ҲУШДОРИ ЁДГОР ФАЙЗОВ: БОЯД БА ҚАБУЛИ ГУРЕЗАҲО АЗ АФҒОНИСТОН ТАЙЁРӢ БИНЕМ (10 АКС)

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, ки ҳамзамон сардори Минтақаи мудофиаи ҳудудии № 1 низ мебошад, рӯзи 18 июн дар як ҷаласаи муштарак бо аъзои ситоди ин минтақаи мудофиаи ҳудудӣ, ки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсату кумитаҳо ва идораву муассисаҳои зидахлро дар бар мегирад,  таъкид кард, ки  вазъияти ноамн дар кишвари ҳаммарз – Афғонистон моро ҳушдор медиҳад, ки суботи дохилиро таъмин намоем, дар ҳолатҳои эҳтимолии халалдор сохтани марзи давлатӣ баҳри муҳофизати хоки муқаддаси кишвар истодагарӣ намуда, аксуламали ҷавобиро аз худ нишон диҳем.

Дар ҷаласа гуфта шуд, ки тибқи маълумоти расмӣ, феълан вазъият дар вулусволиҳои Бораку Зебок ва Моҳи Майи вилояти Бадахшони Ҷумҳурии исломии Афғонистон мураккаб боқӣ монда, гурўҳҳои тундрав аксари минтақаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистонро тасарруф кардаанд ва ба зербинои кишвари ҳамсоя хисороти моливу ҷонӣ ворид кардаанд.

 “Ёдгор Файзов дар ин шароит тақвият додани захираи моддиву техникӣ ва инсониро дар шаҳру ноҳияҳои ҳамсарҳади ВМКБ вазифаи муҳими кори аъзои ситоди минтақаи мудофиаи ҳудудии № 1 номид ва муайян ва мушаххас намудани ҷойҳои амн, захираи маводи сўзишвориву хўрок ва либосвориву нақлиёти заруриро дар ҳолатҳои эҳтимолии қабули гурезаҳои иҷборӣ аз хоки кишвари ҳаммарз муҳим маънидод намуд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи хадамоти матбуоти раиси ВМКБ.

Бино ба ин манбаъ, раиси ВМКБ Ёдгор Файзов оиди ҳамоҳангсозии нақшаи амал бо аҳолӣ ва кўмаку дастгирии сарҳадбонон ибрози назар намуда, гуфт, ҳамкории сокинони деҳаҳои наздисарҳадӣ бо сарҳадбононро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, онро тақвият бояд дод. Ҳамчунин, роҳбари вилоят бобати ҳарчӣ бештар тавсеа ва таҳким додани фаъолияти минтақаи мудофиаи ҳудудӣ ва гузарондани машқҳои муштарак ибрози назар намуда, афзуд, азбаски ВМКБ бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон марзи тўлонӣ дорад, пурзўр намудани фаъолияти минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ ба таври доимӣ ва дар ҳолати омодабош қарор доштани аъзои он зарур аст.

Баррасии вазъи Афғонистон дар ҷаласаи мақомоти вилояти Бадахшони Тоҷикистон дар ҳолест, ки бино ба хабарҳо, ҷангҷӯёни ҷунбиши Толибон дар ин авохир ҳудуди 30 вулусволиро, аз ҷумла чандин минтақа дар марз бо Тоҷикистонро тасарруф кардаанд. Ин нигарониҳоеро ба бор овардааст, ки ҳукумати кунунии Афғонистон метавонад баъди хуруҷи такягоҳи асосиаш: нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ суқут кунад. Қарор аст, нирӯҳои Амрико, муҳраи асосии ин эътилоф алакай то моҳи сентябри соли ҷорӣ тарки Афғонистон кунанд.

Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар пасманзари пешрафтҳои ахири Толибон маҷбур шуд, ки генерал Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, яке аз ёрони Аҳмадшоҳи Масъудро ахиран вазири дифоъ таъйин кунад. Ашраф Ғанӣ тайи 7 соли раёсаташ ягон бор намояндагони қавмҳои ғайрипаштунро ба роҳбарии ин вазорати калидӣ дар ҳукуматаш таъйин накарда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button