ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ЧАРХБОЛЕ, КИ ҚАМЧИБЕК ТОШИЕВРО ДАР РОҲ БА МАРЗИ ТОҶИКИСТОН ҲАМРОҲӢ МЕКАРД, ДАР ВИЛОЯТИ ӮШ СУҚУТ КАРДААСТ

Рӯзи 4 июн чархболе, ки раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиевро дар роҳ ба сӯи ноҳияи бо Тоҷикистон ҳаммарзи Чон-Олой ҳамроҳӣ мкекард, суқут кардааст. Тошиев дар пайи ташаннуҷи вазъ дар марзи ин ноҳия бо ноҳияи Лахши Тоҷикистон барои ҳалли ихтилофи нави пешомада ба инҷо сафар мекард.

Манобеи радиои «Азаттык», бахши қирғизии радиои Озодӣ  хабар додаанд, ки дар дохили ҳавопаймои суқуткарда 14 нафар қарор доштанд ва 4 нафари онҳо ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд. Бино ба иттилои муқаддамотӣ, чархбол дар ҳудуди деҳаи Кичӣ-Олойи ноҳии Аравон суқут карда, сипас даргирифтааст.

Вазорати мудофиаи Қирғизистон ин ҳодисаро ҳанӯз шарҳ надодааст.

Қамчибек Тошиев, ки рӯзи 4 июн ба мавзеи баҳсии Унжу-Булоқи ноҳияи Чон-Олой дар марз бо ноҳияи Лахши Тоҷикистон омад, ба журналистон дар инҷо хабар дод, ки онҳо раиси КДАМ Тоҷикистон Саймумин Ятимовро ба музокирот даъват кардаанд. Тошиев ва Ятимов ҳарду ҳайъатҳои давлатҳои худ дар музокироти масъалаи таъйин ва аломатгузории марзи давлатии байни Қирғизистону Тоҷикистонро раҳбарӣ мекунанд.

 «Барои ҳалли ин масъалаи баҳсӣ мо раиси КДАМ Тоҷикистон Ятимовро даъват кардем. Вақте ки ӯ омад, мо бо ҳам менишинем ва ин масъаларо бо роҳи сулҳомез ҳал мекунем. Мушкили марз танҳо дар Чон –Олой нест. Ин масъала дар саросари Қирғизистон доғ мебошад. Масоили марзӣ тайи солҳои тӯлонӣ ҳал карда нашуданд ва ҳоло ин ҳамаро мо бояд ҳал кунем.  Дар ин минтақа як қаламрави масоҳаташ 1100 гектар мушаххас карда нашудааст», – гуфт Тошиев ба журналистон.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон қаблан хабар дод, ки нирӯҳои Тоҷикистон соати сеи шаби 4 июн, дар як минтақаи аломатгузориношудаи марз дар мавзеи Унжу-Булоқ  тахминан 1000 метр дарунтари қаламрави Қирғизистон рафта, дар онҷо  тавассути кран як контейнер гузоштаанд. Дар изҳорот гуфта мешу, ки дар ин мавзеъ таҷаммӯи ҳарбиёни тоҷики савори мошинҳо ва зиреҳпӯшҳои сабук дида мешуд ва танҳо соати шаши субҳи 4 июн ҷониби Тоҷикистон аз назди контейнер ягон 600 метр қафо рафтаанд.

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳаддии КДАМ Тоҷикистон дар изҳороти ҷавобӣ иддаои мақомоти Қирғизистон дар бораи гӯё як километр ба даруни қаламрави Қирғизистон ҳаракат кардани марзбонони тоҷик дар марзи ноҳияи Лахш бо вилояти Ӯшро рад кард. Марзбонони тоҷик гуфтанд, ки ағбаи Шатти низ яке аз қисмҳои боқимондаи тақсимнашуда дар ин минтақа  ба шумор меравад ва азбаски дар қитъаи ағбаи Қарамиқ постгоҳи сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон бо инфрасохтори лозима таъсис дода шудааст”, ҷойгиршавии ахири воҳиди марзбонии Тоҷикистон  дар “хатти мувофиқашудаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон… принсипи паритетро дар ҳифзи сарҳади давлатии ду давлати ҳамсоя то ба итмом расидани раванди делимитатсия, демаркатсия ва бақайдгирии ҳуқуқии он таъмин менамояд.”

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 4 июн сафири Тоҷикистон дар Бишкек Назирмад Алиевро ба вазорати хориҷаи Қирғизистон даъват карда, ба ӯ дар робита ба “вуруди ҳадафмандонаи ҳарбиён ва техникаи ҳарбии Тоҷикистон ба даруни қаламрави Қирғизистон дар мавзеи Унжу-Булоқи ноҳияи Чон-Олойҷи вилояти Ӯш”  нотаи эътирозӣ супурдаанд. Бишкек аз ҷониби Тоҷикистон талаб кардааст, ки “ба хотири роҳ надодан ба ташааннуҷи бештари вазъ дар манотиқи марзи байни ду кишвар контейнерҳои гузоштаашро аз мавзеи  Унжу-Булоқ бардорад ва техникаву нирӯҳои ҳарбии эъзомшудаашро ақиб бикашад.”

Дар посух, вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба сафири Қирғизистон Жаниш Рестенбековро ба ҳузур хонда,  ба ӯнотаи эътирозӣ супурдааст. Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-плюс” далели супурдани нотаро ба воқеият мувофиқат накардани изҳороти мақомоти Қирғизистон доир ба нақзи тавофуқоти ҳосилшуда аз сӯйи Тоҷикистон номиданд.

“Посбонони марзии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ки пештар бар асоси протоколи муштараки ду кишвар мушаххас, хатгузорӣ ва мувофиқа шуда буд. Марзбонони тоҷик қаламрави моро ҳимоя мекунанд ва ҷобаҷо кардани посбонони марзӣ бар асосии усули баробарӣ (паритет) сурат гирифтааст”, -гуфтанд дар ВКХ.

Марзи ноҳияи Чон–Олой бо ноҳияи Лахш, ки аксари аҳолиашро қирғизҳо ташкил медиҳанд, як қисмати нисбатан оромтари марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба шумор мерафт. Ин қисмати марз ба фарқ аз марзи вилоятҳои Суғду Бодканд дар тӯли даҳсолаҳои охир шоҳиди муноқишаҳои марзӣ нашудааст ва охирин ҳодисаи фавқулодда дар ин қитъаи марз ба вилояти Ӯш шабехун задани ҷангиёни Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ба раҳбарии Ҷумъаи Намангонӣ дар соли 1999 буд.

Бо гузашти қариб 30 сол аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ, аз 970 км тӯли марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон то имрӯз ҳамагӣ 504 километраш пурра таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар минтақаҳои баҳсӣ ҳар сари чанд вақт бар асари тақсими об, замин, убури ғайриқонунии марз ва ихтилофоти қавмӣ муноқишаҳо рух медиҳанд. Хунинтарин муноқиша дар марзи ин ду кишвар дар поёни моҳи апрели соли 2021 рух дод, ки дар он аз ҷониби Қирғизистон 36 нафар кушта шуда, 154 нафар ҷароҳат бардоштанд. Тоҷикистон аз кушта шудани 19 шаҳрвандаш ва ҷароҳат бардоштани 87 нафар хабар дод.

Ҳарду ҷониб якдигарро дар сар задани муноқишаи ахир айбдор мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button