ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонТоҷикистон

ТАЛАФОТИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БО ҚИРҒИЗИСТОН БА 20 НАФАР РАСИД

Радиои Озодӣ рӯзи 5 май номи боз ду қурбонии дигар аз тарафи Тоҷикистон дар муноқишаи ахир дар марз бо Қирғизистонро нашр кард. Ҳакимбой Ниёзови 39-сола ва Нусратулло Набиеви 20-сола ҳарду сокинони ҷамоати Чоркӯҳи Исфара, яке аз нуқоти доғи ҷанҷолҳои марзии рӯзҳои 28 ва 29 апрели соли ҷорӣ будаанд.

Шукурхон Самиев, раиси ҷамоати Чоркӯҳ марги ин ду сокини ин ҷамоатро тасдиқ карда, гуфтааст, яке аз онҳо  – Нусратулло Набиев – сарбоз буд.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун расман ҳаҷми талафоти ҷонии тарафи худ дар ҷараёни муноқишаи марзӣ бо Қирғизистонро ошкор накардаанд.

Рӯзи 4 май як манбаи «Азия Плюс» дар маъмурияти вилояти Суғд хабар дода буд, ки дар муноқишаҳои поёни моҳи апрел дар марз аз ҷониби Тоҷикистон 19 нафар кушта ва 88 нафар захмӣ шуданд. Ба гуфтаи ӯ, 15 нафар дар Исфара ва 4 нафар дар ноҳияи Б.Ғафуров ҷон бохта, аз ин 19 нафари кушташуда 10 нафараш шаҳрвандони мулкӣ ва 9 тани боқимонда марзбонон ва кормандони дигар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон мебошанд. Ба иттилои ин манбаъ, ҳамин тавр, 64 нафар дар Исфара ва 24 кас дар Б.Ғафуров ҷароҳат бардоштаанд.

Аммо нашри исми боз ду қурбонии муноқишаҳои ахир аз ҷониби Радиои Озодӣ иттилои ин манбаъ дар мавриди шумори кушташудаҳо аз ҷониби Тоҷикистонро зери суол мебарад, чунки дар ҳоле ки манбаи “Азия Плюс” шумори кушташудаҳоро 19 нафар мегуфт, дар матбуот то имрӯз алакай исми 20 кушташудашуда аз ҷониби Тоҷикистон нашр шудааст.

Ва аммо дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон  шумораи қурбониёни муноқишаи ахири марзиро  расман ошкор намекунанд, вазорати тандурустии Қирғизистон ҳар рӯз омори расмиро нав мекунад. Бино ба охирин маълумоти мақомоти қирғиз, аз он тараф дар муноқишаи ахир дар марз бо Тоҷикистон 34 нафар ба ҳалокат расида, 149 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. ВКД Қирғизистон ахиран гуфт, ҷасади беш аз 25 нафари дар натиҷаи тирандозӣ аз миномёт кушташударо дар назди сарбанди обтақсимкунии “Головной” дар марзи деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Кӯктош пайдо кардаанд.

Рӯйхатти 20 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар муноқишаи ахир дар марз бо Қирғизистон кушта шуданд:

Низомиён:

НУСРАТУЛЛО НАБИЕВ, 20-сола, ҷамоати Чоркӯҳ, сарбоз;​

АСЛИДДИН АБДУЗАМОНОВ, 20-сола, сарбози нирӯҳои марзбонӣ аз ҷамоати Хумдони ноҳияи Нуробод;

АБДУЛЛОҲ САИДОВ, 26-сола, афсари нирӯҳои марзбонӣ аз ҷамоати Изаттулло Ҳалимови ноҳияи Нуробод.

МЕҲРӮЗИДДИНИ МУҲРИДДИН (БОЛТАЕВ), 26-сола, пизишки Қӯшунҳои сарҳадӣ дар Исфара;

МУҲАММАДУЛЛОҲ РАҶАБАЛИЗОДА, афсари 26-солаи дастаи таъиноти махсус (ОМОН)-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон;

ҶАСУРҶОН СУЯРҚУЛОВ, марзбони 28-сола аз деҳаи Қалъачаи Азими ноҳияи Деваштич;

ҲАСАН АКБАРОВ, марзбони 31-сола аз деҳаи Аловуддини ноҳияи Фархор;

САЛОҲИДДИН ГАДОЕВ, 28-сола, фармондеҳи яке аз дидбонгоҳи ноҳияи Мастчоҳ;

ШЕРАЛӢ РАҲМАТЗОДА, сарбози қисми марзбонии Исфара;

САФАР НАБИЕВ, сарбози қисми марзбонии Исфара;

НЕКРӮЗ ҒАФУРОВ, сарбоз, сокини деҳаи Даҳбеди ҷамоати Қаратоғи шаҳри Турсунзода.

Ғайринизомиён:

ҲАКИМБОЙ НИЁЗОВ, 39-сола, ҷамоати Чоркӯҳ​

БАХТОВАР МАҲМУДОВ, сокини деҳаи Наймани ҷамоати Сурхи шаҳри Исфара;

УМЕДҶОН ЮСУФОВ, сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;

ҲИКМАТУЛЛО МАҲКАМОВ, сокини ҷамоати Чоркӯҳ, 26-сола;

ИБРОҲИМХОН ҲОШИМЗОДА, сокини маҳаллаи Навободи ҷамоати Чоркӯҳ, 26-сола;

СОБИР ВАҲҲОБОВ, 51-сола, ҷамоати Чоркӯҳ;

МАНУЧЕҲР ҚАЛАНДАРОВ, 40-сола, ҷамоати Чоркӯҳ;

ДАЛЕР ЭШОНОВ, 33-сола, ҷамоати Чоркӯҳ;

ҲУСЕЙНХОН ШАРОПОВ, ҷамоати Чоркӯҳ.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button