БОЗДОШТИ МАВЛАВӢ АБДУЛЛОҲИ ЯЗГУЛОМӢ ВА БАРОДАРАШ БО ГУМОНИ ҲАМКОРӢ БО ҲНИТ

Рӯҳонӣ Абдуллобек Қувватбеков, маъруф бо номи Мавлавӣ Абдуллоҳи Язгуломӣ ва бародараш Иззатуллоҳ Қувватбеков рӯзи 18 июн дар манзили зисташон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе боздошт шудаанд. Наздикони боздоштшудаҳо ва ҳам як манбаи наздик ба мақомоти давлатӣ рӯзи 19 июн ин хабарро дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кардаанд.

Мавлавӣ Абдуллоҳ зодаи ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  буда, наворҳои мавъизаҳои пурҳарораташ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешуд ва ҳаводорони зиёд дошт.

Қувватбек Қувватбеков, бародари Абдуллобек Қувватбеков ба Озодӣ гуфт, субҳи 18 июн як нафар ба манзилашон омад ва худро писари Диловар – паҳлавони язғуломӣ муаррифӣ кард ва гуфт, нисбат ба Мавлавӣ шикоятҳо расидааст ва мақомоти тафтишотӣ мехоҳанд таҳқиқ кунанд.

“Пас аз як соат чаҳор нафар ҳамроҳи писари Диловар-паҳлавон омаданд, худро муаррифӣ накарда гуфтанд, ки дар нисбати Мавлавӣ ва бародараш мақомоти интизомии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тафтишотро оғоз кардаанд ва ҳардуро барои пурсиш мебарем. Баъд гуфтанд, ки ин ҳарду ба ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ) иртибот доштааанд”, – гуфтааст Қувватбек Қувватбеков.

Ба гуфтаи Қувватбеков, мақомот Мавлавӣ Абдуллоҳ ва бародари  дигараш Иззатуллоҳро дастгир карда, хонаашонро кофтукоб кардаанд ва як теъдод китобҳои динӣ ва ҳам 80 ҳазор доллар пули нақдро бо худ бурдаанд. Ӯ гуфтааст, ин маблағи бузург пули се мошини “КамАЗ” себ аст, ки бародараш аз Ванҷ  оварда, дар Душанбе фурӯхтааст.

Наздиконашон дар бораи аз тарафи кадом мақомоти мушаххас дастгир шудану дар куҷо нигоҳ доштани Мавлавӣ Абдуллоҳи Язғуломӣ ва бародараш изҳори бехабарӣ кардаанд, вале манбаи Озодӣ гуфтааст, ки онҳоро кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт кардаанд.

Боздошти ин рӯҳонӣ дар ҳолест, ки вақтҳои охир дар бораи ихтилофи назар байни рӯҳониёни суннатгаро ва муллоҳои ба истилоҳ “навбаромад” дар Язгулом сарусадоҳои зиёд ба гӯш мерасид. Вале маълум нест, ки оё “шикоятҳо нисбати Мавлавӣ”, ки писари Диловар – паҳлавони язғуломӣ дар борааш суҳбат мекард, ба он ихтилофи назарҳо байни муллоҳои наву кӯҳна дар Язгулом рабт доранд ё инҷо сирри дигаре пинҳон аст?

Аксари аҳолии Бадахшони пайрави равияи исмоилии мазҳаби шиъа мебошанд. Вале аксари аҳолии се ноҳияи ин вилоят: Мурғоб, Дарвоз ва Ванҷ, аз ҷумла сокинони Язгулом, мисли аҳолии боқӣ минтақаҳои Тоҷикистон, пайрави  равияи  ҳанафии мазҳаби суннӣ мебошанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button