ВидеоТоҷикистонЧеҳраҳо

ЗОДРӮЗИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА: ГЕНЕРАЛ ВА ШОИРИ ДАСТПАРВАРИ ДОНИШКАДАИ КИШОВАРЗӢ

Генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ки аз соли 2012 дар мақоми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон кор мекунад, рӯзи 25 апрел ба синни 61 расид. Тарафдоронаш ӯро яке аз вазирони пуркор дар ҳукумати кунунӣ мешуморанд ва аз ҳунарҳои дигараш, чун сагбозӣ, шоҳмотбозӣ ва навиштани шеър низ тавсиф мекунанд. Аммо мунтақидон генерал Раҳимзодаро яке аз муаллифони сиёсати саркӯбгаронаи солҳои ахир дар Тоҷикистон меноманд ва барои амалҳое, чун табдили милитсияи тоҷик ба “пулиси сиёсӣ” ва таъсиси созмони зиддунақизи “Авангард”- яке аз бахшҳои “фермаи ҷавоб” танқид мекунанд.

Рамазон Раҳимзода 25 апрели соли 1960 дар Ховалинг ба дунё омада, соли 1982 риштаи муҳандисии Донишкадаи кишоварзиии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ ҳмчунин соли 1995  дар Душанбе Мактаби олии милитсия ва соли 2002 дар Маскав Академияи ВКД Русияро хатм кардааст.

Рамазон Раҳимзода собиқаи кориашро аз кор дар шуъбаи ОБХСС дар ноҳияи Муъминобод оғоз карда, баъдан дар ОБХСС ноҳияи Данғара ва дар мақоми муовини Султон Қувват дар ОБХСС вилояти Кӯлоб кор карда, солҳои 1992-1994 сардори ШКД ноҳияи Данғара ва солҳои 1994-2001 сардори ШКД ноҳияи Ховалингу шаҳри Норак ва баъдан муовини сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии ВКД буд.

Раҳимзода дар ибтидои солҳои 2000 барои чанд сол барои кор ва таҳсил ба Маскав рафт ва соли 2005 ба Душанбе баргашта, ибтидо муовини вазири корҳои дохилӣ ва соли 2007 сардори Хадамоти муҳоҷирати ВКД таъйин шуд.  Ӯ соли 2008 мудири Шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президент таъйин шуда, соли 2009 ба ВКД, ба мақоми муовини аввали вазир баргашт ва 5 январи соли 2012 вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъин шуд.
Рамазон Раҳимзода муаллифи чандин китоб дар риштаи фаъолияти фавриву ҷустуҷӯӣ буда, бо орденҳои “Спитамен” ва “Зарринтоҷ” сарфароз гардонда шудааст.

Генерал Раҳимзода сагбози машҳур аст ва дар сагхонааш дар Лучоб, ба гуфтаи афроди огоҳ, шумори зиёди сагҳои ҷангиро парвариш мекунад. Раҳимзода ҳамчунин ба бозии шоҳмот таваҷҷуҳи вижа дошта, машқи шеър ҳам мекунад. Шеъру достонҳои ӯ бо тахаллуси Ниҳонӣ дар матбуот доим чоп мешаванд. Раҳимзода аз ҷумла  дар ситоиши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ чандин шеър навиштааст, ки яке аз онҳо бо номи “Ту меарзӣ”-ро Сурайё Қосим ҳамроҳи фарзандонаш Шабнаму Фарзона ва домоди собиқаш Фаридуни Хуршед ба риштаи оҳанг даровардаанд.

Тарҷумаи ҳоли расмии Рамазон Раҳимзода аз сомонаи расмии ВКД ҶТ:

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раҳимзода Рамазон Ҳамро

Раҳимзода Рамазон Ҳамро – генерал-полковники милитсия. 25-уми апрели соли 1960 ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1982 факултаи муҳандисии Донишгоҳи кишоварзӣ, соли 1995 Мактаби олии милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2002 Академияи ВКД Федератсияи Россияро хатм кардааст. Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ мебошад.

Фаъолияти хизматиашро дар мақомоти корҳои дохилӣ аз нозири Шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии ШКД ноҳияи Муъминобод оғоз намуда, баъдан дар вазифаҳои сардори Шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии (ШМЗҶИ)-и ШКД ноҳияи Данғара, муовини сардори ШМЗҶИ вилояти Кӯлоб фаъолият кардааст. Солҳои 1992-1994 ба ҳайси сардори ШКД ноҳияи Данғара кор кардааст. Солҳои 1994-2001 вазифаи сардори ШКД ноҳияҳои Ховалинг, Норак ва баъдан вазифаи ҷонишини сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии Вазорати корҳои дохилиро ба ӯҳда дошт.

Соли 2001 ба вазифаи намояндаи ваколатдори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ (БКБОП) ва баъдан ба ҳайси муовини аввали Бюрои мазкур фаъолият намудааст.

Соли 2005 муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2007 ба вазифаи сардори Хадамоти муҳоҷирати ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, фаъолият намудааст.

Моҳи апрели соли 2008 Раҳимзода Рамазон Ҳамро мудири Шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегардад.

Баъди як соли фаъолият дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2009 ба вазифаи муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъин карда мешавад.

Барои хизматҳои арзандааш дар назди халқу Ватан Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо унвон ва мукофотҳои давлатии зерин сарфароз гардидааст:

– Ифтихорномаи фахрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2001;

– номзади устоди варзиш оид ба шоҳмот, соли 2001;

– ордени «Спитамен», дараҷаи 1, соли 2004;

– ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998;

– корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2010;

– «аълочии ифтихории маорифи Тоҷикистон», соли 2013; 

– ордени «Зарринтоҷ», дараҷаи 2, соли 2013;

– аъзо-корреспонденти Академияи илмҳои умумиҷаҳонии амнияти дастаҷамъӣ. (член – корреспондент  Всемирная Академия Наук Комплексной Безопасности), соли 2012.

Ташаббускори ҷорӣ намудани фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун соҳаи алоҳидаи илми ҳуқуқ ва муаллифи китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», барномаи дарсии он ва тестҳо аз ин фан мебошад.

Муаллифи беш аз 100 асари илмӣ, китоби дарсӣ, рисолаҳо, монография, дастури таълимӣ, тафсир ба қонунҳо, мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм ва ҷиноятҳои иқтисодӣ мебошад.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2012, Раҳимзода Рамазон Ҳамро Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъин карда мешавад.

Санаи 20 ноябри соли 2013 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз нав ба вазифаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №32 аз 3-юми ноябри соли 2020 Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз нав Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то инҷониб адои вазифа намуда истодааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button