИ СЕЮМИ ШОИР САИДАЛӢ МАЪМУРРО ҲАМ БУРД…

Ҳанӯз аз марги Роҳат, ҳамсари Саидалӣ Маъмур аз коронавирус як ҳафта ҳам ногузашта, ғаму мотам дигарбора ҳалқаи дари хонаи Шоири халқии Тоҷикистонро  кӯфт.

Рӯзи 2 июл Фарзон, писари устод Саидалӣ Маъмур, охирин писари ӯ дар синни 43 аз дунё рафт. Яке аз наздикони шоир ба сомонаи pressa.tj гуфтааст, иллати марги Фарзон низ мисли модараш коронавирус будааст. Модари ӯ, ки як умр дар мактаб муаллимаи забону адабиёти тоҷик буд,  рӯзи 26 июн дар бемористон аз коронавирус ҷон бохт.

Наздикони Саидалӣ Маъмур ба pressa.tj гуфтаанд, худи шоир низ бо аломатҳои ҳамин беморӣ бистарист ва ба ин далел, хабари марги писарашро то ҳол ба ӯ нагуфтаанд: “Табибон телефонӣ хоҳиш карданд, ки хабари марги фарзандашро ба шоир нагӯем, зеро ҳолаташ бад шуданаш мумкин. Вазъи худи Саидалӣ Маъмур муътадил буда, табобаташ идома дорад”.

Саидалӣ Маъмур дар зиндагии шахсиаш рӯзҳои пурфоҷиаеро пушти сар кардааст. Ду писари ӯ дар синни ҷавонӣ ҷавонмарг шуданд ва Фарзон ягона писари ӯ буд, ки зинда боқӣ монда буд. Шоир ҳатто дар як шеъраш пеши Худо илтиҷо карда буд, ки:

Худоё, яккашохамро нигаҳ дор!

Аммо теғи аҷал ба охирин писари Саидалӣ Маъмур ҳам раҳм накард…

Фарзон Маъмуров қаблан ба ҳайси мудири кулли “Вавилон”, яке аз бузургтарин аз ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон кор мекард. Ӯро ба ҳайси як нафари хеле меҳрубони ҳалим, хоксору заминӣ ва бо ҳама як тавсиф мекарданд.

Танҳо тайи ду рӯзи аввали моҳи июл хабари аз коронавирус ҷон бохтани дастикам 4 шахсияти шинохта расонаӣ шуд:

  1. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов
  2. Профессор, доктори илмҳои тиб Фарида Мансурова
  3. Камил Бахтеев, устоди фанни информатика дар Донишгоҳи славянӣ
  4. Фарзони Маъмур, писари шоир Саидалӣ Маъмур ва собиқ мудири ширкати “Вавилон”.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон танҳо марги ду нафар аз коронавирусро дар як шабонарӯзи охир ва сироят ёфтани 25 тани дигарро тасдиқ кардааст.

Марямбонуи Фарғонӣ

Эҳ, чӣ рӯзҳои вазнине ба сари миллат омад…

Устод Саидалӣ Маъмур, ки дар гузашта ду шаҳписарро аз даст додаанд, дар шеъре ба Эзад илтиҷо карда буданд: “Худоё, яккашохамро нигаҳ дор!”

😢😢😢Ва ин яккашохи ниҳоли умрашон ҳам дар синни 43 шикаст… Вазъи эшонро дар тасаввур гунҷонидан аз имкон берун аст.

Парвардигоро, равони Фарзонро шод гардону хонаи охираташро обод ва ба устод сабри ҷамил бидеҳ!😢😢😢

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button