ҶУЗЪИЁТИ ҲАМЛА БА РОНАНДАИ ТОҶИК ДАР ВАРШАВА

Шаби 31 май, соати 23:30 дар кӯчаи Пулавскаи шаҳри Варшава, пойтахти Полша (Лаҳистон) як ронандаи тоҷики ширкати таксии “BOLT taxi”  ҳадафи тир қарор гирифтааст. Ӯ ҳоло дар бемористони воқеъ дар кӯчаи Шосерови шаҳри Варшава қарор дорад. Бовар меравад, ки ронандаро аз курсии қафо муштариаш паррондаааст. Пулиси Варшава мегӯяд, шахсияти ҳамлагар барояшон маълум аст, вале дар ҳоли ҳозир из ифшои номи ӯ худдорӣ мекунанд.

Аздо ТВ, як расонаи тоҷикиии мақараш дар Варшава хабар дод, ки  ронандаи тоҷики тирхӯрда 32 сол дошта, зодаи Кӯлоб аст. Наздикони ҷабрдида гуфтаанд, ки гузориши расонаҳои Лаҳистон дар бораи ин ки ронандаи тоҷикро як ҳамватанаш паррондааст, асос надорад. Ба гуфтаи онҳо, муштарие, ки ба сӯи ронандаи тоҷик тир холӣ кард, дар асл як лаҳистонӣ аст.

Дар Лаҳистон ва аз ҷумла дар Варшава дар чанд соли охир садҳо паноҳҷӯи сиёсӣ аз Тоҷикистон паноҳ ёфтаанд. Аксари онҳо тарафдорони мухолифин, аз ҷумла ҲНИТ ва “Гуруҳи 24”  ва ҳамчунин пайравони равияҳои мамнӯи мазҳабӣ, ба мисли Салафия мебошанд.

Вале дар солҳои охир даҳҳо шаҳрванди дигари Тоҷикистон барои кор низ ба  ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо меоянд.

Рӯзи 1 июн сомонаи “TVP.info” Лаҳистон хабар дод, ки як шаҳрванди Тоҷикистон ба ронандаи таксие дар шаҳри Варшава ҳамла кардааст, ки ӯ низ шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Дар пайи нашри ин хабар, дӯстон ва наздикони қурбонии ҳамла, ки шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистон мебошад, ба “Аздо тв” тамос гирифта гуфтанд, ин маълумотҳо беасосанд ва ҳамлагар як хонуми лаҳистонӣ мебошад.

Як манбаи дигар ба “Аздо тв” гуфт, ки гӯё фарди ҳамлагар ҳамроҳи як нафари дигар, ки эҳтимолан хонум бошад савори таксӣ шуда аз пушти сандалии ронанда тир холӣ мекунад. Ҳадаф ва ангезаи ин ҳамла то ҳанӯз маълум нест.

Дар натиҷаи шилик аз пушти сандалӣ ин шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистон аз камараш захмӣ шуда дар бемористони кӯчаи Шосерови шаҳри Варшава бистарӣ мегардад. Ҳувияти ин шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистон барои “Аздо тв” маълум аст ва ӯ сокини шаҳри Кулоб мебошад, аммо то поёни таҳқиқоти пулис аз нашри номаш худдорӣ хоҳем кард.

Барои таҳқиқи ин қазия “Аздо тв” ба пулиси минтақаи 2-и Варшава тамос гирифт ва ҷузъиёти ин ҳамларо аз худи пулис ҷуё шуд.

Рӯзи 2 июн Ивона Кийовска, сухангӯи Пулиси минтақаи 2-и Варшава дар тамоси телефонӣ ба “Аздо тв” гуфт, ки ӯ маълумотҳои нашршуда дар расонаҳои лаҳистониро тайид намекунад ва ҳувияти фарди ҳамлагар барои онҳо маълум аст, аммо то поёони таҳқиқот пулис ҳувияти ҳамлагарро фош нахоҳад кард.

Ивона Кийовска, сухангӯи Пулиси минтақаи 2-и Варшава

Ба суоли “Аздо тв”, ки чаро пулис ва расонаҳои лаҳистонӣ хабари беасосро нашр кардаанд, ӯ дар посух гуфт: “Маълумоти нашршуда аз забони шоҳидони ҳодиса, ки дар маҳалли ҳодиса ҳузур доштанд, нақл шудааст ва яке аз шоҳидон низ шаҳрванди Тоҷикистон мебошад”.

Хонум Кийовска дар идома афзуд:  “То субҳи имрӯз пизишкони муъолиҷи фарди маҷруҳ ба пулис иҷозаи бозпурсии ӯро надода буданд. Вазъи саломатияш беҳтар арзёбӣ мешавад ва пулис имрӯз бо ӯ суҳбат хоҳад кард ва баъди суҳбати пулис бо ин шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистон маълумоти бештар дастрас хоҳад шуд. Саломатияш хуб аст ва ҳеҷ хатаре ӯро таҳдид намекунад”.

Ба суоли дигари “Аздо тв”, ки наздикони ронандаи маҷруҳ аз он нигаронанд, ки ӯ дастрасӣ ба телефон надорад ва наметавонанд бо ӯ мустақим дар тамос бошанд, чунин гуфт:  “Телефони ӯ ҳамчун далели шайъӣ барои таҳқиқот дар ихтиёри пулис аст, чун ин телефони кории ронандаи токсӣ буд ва то поёни таҳқиқот дар дасти пулис хоҳад монд, зеро фарди ҳамлагар ба ин телефон таксӣ супориш дода буд”.

Дар мавриди иҷозати мулоқот бо ин шаҳрванди Тоҷикистон сухангӯи пулиси Варшава гуфт, бояд инро аз пизишки муъолиҷаш ва масъулони бемористон бипурсед.

Аммо дар хусуси ин ки оё то ин лаҳза маълумоти бештаре дар бораи фарди ҳамлагар дастрас шудааст, мегӯяд: “Бале, маълумотҳо дорем, вале наметавонем расонаӣ кунем, баъд аз шунидани қурбонии ҳодиса ва муқоисаи маълумотҳо метавон банатиҷаи ниҳоӣ расид”.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 1-уми июн “TVP.info”-и Лаҳистон хабар дод, ки як марде савори таксие шуда ва аз пушти сандалӣ ба ронандаи таксӣ тир холӣ кардааст. Ин мошини таксӣ дар кӯчаи Пулавскаи шаҳри Варшава дар ҳоли таваққуф будаст.

Қурбонии ин ҳамла ба бемористон мунтақил шуда ва ҷустӯ барои пайдо кардани ҳамлагар идома дорад. Ивона Кийовска, сухангӯи пулиси мантақаи 2-и Варшава ин ҳодисаро чунин шарҳ дода буд:

“Ин ҳодиса шаби душанбе соати 23:30 дар кӯчаи Пулавскаи шаҳри Варшава рух дод, мусофир баъди савори “BOLT taxi” шуданаш туфангчаро ба сӯи сандалии ронанда нишон гирифта тир холӣ мекунад”.

Дар идомаи гузориш “TVP.info”-и Лаҳистон омадааст, ки ронандаи маҷруҳгашта шаҳрванди Тоҷикистон мебошад ва фарди ҳамлагар низ шаҳрванди Тоҷикистон буда, пулис ҷузъиёти ҳувияти ин фардро медонад ва дар пайи ҷастуҷӯи ӯ аст.

Манбаъ: https://azda.tv/chuziioti-khamla-ba-ronandai-tochik-dar-varshava/

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button