ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ПАРВОЗИ ҲАВОПАЙМОҲОИ БЕСАРНИШИНИ ҚИРҒИЗИСТОН ДАР МАРЗИ ЧОРКӮҲ (ВИДЕО)

Исматулло Тағоев, блогери муқими Чоркӯҳ бо нашри як видео хабар дод, ки шаби 31 май ба 1 июн, тахминан соати 21 дар фазои ҷамоати Чоркӯҳ якчанд дрон (ҳавопаймои бесарнишин)-и Қирғизистон  парвоз доштанд. Исматулло Тағоев менaвисад, ки дронҳо иншoоти муҳими амниятиву иҷтимоӣ, аз ҷумла гирду атрофи қисмҳои ҳарбӣ, бинои шуъбаи милиса, Кумитаи амният, идораи ҷамоат ва мактабҳоро ба навор мегирифтанд ва ба сӯи яке аз онҳо, ки дар фосилаи наздик парвоз мекард, тир кушодаанд.

Ин блогери тоҷик инак ду рӯз паиҳам дар бораи парвози дронҳои Қирғизистон дар хатти марзи Исфара бо ноҳияи Бодканд хабар медиҳад. Ӯ рӯзи 31 май хабар дод, ки марзбонҳои тоҷик шаби 30 ба 31 май дар фазои деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ дар марзи Исфара бо ноҳияи Бодканд як дрони Қирғизистонро бо тири силоҳ зада, аз байн бурдаанд. Исматулло Тағоев навишт, ки ин ҳавопаймои бесарнишин ба наворгирии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул буд.

Мақомоти расмӣ ин хабарҳо дар бораи парвози дронҳо дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистонро тасдиқ ё рад накардаанд.

Ин хабарҳо дар ҳолест, ки ҳамагӣ як моҳ пеш, дар рӯзҳои поёнии моҳи апрел дар марзи се ҷамоати Чоркӯҳ, Ворух ва Сурхи Исфара бо ноҳияи Бодканд ва дар марзи ҷамоати Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Б.Ғафуров бо ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон задухӯрдҳои мусаллаҳонае сурат гирифт, ки дар ҷараёни он аз ҷониби Қирғизистон 36 нафар кушта ва 154 нафар захмӣ гардида, аз ҷониби Тоҷикистон 19 нафар кушта ва 87 нафар маҷруҳ шуданд. Ин задухӯрдҳо пурқурбонитарин муноқиша нафақат дар таърихи муноқишаҳои марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон, балки дар таърихи низоъҳои марзии чанд даҳсолаи охир дар тамоми Осиёи Марказӣ шумурда мешавад.

Ҳоло вазъ дар марз нисбатан ором шудааст, вале ҳафтаи гузашта дар бораи боздошти дастикам 5 шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марзи Қирғизистон гузориш шуд. Аз ҷумла се сокини Хоҷаи Аълоро замоне дастгир карданд, ки онҳо дар минтақаҳои баҳсии марз чорвои гумшудаи худро ҷустуҷӯ мекарданд. Ҳамаи ин 5 нафарро дар натиҷаи музокирот бо мақомоти қирғиз озод карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button