ВидеоИқтисодНуқтаи назар

НАРХИ ПИЁЗУ САБЗӢ: САБАБИ БОЛОРАВИИ НАРХИ БОЗОР КИСТ? САВДОГАРОН? Ё..?

Мутаассифона, моҳи шарифи Рамазон имсол низ ба Тоҷикистон ҳамроҳ бо мавҷи нави афзоиши нархҳо ворид шуд. Нархи як кило гӯшт, бино ба хабарҳо, ба 65 сомонӣ ва як қуттӣ (30 дона) тухм ба 35 сомонӣ расидааст. Ҳамин тавр, нархи килои бодиринг то 15 сомонӣ ва помидор то 20 сомонӣ боло рафтааст.

Бархе аз сокинон савдогарони бозорҳоро сабабгори асосии боло бурдани нархҳо мешуморанд ва бар инанд, ки савдогарон ба хотири ба даст овардани даромади бештар ба таври сунъӣ худашон нархҳоро боло мебаранд ва фикри савоби ин моҳи шариф ва ҷайби бе ин ҳам тиҳии мардуми бечораро намекунанд.

Аммо Абдухалил Холиқзода, соҳибкори шинохтаи тоҷик ва мудири бемористони “Ибни Сино” дар як матлаб дар саҳифааш дар Фейсбук навиштааст, боло рафтани нархи бозорҳо чандон ба майлу хоҳиши савдогарон вобаста нест, балки ҷанбаву омилҳои иқтисодӣ дорад ва аз афзоиши талабот дар бозор об мехӯрад.

Савдогарро касе наметавонад ва набояд маҷбур кунад, ки арзон фурӯшад, дар иқтисоди бозорӣ чунин қоида нест. Дахолати ноҷо фақат ба камёб, бесифат ва боз ҳам гарон шудани нарх боис мешаваду бас. Нопадид шудани гӯшти барра дар бозорҳои Душанбе таъйиди ҳамин назар аст. Дар натиҷаи фишор бар қассобон барои “гарон” нафурӯхтани гӯшти барра, онҳо аз фурӯши он даст кашиданд, зеро барояшон суде намеорад… –навиштааст Холиқзода.

Ба ақидаи соҳибкори тоҷик,  танҳо ду роҳи гирифтани пеши роҳи болоравии нархҳо вуҷуд дорад:

Роҳи аввал ба бозор ворид кардани ин мавод аз сӯи ниҳодҳои давлатӣ бо нархи арзон мебошад. Ин роҳ истисноист ва дар мавориди хос, аз қабили замони ҷанг, пандемӣ ва ғайра аз он истифода бурдан мумкин аст. Пеш аз ҳама ин роҳ ба буҷа бори изофа меорад, дуввум, як омили фасод аст ва сеюм, ба варшикаста шудани фурӯшандагони маҳсулоти ғизоӣ оварда метавонад. Хулоса ин роҳ зидди иқтисоди бозорӣ ва дар ҳоли ҳозир номатлуб аст.

Роҳи дуввум ва аслӣ бо сохтани фазои озод ва мусоиди соҳибкорӣ, фаровон гаштани маҳсулоти мазкур ва ба вуҷуд омадани рақобати солим муҳайё мешавад, ки дар натиҷа ба боло рафтани сифат ва поён омадани нарх мусоидат хоҳад кард. Ҳамчунин фаъол гаштани соҳибкорӣ дар кишвар ҷойҳои корӣ месозад ва тавони харидории мардумро боло мебарад.

Вале ҳайҳот!

Мисли ин ки ҳатто пандемии вируси куруно ба мо панде надод. Ба ҷои фароҳам кардани фазои сармоягузорӣ ва сохтани ҷойҳои корӣ дар кишвар, ҳама чашмбароҳи кушодашавии парвоз ба Русия ҳастем…”

Аксари корбарон таҳилил Абдухалил Холиқзодаро ҷонибдорӣ карда, навиштаанд, ки ӯ вазъи нархҳоро ба гунаи айнӣ ва холисона ба риштаи таҳлил кашидааст.

Зимнан, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар паёми шодбошиаш ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон тоҷиронро аз оқибатҳои боло бурдани нархҳо дар ин моҳи шариф ҳушдор дод:

 Мувофиқи фармудаи дини ислом луқмаи ҳалол сабаби нозил гаштани баракати Худованд ба рӯзгор ва хонадон мегардад.

Бахусус, сарватмандону тоҷирон агар дар роҳи савоб кӯшиш намуда, дари хайру саховатро боз кунанд ва молу маҳсулоти худро бо нархи арзонтар ва бо риояи меъёрҳои инсофу инсондӯстӣ ба фурӯш гузоранд, ба ивази ин амали нек сазовори аҷри азим аз тарафи Худованд хоҳанд шуд.

Дар акси ҳол, ба хотири фоидаи бештар гирифтан арзиши молро баланд бардоштан, махсусан, дар моҳи шарифи Рамазон гуноҳест, ки дар дини мубини ислом маҳкум карда мешавад.

Дар ин маврид Паёмбари ислом фармудааст: «Агар касе дар нархгузории ризқу рӯзии мусулмонон дахолате намояд, ки сабаби боло рафтани қимати онҳо шавад, Худованд ҳатман фардо рӯзи қиёмат ӯро дар оташи ҷаҳаннам қарор хоҳад дод».”

Абдухалил Холиқзода

Нархи пиёзу сабзӣ

Доду вой дар атрофи боло рафтани нарх дар арафаи Рамазон ҳам дигар як анъанае шудааст. Қаламбадастоне ҳам дорем, ки аз қабл ба табл задан оғоз мекунанд, чун ин хабар-падида серхаридор аст, зеро ба манфиати ағлаби мардуми кишвар марбут мебошад…

Вале дар ин хусус, ки чаро нархҳо дар бозор баланданд ва баландтар мешаванд ва роҳҳалли дастрас кардани онҳо чист, камтар матолиб ба мушоҳида мерасад.

Табиист, ки нархро дар бозор ниёз таъин мекунад. Яъне ҳаҷми маҳсулоте, ки ба бозор ворид мешавад, ба мизоне аст, ки бо ҳамин нархҳои баланд харидор дорад. Ин падида бозгӯи шикоф дар байни қишрҳои ҷомеа аст, ки падидаи матлубе нест ва таҳлилу пажӯҳиши онро ба ҷомеашиносон вомегузорем…

Савдогарро касе наметавонад ва набояд маҷбур кунад, ки арзон фурӯшад, дар иқтисоди бозорӣ чунин қоида нест. Дахолати ноҷо фақат ба камёб, бесифат ва боз ҳам гарон шудани нарх боис мешаваду бас. Нопадид шудани гӯшти барра дар бозорҳои Душанбе таъйиди ҳамин назар аст. Дар натиҷаи фишор бар қассобон барои “гарон” нафурӯхтани гӯшти барра, онҳо аз фурӯши он даст кашиданд, зеро барояшон суде намеорад…

Дастрас кардани нархи маводи ғизоии аввалия ду роҳ дорад. Роҳи аввал ба бозор ворид кардани ин мавод аз сӯи ниҳодҳои давлатӣ бо нархи арзон мебошад. Ин роҳ истисноист ва дар мавориди хос, аз қабили замони ҷанг, пандемӣ ва ғайра аз он истифода бурдан мумкин аст. Пеш аз ҳама ин роҳ ба буҷа бори изофа меорад, дуввум, як омили фасод аст ва сеюм, ба варшикаста шудани фурӯшандагони маҳсулоти ғизоӣ оварда метавонад. Хулоса ин роҳ зидди иқтисоди бозорӣ ва дар ҳоли ҳозир номатлуб аст.

Роҳи дуввум ва аслӣ бо сохтани фазои озод ва мусоиди соҳибкорӣ, фаровон гаштани маҳсулоти мазкур ва ба вуҷуд омадани рақобати солим муҳайё мешавад, ки дар натиҷа ба боло рафтани сифат ва поён омадани нарх мусоидат хоҳад кард. Ҳамчунин фаъол гаштани соҳибкорӣ дар кишвар ҷойҳои корӣ месозад ва тавони харидории мардумро боло мебарад.

Вале ҳайҳот!

Мисли ин ки ҳатто пандемии вируси куруно ба мо панде надод. Ба ҷои фароҳам кардани фазои сармоягузорӣ ва сохтани ҷойҳои корӣ дар кишвар, ҳама чашмбароҳи кушодашавии парвоз ба Русия ҳастем…

Аз майдони баҳси зери ин матлаб:

Дар Панчакент низ нархи гушти барра боло рафтааст ва гуё гушт дар Душанбе киммат будаасту хамин гушти барраи Панчакентро ба Душанбе кашонда истодаанд.

Mufazal Kulov

Бале, тахлили дуруст аст. Бояд ба сохибкор имкониятхои васеъ фарохам овард.

Саодат Шодиёрова

Дар баробари баланд рафтани $ – сузишвори киммат шуд. Сабзи пиёз . Картошка ба мо аз авгону-покистон ворид мешавад. Сарчашмаи «киммати» -боло рафтани доллар!!! Аст..

Абдукодир Рустам

Ҳадди ақалл даҳ соли охир вазъ ҳамин аст, ки ҳаст; дар остонаи Рамазон қимати маҳсулоти ғизоӣ боло меравад. Сабаби ин амр низ ин аст, ки дар ин моҳ ниёз ба хорбор меафзояд, хонаводаҳое, ки дар моҳҳои дигар бо андаке қаноат мекарданд, талош мекунанд, дар моҳи шариф дасторхонашон пурбаракат бошад; ва чун ниёз афзоиш меёбад, бар тибқи қонуни бозор қимат низ боло меравад….. Имсол, ба сабаби он ки дастикам 500 ҳазор муҳоҷири тоҷик ба маҳалли корашон дар Русия баргашта натавонистанд, ниёз ба маҳсулоти ғизоӣ ба таври бесобиқа афзоиш ёфт ва қиматҳо низ…….

Абдумачид Эсоев

Хама чиз киммату лекин хамин ,,пиёзи падаркусур,, арзони бад ,40дирамми фурухтемку!

Fakhriddin Kholbek

Акои бузургвор, таҳлили Шумо агар дар як кишвари аврупоӣ ё осиёии дигар мебуд, гап дигар буд. Дар Тоҷикистон бозорҳо дар дастони афроди собит аст. Тамоми фурӯшандагони бозору бозорчаҳои кишвар солҳост, ки дар онҳо шишта, ин бозорро хуб медонанду мешиносанд ва кай нархро баровардану кай фароварданашро ҳам ва аз ин бозиҳо чӣ қадар суд ба даст оварданро ҳам хуб балад ҳастанд. Нозири давлатӣ ҳам бо онҳо аз як шикофӣ мебинад. Яклӯхтфурӯшҳо ҳам бо онҳо созиш мекунанд ва таҳти дойраҳои онҳо мерақсанд. Ман намедонам ин чӣ падида аст.

Дар акси ҳол, ин гуна фикр кардан, ки маҳсулот омада – омада дар арафаи Рамазон ё иди Рамазону Қурбону Наврӯзу ҳар иди дигар кам ё зиёд мешаваду фаровониро ба кадом як сиёсатҳо сахт вобаста кардан мантиқ надорад. Мо ҳамон қадар захира дорем, ки дорем. Ҳар кас имкон дорад, дар кишоварзиву саноату дигар соҳаҳо фаъолият дорад. Тоҷир набударо, тавлидгари дохилӣ чизеро, ки тавлид мекунад, вориди бозор мекунад.

Ман бар инам, ки дар ин вазъ авомили хеле ҷиддӣ – “ГӮСФАНДИЯТ” ва “ЛОХОТРОН” нақши бориз доранд. Бидуни шарҳ инаш.

Ойнихол Бобоназарова

 Дар тамоми чахон дар рушди иктисодиет як конун амал мекунад ракобати озоди сохибкори ва иктисодиети либерали.Аз оне,ки онхо чи тавр амал мекунанд ба сиесати давлат вобаста аст.Бубинед,ки Япония магар захирахои табии дорад.Хонум Марга… 

Масъуда Акилова

 💯 . Ин одамонанд, ки дар мавриди шароити мутобик аз чониби масьулин фарохам овардан дар пешрафти иктисод сахми арзанда хоханд гузошт.

Ойнихол Бобоназарова

 Аз Сарвазири Япония Шинзо АБЕ пурсиданд,ки манбаи рушди Чопонро дар чи мебинед,чавобаш чунин буд.

1.Дониш.2.Ахлок.3.Амал.

Ойнихол Бобоназарова

Дар хакикат рохи ягона,ракобати озод,дастгири ва имтиезхо ба сохибкорони миена ва хурд.Дар мо баракс давлат дар хама соха имтиезхоро ба монополистхо медихад,ки ин окибати ногувор дорад.

Maksud Kurbonov

Бехтарин тахлили иктисоди. Танхо фаровонии мол ба пастравии нарх дар бозор сабаб мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button