ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

МАШВАРАТҲОИ СИЁСИИ ТОҶИКИСТОНУ АМРИКО ВА МУЛОҚОТИ МУҲРИДДИН БО БЛИНКЕН ДАР ВАШИНГТОН (ВИДЕО+5 АКС)

Рӯзи 1 июл дар шаҳри Вашингтон, пойтахти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, даври ҳаштуми машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистону Амрико ва ҳамчунин мулоқоти котиби давлатии Амрико Энтони Блинкен бо вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин доир шудааст.

Бино ба иттилои расмии вазорати хориҷаи Тоҷикистон, дар мулоқоти роҳбарони идораҳои дипломатии ду кишвар муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Америка дар соҳаҳои сиёсат, амният, иқтисод, энергетика, тандурустӣ, сайёҳӣ, гуманитарӣ, ҳамкорӣ дар чорчӯби барномаҳои АРБИМА, иқдомҳои муштарак ҷиҳати пешгирии ҳамагирии Ковид-19 ва ғайраро баррасӣ шуда, ҷонибҳо ҳамчунин перомуни  масъалаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд. 

“Ҷонибҳо зимни баррасии вазъият дар минтақа зарурати таҳкими ҳамкориҳоро дар самти муборизаи муштарак бо хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ таъкид карданд”, гуфта мешавад дар иттилоияи расмӣ.

Рӯзи 1 июл дар Вашингтон дар арафаи 30-солагии муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка даври ҳаштуми машваратҳои сиёсӣ байни ду кишвар таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва иҷрокунандаи вазифаи ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Дин Томпсон баргузор шуд.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар иттилоияаш гуфт, дар машваратҳои сиёсӣ ҳамкориҳои дуҷониба дар чор буъд – сиёсӣ, иқтисодию муҳитизистӣ, амниятӣ ва инсонӣ муҳокима гардида, ҷонибҳо ҳамчунин доираи васеи масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону ИМА дар самтҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, тандурустӣ, маориф, илмию фарҳангӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштаракро баррасӣ кардаанд.

“Инчунин табодули афкори судманд дар мавзӯи мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосир, ҳуқуқи инсон ва тақвияти муносибатҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ сурат гирифт”, гуфта мешавад дар иттилоияи ВКХ Тоҷикистон.

Сафари ҳайъати баландпояи дипломатии Тоҷикистон ба Вашингтон ва музокироташ бо мақомоти амрикоӣ дар ҳолест, ки қарор аст, то  рӯзи 4 июл Амрико ва муттаҳидонаш нирӯҳои асосии худро аз Афғонистон берун бикашанд. Ин ҷангҷӯёни ҷунбиши Толибонро рӯҳбаланд кардааст ва онҳо дар рӯзҳои охир даҳҳо шаҳру ноҳия, аз ҷумла бахши аъзами манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистонро ишғол кардаанд. Толибон аз ҷумла Шерхон Бандар, бузургтарин гузаргоҳ дар марз бо Тоҷикистонро тасарруф карданд ва дар даҳаи охири моҳи июн беш аз 150 аскару афсар аз нирӯҳои давлатии Афғонистон ба фишори Толибон тоб наоварда, бо силоҳҳои худ ба қаламрави Тоҷикистон фирор карданд.

Пешрафтҳои ахири Толибон ва эҳтимоли суқути ҳукумати кунунии “Ғайн ва Ъайн” дар Кобул кишварҳои ҳамсоя бо Афғонистонро сахт нигарон кардааст. Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ахиран хабар дод, ки нирӯҳои мусаллаҳи мустақар дар хатти дуюми ҳимояти марзи Афғонистонро ба ҳолати омодабош овардааст. Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ташкили як ҷаласаи вижа аз вазъ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, бояд барои қабули дастикам 10 ҳазор гуреза аз Бадахшони Афғонистон тайёрӣ бинанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button