НОМАИ ПЕШ АЗ МАРГИ САЙДАМИР СӮФИЕВ: “ДАР МАРГИ МАН КОРМАНДИ МИЛИТСИЯ БАҲРОМ ГУНАҲКОР АСТ…”

Ноҳияи Восеъ. Хешовандони Сайдамир Сӯфиев, марде, ки соли 2017 дар синни 53 ба фишори равонии кормандони милитсия тоб наоварда, худкушӣ кард, дар ҳаминҷо зиндагӣ мекунанд. Нозири минтақавӣ ба ӯ таҳдид карда буд, ки ба зиндонаш меандозад. Барои ҷинояте, ки ӯ содир накарда буд. То кунун касе барои ба худкушӣ расондани Сайдамир Сӯфиев ба ҷавобгарӣ кашонда нашудааст.

– Маро бубахшед, азизонам, вале ман ин тавр зиста наметавонам, – гуфт зери лаб Сайдамир баъди дар варақҳои аз дафтар канда навиштани номаи тӯлониаш. Сокини деҳаи Заркамари ноҳияи Восеъ дар номаи пеш аз маргаш навишта буд, ки “маро Баҳром гуфтанӣ шахс, уголовник (муфаттиш) аз Душанбе фарёд кард. Баёноти бардурӯғ навишта угражат мекунад, ки гӯё Суҳробро ман зада кушта бошам. Суҳробро кадом мошин зада гурехта рафтааст, қасдашонро аз ман гирифта истодаанд. Агар коркунони милитсия ҳақ кор мекарданд…”

Ӯ  вақте  банди дорро ба гардан меандохт, ба такрор аз номааш иқтибос мекард, ки “дар марги ман муфаттиши ШВКД ноҳияи Восеъ Баҳром Ҳикматуллоевро гунаҳкор шуморед.”

Аҳли оилааш бояд ба зудӣ ба хона бармегаштанд ва аз ин рӯ, Сайдамир шитоб дошт. Ӯ болои курсии чӯбин баромад, арғамчини дорро ҳалқа басту дар шифти хона маҳкам кард. Санҷид, ки ҳалқааш бақувват бошад… Курсии зери пояш ба рӯи алафҳо чаппа шуду тақрибан садое ҳам набаровард…

Моҳи тираи ноябр буд ва оғил пуррутубат ва нороҳат буд. Шамол мисли шайтони бозигар дари кӯҳнаву фарсудаи оғилхонаро бо шаст мепӯшиду мекушод…

Феврали соли 2016. Як соли 9 моҳ қабл то ин фоҷиа Сайдамир бо мошинаш ба хона бармегашт, ки дар сари роҳаш марде пайдо шуд. Ӯ бошаст тормозро зер кард, вале бо ин вуҷуд мошинаш ба он марди раҳгузар расида гузашт. Сайдамир аз мошин пойин шуд, то бубинад, ки бо он мард чӣ шуд? Аз машоми он мард бӯи сахти машрубот меомад.

Ӯ ҳамдеҳаи майзадааш Сӯҳроб буд, ки роҳи муфти ба даст овардани пули нӯшиданашро пайдо карда буд. Ӯ ногаҳон дар пеши роҳи мошинҳои раҳгузар пайдо мешуд, то ки мошин ӯро як каме зер кунад. Сипас аз ронанда “барои табобат” пул талаб мекард.

Он дафъа ҳам чунин буд. Сайдамир Сӯҳробро ба мошинаш савор карда, ба бемористон бурд. Табибон, ки алакай вайро медонистанд, бе ягон гап барояш шеваи табобат навиштанд.

Чанд моҳ гузашт. Дар деша кор набуд ва Сайдамир ба пойтахт рафт. Ӯ дар хонаи хоҳараш зиндагӣ мекард ва мардикорӣ мекард.  Сайдамир устои хуби барқ буд, вале пули коркардааш ба зиндагӣ ба зӯр мерасид. Ҳоло бошад, ӯ бояд духтарашро ҳам, ки бо ду фарзанди хурдсол аз шавҳари золими худ ҷудо шуд ва ба Восеъ, ба хонаи волидон баргашт, нигоҳубин мекард.

29 ноябри соли 2017.  Ин рӯз кори Сайдамир ҳеҷ омад накард. Аз субҳи барвақт дар мардикорбозор рост истод, вале коре наёфт ва ба хонаи хоҳараш дасти холӣ баргашт. Занги телефон садо дод. Як корманди милитсия аз Данғара занг зада буд, ки ба Сайдамир гуфт, гӯё духтараш Гулбаҳор ба дуздии пулҳои хушдоманаш гумонбар мешавад. Вай талаб кард, ки Гулбаҳор фавран ба Данғара омада, кӯдаконашро ба шавҳараш баргардонад, вагарна ба мушкил дучор хоҳад шуд. Сайдамир навмедона ба рӯи фарш нишаст ва намедонист, чӣ кор кунад?

Зиндагии Гулбаҳор бо шавҳараш бад буд, дар оилаашон доим ҷанҷол буд ва вай чандин бор бо кӯдакони хурдаш қаҳр карда, ба хонаи волидон бармегашт. Он дафъа, ки Гулбаҳор дигарбора қаҳр карда, ба хонаи падару модараш рафт, хешовандони шавҳари ӯ ба милитсия шикоят бурданд, ки гӯё вай аз хонаи онҳо 1000 сомониро дуздидааст.

Сайдамир  ба Данғара рафт. Ӯро ваколатдори фаврии ШВКД Данғара Қурбон Зоиров бозпурсӣ кард ва таҳдид кард, ки духтарашро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ мекашонанд.

Бо чунин ҳолати маъюс Сайдамир ба Восеъ рафт, ки бо духтараш гап занад, вале боз занги телефон баланд шуд. Ин бор корманди милитсияи ноҳияи Восеъ Баҳром Ҳикматуллоев занг зада буд. Ӯ гуфт, ки рӯзи 19 ноябр ҳамон ҳамдеҳаи вай Сӯҳробро бо мошин зада куштаанд ва Сайдамир низ яке аз гумонбаршавандаҳо дар ин садамаи марговар аст. Корманди милитсия талаб кард, ки субҳи дигар барои додани баёнот ба ШВКД ҳозир шавад.  Ӯ ба далелҳои Сайдамир, ки мегуфт, чанд моҳ боз дар пойтахт мардикорӣ мекунад ва ҷисман наметавонист дар ин садама даст дошта бошад, гӯш накард ва гӯшаки телефонро гузошт.

30 ноябри соли 2017.  Сайдамир алакай соати 9:00 дар назди ҳуҷраи кории Баҳром Ҳикматуллев дар шуъбаи милитсияи ноҳия ҳозир шуд ва аз онҷо қарибии нисфирӯзӣ берун омад. Маълум нест, ки онҷо чӣ гузашт, вале дар номаи пеш аз маргаш Сайдамир  навишт, ки Баҳром Ҳикматуллоев таҳдидаш кардааст, ки барои садамаи марговар 10 сол зиндонаш мекунад. Ӯ дар бораи шиканҷа ё латтукӯб шуданаш дар номаи худ чизе нанавиштааст, ҳангоми шустушӯи майит низ аломатҳои зӯроварӣ мушоҳида нашудааст. Ғолибан таҳдидҳои равонӣ ва эҳтимолӣ ба зиндон афтодан барои марди 53-солаи дар ин маҳалл обрӯманд чунон сахт таъсир кардаанд, ки ӯ тоб наоварда, тасмим гирифтааст, ки худро бикушад.

20 декабри соли 2017 додситонии ноҳияи Восеъ бар асоси моддаи “ба худкушӣ расондан” парвандаи ҷиноятӣ кушода, хоҳари Сайдамирро ҷабрдида эътироф кард, вале чор моҳ баъд муфаттиши додситонӣ ба далели муайян карда натавонистани шахсе, ки ҳамчун айбдоршаванда бояд ба ҷавобгарӣ кашонда шавад,  тафтиши парвандаро боздошт.

Ба гуфтаи адвокати ҷабрдида, баъди муроҷиати онҳо ба Додситонии кул, додситонии вилояти Хатлон тафтиши парвандаи худкушии Сайдамир Сӯфиевро аз сар гирифт, вале дар поёни моҳи октябри соли 2018 бо ҳамон далели қаблӣ тафтиши парвандаро аз нав боздошт.

Сайдаҳмад Сӯфиев, бародари марҳум гуфт, ки ӯ се дафъа ба Додситонии кул ва дастгоҳи президент бо дархости тафтиши фарогири қазия ва ба ҷавобгарӣ кашондани гунаҳкор муроҷиат кард, вале тафтиши ин парванда заррае аз ҷояш наҷунбид. “Дар кишвари мо адолат нест”, – мегӯяд ӯ ҳоло. 

Майи соли 2021.  Дар хонаи Сӯфиевҳо таъмиру тармим ҷӯш мезанад. Бародарону ҷиянҳои Сайдамир оғилеро, ки аз онҷо баъди фоҷиаи соли 2017 бисёр вақт садоҳои аҷиби монанд ба ғаҷароси дар баланд мешуд, чаппа карданд.

NoTorture.Tj

Тарҷума аз сомонаи Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Асли матлаб инҷост: https://notorturetj.org/news/predsmertnoe-pismo-istoriya-saydamira-sufieva

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button