ВидеоТоҷикистон

ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 8 ИЮНИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими сешанбе, 8 июни Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

 Шурӯъ мекунем аз  як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

РУСИЯ ВУРУДИ МУҲОҶИРОНРО ОСОН КАРДА, ОНҲОРО АЗ КОРОНАВИРУС ВАКСИНА МЕЗАНАД

АДВОКАТИ ЗИНДОНӢ ШАМСИДДИНОВ БА ҲАМКОРӢ БО “ГУРУҲИ 24” АЙБДОР ШУД

ТОҶИКИСТОН АЗ ЯПОНИЯ БО ҲИСОБИ 1:4 ШИКАСТ ХӮРД, ВАЛЕ ҲАНӮЗ ШАНС ДОРАД

ГАРМОИ ШАДИД ДАР ТОҶИКИСТОН ДАСТИКАМ ТО 11 ИЮН БОҚӢ МЕМОНАД

НАҶОТИ ДУ КӮДАК АЗ МАРГИ НОГУЗИР ДАР СИРДАРЁ

МАРГИ РОНАНДАИ СКУТЕР ВА ДУ НОБОЛИҒ ДАР СЕ САДАМАИ РӮЗИ 7

ДАР ШӮРОБ ЯК ЗАН ДӮСТПИСАРИ АЗ ХУДАШ ҶАВОНРО ДУ КОРД ЗАДААСТ

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Ҳукумати Русия масъалаи осон кардани тартиби овардани муҳоҷирони хориҷӣ ва ҳатман аз коронавирус ваксина гирифтани онҳоро баррасӣ мекунад. Дар ин бора дар мусоҳиба ба Тина Канделаки дар шабакаи телевизионии RTVi муовини сарвазири Русия Марат Ҳуснуллин хабар дод. “Мо дар ҳоли ҳозир масъалаи содда кардани тартиби овардани муҳоҷирон ва ваксиназании ҳатмии онҳоро баррасӣ дорем”, — гуфт Марат Ҳуснуллин. Муовини сарвазири Русия гуфт, камбуди нирӯи корӣ дар сохтмонҳо барои Русия “рискҳои хеле бузург” дорад. Ба ақидаи ӯ, ин ба маънои “забун кардани иқтисоди кишвар аст, яъне мо аз роҳи рушд берун хоҳем афтод.”

Ҳуснулллин  ба Тина Канделаки гуфт, дар шароити кунунӣ иқтисоди Русия ба сабаби сатҳи пасти тавлидотиаш наметавонад аз нирӯи кори муҳоҷирони хориҷӣ даст бикашад, зеро ба фарқ аз сокинони Русия, муҳоҷирон омодаанд, ки “дар ивази 50 ҳазор рубл ҳар рӯз то 12 соат кор кунанд”. “Мо дар як ё ду соли наздик наметавонем ба технологияҳое гузарем, ки битавонем бидуни нирӯи кори муҳоҷирон корҳои худро сомон бидиҳем”, – гуфт муовини сарвазири Русия.

Марат Ҳуснуллин

Ба ҳисоби Ҳуснуллин, дар давраи пандемия хароҷоти маоши коргарон то 50% боло рафт ва ин боиси дастикам 12,5% боло рафтани арзиши аслии моликияти ғайриманқул дар Русия шуд.

Вазири тандурустии Русия Михаил Мурашко низ дар ҳошияи форуми Петербург дар бораи нақшаи ваксиназании муҳоҷирон суҳбат кард. Мурашко нагуфт, ки ин маърака ҳатмӣ хоҳад буд ё ихтиёрӣ. Ба гуфтаи ӯ, нақшаи ваксиназании муҳоҷирон бояд то 3 ило 4 ҳафтаи дигар омода шуда, барои ин маърака, қарор аст, аз ваксинаи якдафъаинаи “Спутник Лайт” истифода шавад.

Русия дар баҳори соли 2020 марзҳои худро ба далели пандемияи коронавирус баст ва ин боис шуд, ки соли 2020 ва моҳҳои аввали соли 2021 садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ натавонистанд худро ба Русия бирасонанд. Ин боиси камбуди шадиди нирӯи корӣ, бахусус дар соҳаи сохтмони Русия шуд ва ширкатҳои бузурги сохтмонии Русия ҳатто ба ҳукумат муроҷиат карданд, то ба онҳо аз Осиёи Марказӣ овардани муҳоҷиронро иҷозат диҳад.

Президенти Русия Владимир Путин низ моҳи май дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътироф кард, ки Русия ба нирӯи кори муҳоҷирон сахт ниёз дорад.

ххххххххххххх

Ба зидди Саиднуриддин Шамсиддинов, як адвокат ва судиҷрочии собиқ аз вилояти Хатлон, ки дар поёни соли 2020 ба 8 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуда буд, парвандаи нав кушодаанд. Радиои Озодӣ хабар дод, ки Шамсиддиновро ин дафъа ба ҳамкорӣ бо “Гуруҳи 24”, як ҳаракати оппозитсионии феълан дар Тоҷикистон мамнӯъ айбдор мекунанд.

Парвандаи ӯро додситони ва раёсати КДАМ вилояти Хатлон таҳқиқ мекунанд, вале мақомот дар борааш шарҳи зиёд намедиҳанд.  Танҳо як муфаттиш аз додситонии вилояти Хатлон гуфтааст, парванда 16 апрел шурӯъ карда шуд ва тафтишаш шояд то миёнаҳои июн давом кунад. Ӯ гуфт,  Саиднуриддин Шамсиддиновро барои анҷоми корҳои тафтишотӣ бояд акнун ба боздоштгоҳи Бохтар биоранд. Шамсиддинов, ки бар асоси 7 банди Кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла барои харидуфурӯши замин ва қаллобӣ маҳкум ба зиндон шуд, дар Душанбе дар маҳбаси собиқ кормандони мақомоти қудратӣ, воқеъ дар наздикии раёсати БДА ҳукми худро адо мекунад.

Қамариддин Шамсиддинов, бародари Саиднуриддин Шамсиддинов, рӯзи 7 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти тафтишотӣ аз ӯ дар бораи ҳамкории бародараш бо “Гурӯҳи 24” пурсидаанд. “Муфаттиш маводро аз Ютюб ва шабакаҳои дигари иҷтимоӣ дар назди ман гузошт ва гуфт, Саиднуриддин моҳи январи имсол дар бораи парванда ва норозигияш аз ҷараёни тафтишот ба “Гурӯҳи 24” ва “Паём.нет” муроҷиат кардааст. Дар ҷавоб гуфтам, ки дар бораи тафтишот ва ҳукми додгоҳ танҳо Радиои Озодӣ навишта буд. Ба ҳарфҳоям бовар накарду гуфт, ҳоло ҳамаи маводро меомӯзад ва дубора даъват мекунад”, — нақл кард ӯ.

Файзи Олӣ, вакили мудофеи Саиднуриддин Шамсиддинов, мегӯяд, зерҳимояаш тавассути телефони маҳбас ба ӯ тамос гирифта, гуфтаст, ҳеч гоҳ ба “Гурӯҳи 24” муроҷиат накардааст. Вай афзуд, зерҳимояаш танҳо бо имзои “Саиди Садр” дар бораи беадолатӣ дар додгоҳҳои минтақа ба сомонаи президенти Тоҷикистон аризаву мақола менавишт. Саиднуриддин Шамсиддинов рӯзи 25 декабри соли гузашта дар сухани охирини худ гуфта буд, иттиҳомоти ба зиддаш эълоншуда, аз ҷумла харидуфурӯши замин, қаллобӣ ва паҳн кардани маълумоти ғалатро намепазирад. Ӯ қаблан шикоят карда буд, ки пас аз муроҷиат ба сомонаи президенти Тоҷикистон масъулони Додситонии ноҳияи Вахш ӯро “чап гирифтаанд” ва ба фурӯши ғайриқонунии замин муттаҳам медонанд. Ӯ мегуфт, “чунин коре накардааст”.

ххххххххххххххххх

Рӯзи 7 июн наҷотбахшони раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд аз марги ду кӯдаки 10 ва 14-сола  дар Сирдарё ҷилавгирӣ кардаанд.  Наҷотбахшон ин ду сокини ноҳияи Ҷаббор Расуловро дар ҳоле наҷот дода, аз об берун оварданд, ки онҳо ҳангоми оббозӣ дар як макони барои оббозӣ мамнӯъ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ғарқ шуданд.

Ба ин ду кӯдак ёрии аввалияи тиббӣ расондаанд. Онҳо аз рафтан ба бемористон даст кашидаанд.

Аз аввали соли 2021 дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон алакай беш аз 40 нафар ғарқ шудаанд, ки тақрибан нисфи ин қурбониёнро ноболиғони то синни 16 ташкил медиҳанд.

Ба ин далел, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда  бо мақсади санҷишу тафтиши риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ ба баргузории рейдҳои профилактикӣ дар маконҳои  оббозӣ дар саросари кишвар сар кардааст. Дар ҷараёни ин рейдҳо дар шаҳри Душанбе алакай сатҳи омодагӣ ба қабули истироҳаткунандагон дар кӯлҳои Душанбе, Варзоб, Чорбоғ ва Ҷавонӣ санҷида шуда,  дар шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ ва Турсунзода кормандони КҲФ ба истироҳаткунандагон қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозиро фаҳмондаанд ва ҳамчунин нишон додаанд, ки ба нафарони ғарқшуда чӣ гуна бояд кумаки аввалия расонанд. 

ххххххххххххххххх

Тамошобинони азиз. Ёдовар мешавем, хулосаи муҳимтарин ахбори Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” тамошо доред. Барномаро идома медиҳем.

Тими миллии Тоҷикистон дар бозии даври нӯҳуми марҳалаи дуюми мусобиқоти интихобӣ барои роҳхат ба Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 гуруҳи  F (Осиё) дар шаҳри Осакаи Япония аз тими мизбон бо ҳисоби бузурги 1:4 шикаст хӯрд. Ягона голи дастаи Тоҷикистонро Эҳсони Панҷшанбе дар дақиқаи 9 зад.

Дар бозии дигари гуруҳи  F Қирғизистон аз Муғулистон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.

Япония, ки дар ин гуруҳ дастаи аз ҳама бақувват ба ҳисоб меравад, бо 21 хол аз 7 бозӣ дар садри ҷадвал қарор дорад. Тоҷикистон бо 10 имтиёз дар ҷои дуюм аст ва дар охирин бозиаш  рӯзи 15 июн бо Мянма вориди рақобат мешавад. Ин бозӣ низ дар Осакаи Япония баргузор мешавад.

Бо вуҷуди шикасташ аз Япония, дастаи Тоҷикистон ҳанӯз шанси гирифтани роҳхатти дуюмро аз гуруҳи гуруҳи  F  аз даст надодааст. Вале чунин шансро ҳамаи 4 дастаи боқимонда дар ин гуруҳ (ба ҷуз аз Япония, ки алакай ҷои якум ва роҳхатти аввалро ба худ ихтисос додааст) доранд.

ххххххххххххххххх

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо истинод ба пешбинии ҳавошиносон хабар дод, ки бар асари вуруди ҳавои гарму хушк аз минтақаҳои ғарбӣ ҳавои гарм ва хушк  дар кишвар дастикам то 11  июн боқӣ мемонад. Дамои ҳаво дар водиҳо 37+42, дар ноҳияҳои ҷануб то +44 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ то +30+35 дараҷа гарм мешавад.    Обуҳавосанҷон ҳушдор медиҳанд, ки то 11 июни соли 2021 дар баъзе навоҳии кишвар шамоли пуршиддат, ки ба суръати 15-20 метр дар як сония мевазад ва эҳтимоли гарду ғубор вуҷуд дорад. Аз сабаби гармӣ эҳтимоли об шудани барфу ях дар кӯҳҳо вуҷуд дорад, ки ин метавонад сабабгори боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаҳои кӯҳӣ вуҷуд дорад. 

Аз ин рӯ, КҲФ аз шаҳрвандон даъват мекунад ба саломатии худ ҷиддан эътибор диҳанд, гаштугузор дар кӯчаҳоро зери шуои офтоб, бахусус дар нисфирӯзиҳо маҳдуд намоянд.

Хуб мешуд агар либоси сабуки дӯхташуда аз матоъи пахтагӣ ба бар дошта бошед. Об бештар нӯшед.

Вақте дар соҳили махзанҳои об истироҳат мекунед, талош намоед ҳама қоидаҳои бехатариро риоя кунед, дар ҷойҳои мамнӯъ оббозӣ накунед.

Бахусус ба кӯдакон эътибор диҳед, онҳоро ҳаргиз беназорат нагузоред, ҳушдор додааст Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда. 

ххххххххххххххххх

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 7 август дар се садама дар  ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод, дар назди фурудгоҳи Хоруғ ва дар кӯчаи Қаробоеви пойтахт се нафар, аз ҷумла ду ноболиғ ба ҳалокат расидаанд.

Рӯзи 7-уми июни соли 2021, тахминан соати 06:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Раҳимов Абдуғанӣ Раҳимович, соли таваллудаш 1993, сокини ҷамоати шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Зафаробод-Хуҷанд», дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дучарха (скутер) таҳти идораи, Эшмуродов Акбар Хоҷамурадович, соли таваллудаш 1963, сокини ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод, бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи дучарха ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, 7-уми июни соли 2021, тахминан соати 17:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус-570», Шабонов Муборакшо Ғарибшоевич, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Хоруғ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Хоруғ ба самти ноҳияи Шуғнон, дар назди фурудгоҳи шаҳри Хоруғ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ноболиғ Назармамадова Руқиямо Гулруховна, соли таваллудаш 2007, сокини шаҳри мазкурро, ки дар роҳи мошинагард бо дучарха ҳаракат мекард, пахш намудааст. Дар натиҷа, ноболиғ Назармамадова Р.Г. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мутаассифона, рӯзи 7-уми июни соли 2021, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Ландкрузер», Ризвонов Муқим Иҷронович, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Назаров Идрис Зубайдович, соли таваллудаш 2019, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, хурдсол Назаров И.З. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

ххххххххххххх

Ва ҳоло як мурури кӯтоҳ ба ахбори криминалии рӯз:

Як зани 39-солаи сокини Шӯроб дар Исфара аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир шуд. ВКД гуфт, ин зан, ки пеш бо моддаи 237, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои авбошӣ суд шудааст,  шаби 1 июн, тахминан соати 22:00, дар хонаи истиқоматиаш  дар ҷараёни муноқиша бо корди хоҷагӣ ба китф ва шиками ҳамзисташ, марди 28-солаи сокини шаҳраки Шӯроб ду зарбаи корд задааст. Дар натиҷа, мардро бо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар беморхона карда, ба зидди зан бар асоси қисими якуми моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда кушодаанд. Ба ӯ аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дар чанд рӯзи охир ин алакай дуюмин ҳодисаи латтукӯби шавҳарон аз сӯи занҳост. ВКД қаблан хабар дод, ки зани 28-солаи зодаи ноҳияи Восеъ, муввақатан сокини шаҳри Душанбе нимаи дуюми рӯзи 2 июн, тахминан соати 18:00, дар хонаи ба иҷора гирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Р.Амакии пойтахт дар ҷараёни муноқиша бо шавҳари 21-солааш шишаи оинаи хонаро шикаста, 2-маротиба ба бадани шавҳараш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдидаро бо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ карда, ҳамсарашро ба ҳабс гирифтаанд. Ба ин зан низ то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

ххххххххххххххххх
Марди 58-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаҳои 237 ва 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ҷурми авбошӣ ва қочоқи маводи мухаддир суд шудааст,  ин дафъа бо гумони одамкушӣ боздошт шуд. ВКД гуфт, ин марди солхӯрда шаби 5 июн, соати 23:30  дар хонаи истиқоматиаш бо марди 35-солаи сокини пойтахт нӯшокиҳои спиртӣ истеъмол намуда, дар ҳолати мастӣ бо ӯ ҷанҷол кардааст. Дар рафти муноқиша соҳибхона ба қафаси синаи ҳамқадаҳаш як зарбаи корд задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Ба марди солхӯрда ин навбат барои одамкушӣ бар асоси моддаи 104 Кодекси ҷиноятии ҶТ то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.
хххххххххххххххххххххх

Марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат  ба он айбдор мешавад, ки субҳи барвақти 6 июн, соати 06:00 дар ҳудуди деҳаашон аз сабаби хусумати шахсӣ бо ҳамдеҳаи 25-солааш ҷанҷол карда, бо корд 2 маротиба ба баданаш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, дуюмиро бо гумони қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ дастгир кардаанд. Ба ӯ  бар асоси моддаи 111 Кодекси ҷиноятии ҶТ то 2 соли зиндон таҳдид мекунад.

ххххххххххххххххх

Тамошобинони азизу гиромӣ. Ин буд муруре ба хулосаи чанд хабари муҳими рӯзи 14 майи Тоҷикистон. Хабару гузоришҳои бештар аз Тоҷикистон ва дар бораи Тоҷикистонро дар сомонаи пойгоҳи хабарии Бомдод дар ин нишонӣ пайгирӣ кунад: www.bomdod.com

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button