ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР МАСКАВ БАРОИ ҲАМЛА БА ҲАМҶИНСГАРОЁН

Додгоҳи ноҳияи Шербинкаи шаҳри Маскав шаҳрванди Тоҷикистон Шуҳрат Салимовро бо ҷурми ҳамлаву латтукӯби ҳамҷинсгароён ба 4 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард.

“Стимул”, як созмони ҳомии ҳуқуқи ҳамҷинсгароёни Маскав гуфт, Шуҳрат Салимов бо шариконаш  бо як ҳамҷинсгарои зодаи Осиёи Миёна бо номи шартии Алӣ дар як гуруҳи ақалиятҳои ҷинсӣ дар “Одноклассники” шинос шуда, баъди чанде ӯро ба мулоқот ба як бӯстонсаро дар Новая Москва даъват кардаанд.Вале дар роҳ ба бӯстонсаро онҳо Алиро шадидан латтукӯб карда, маҷбур кардаанд, ки дар видеокамера аз ҳамҷинсгароӣ тавба кунад. Онҳо кирдори Алиро шармандагӣ барои мусалмонон номида, сабти ӯро ба хешу табораш фиристодаанд ва пулу ду телефони ӯро гирифта, гуфтаанд, ки вақте пулу телефонҳояшро бармегардонанд, ки ӯ ба масҷиди Проспект Мира омада, намозхон шавад. Вале Алӣ ба ҷои масҷид ба созмони “Стимул” ва сипас ба пулис муроҷиат кардааст. Шуҳрат Салимовро баъди чанде замоне дастгир кардаанд, ки як ҳамҷинсгарои дигарро “дарси тарбия” медод.

Назари худи Шуҳрат Салимов дастрас нест, вале «Стимул» иддао дорад, ки ин муҳоҷири тоҷик, ки пеш дар сохтмон кор мекард, узви гуруҳи ҷиноятиест, ки пайгирона ҳамҷинсгароён аз Осиёи Миёнаро пайдо карда, ҷазо медоданд.

Ин нахустин чунин мавриди ҷазои худсаронаи намояндагони ақалиятҳои ҷинсии зодаи Тоҷикистон аз сӯи ҳамватанҳояшон дар Русия нест. Соли 2019 додгоҳи шаҳри Красногорски вилояти Маскав як шаҳрванди Тоҷикистонро барои ҳамла ва ғорати як ҳамватани ҳамҷинсгарояш ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Гуфта мешуд, ки як гуруҳи зодагони Тоҷикистон бо роҳи фиреб як ҳамватани ҳамҷинсгарои худро ба мулоқот ба Красногорск даъват карда, дар як бӯстонсаро дасту пояшро баста, сахт латтукӯб кардаанд ва аз вай пул хостаанд. Аммо ба ҷабрдида муяссар шудааст, ки рӯзи дигар аз дасти гаравгонгирҳо фирор карда, ба пулис муроҷиат кунад.

Додгоҳи Шербинка  ҳукми Шуҳрат Салимовро рӯзи 18 феврали соли ҷорӣ содир кардааст, вале созмони “Стимул” тафсилоти парвандаро рӯзи 23 март, як рӯз баъди дастрас кардани матни ҳукми додгоҳ нашр кард. Бино ба ин манбаъ, додгоҳ Шуҳрат Салимовро дар узвият дар гуруҳи ҷиноятие, ки ба ҳамла ба ҳамҷинсгароён дар Маскав машғул буд, гунаҳкор шинохт ва ба 4 солу 6 моҳи колонияи низомаш умумӣ маҳкум кард.

Ба иттилои «Стимул», дар тобистони соли 2019 як зодаи Осиёи Миёна бо номи шартии Алӣ (исми ӯ ба далелҳои амниятӣ иваз карда шудааст) дар гуруҳи «Геи, голубые» дар шабакаи «Одноклассники» бо як ҷавон шинос шуда, қариб як моҳ хаттӣ мукотиба кардааст ва сипас ҳарду ба алоқаи видеоӣ гузаштаанд. Баъди чанде он ҷавон ба Алӣ пешниҳоди мулоқот кардааст ва Алӣ ин пешниҳодро пазируфтааст.

Мулоқоти онҳо мебоист дар як бӯстонсаро дар канори Новая Москва берун аз шаҳр доир мешуд. Алӣ он рӯз ба истгоҳи “Газопровод” омад ва дар инҷо дӯсташ ӯро пешвоз гирифт ва ҳарду ба тарафи бӯстонсаро раҳсипор шуданд.

Роҳи онҳо аз даруни ҷангал мегузашт. Дар ҷангал Алӣ дид, ки аз қафои онҳо мардони ношинос омада истодаанд.Ӯ тарсиду гурехт, вале онҳо Алиро дарёб карда, зада ба замин афтонданд ва  бо мушту лагад ва чӯбдаст шадидан латтукӯб карданд.

Онҳо Алиро ба он айбдор карданд, ки бо ҳамҷинсгароияш Ислом ва мусалмононро шарманда мекунад. Онҳо ӯро маҷбур карданд, ки дар пеши дурбини видеокамера тавба кунад ва ваъда диҳад, ки дигар бо мардҳо алоқа намекунад. Ҳамлагарон ин видеоро ба хешовандони Алӣ фиристоданд, то “шармандагиашро” бубинанд. Онҳо ҳамчунин пул ва ду телефони мобили Алиро гирифта, гуфтанд, ки пулу телефонҳояшро фақат замоне хоҳад гирифт, ки ақлаш бидарояду ба масҷиди Проспект Мира биояд ва намозхон шавад.

Вале Алӣ ба ҷои масҷид ба созмони “Стимул”, як созмони ҳомии ҳуқуқи ҳамҷинсгароёни Маскав ва сипас тавассути ҳуқуқшиносони он ба пулис муроҷиат кардааст. Шуҳрат Салимовро баъди чанде иттифоқан замоне дастгир кардаанд, ки як ҳамҷинсгарои дигар аз  Осиёи Миёнаро “дарси адаб ва тарбия” медод.

Назари худи Шуҳрат Салимов дастрас нест, вале ӯ дар додгоҳ иттиҳомоти ба зиддаш эълоншударо эътироф накардааст. Бо ин вуҷуд, додгоҳ ӯро нафақат ба чоруним соли зиндон маҳкум кард, балки муваззаф сохт, то ба Алӣ ҳамчун ҷуброни зарари моддию маънавӣ 76 511 рубл, баробар ба ҳудуди 1000 доллар товон пардохт кунад.

Бо ин ҳол, созмони «Стимул» иддао дорад, ки ин муҳоҷири тоҷик, ки пеш дар сохтмон кор мекард, узви гуруҳи ҷиноятиест, ки пайгирона ҳамҷинсгароён аз Осиёи Миёнаро пайдо карда, ҷазо медоданд.

Додгоҳи Шербинка дар заминаи адоват ба ҳамҷинсгароён сурат гирифтани ҳамла ба Алиро қабул накард. Аз ин рӯ, ҳуқуқшиносони “Стимул” мехоҳанд аз ҳукми додгоҳи Шербинка шикоят баранд, то Шуҳрат Салимов ҷазои аз ин ҳам сахттар бигирад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button