БОЗДОШТИ ДУ ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН БО 4 ТОННА МАНДАРИНИ ҚОЧОҚӢ (2 АКС)

Рӯзи 3 январ марзбонҳои Қирғизистон дар ҳудуди ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд ду шаҳрванди Тоҷикистонро бо бори қочоқӣ дастгир кардаанд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон, марзбонҳои қирғиз ҳангоми дидбонӣ дар наздикии шоҳроҳи Хуҷанд – Конибодом дар ҳудуди Қирғизистон як мошини тамғаи «Мерседес-Спринтер»-ро бо рақамҳои Тоҷикистон дида, хостанд, ки санадҳои онро тафтиш кунанд. Вале ронанда ва мусофираш ба талаби фаромадан аз мошин итоат накарда, муқовимат нишон додаанд ва хостаанд ба самти Тоҷикистон фирор кунанд. Вале марзбонҳои қирғиз мошинро манъ карда, ронандаву мусофирашро дастгир кардаанд.

Дар ҷараёни бозҷӯӣ маълум шуд, ки боздоштшудаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон Ш.Д., соли таваллудаш 1986 ва  Ч.Ш., соли таваллудаш 1990 будаанд. Аз бордони мошини онҳо 4 тонна мандарини қочоқӣ ба маблағи 300 ҳазор сом (наздики 4 ҳазор доллар) пайдо кардаанд.

Марзбонҳои қирғиз ин ду боздоштшуда ва бори аз онҳо гирифташударо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

В Кыргызстан пытались незаконно ввезти мандарины. Задержаны граждане Таджикистана

Бишкек, 04.01.21. /Кабар/. В Кыргызстан из Таджикистана пытались незаконно ввезти мандарины. Об этом сообщает пресс-служба Государственной пограничной службы КР.

Уточняется, что 3 января 2021 года пограничники Лейлекского пограничного отряда пресекли провоз контрабандного груза.

В ходе несения службы около автотрассы Худжанд-Канибадам пограничники обнаружили автомашину «Мерседес-Спринтер» с таджикскими номерами, которая незаконно находилась на территории Кыргызской Республики.

На требования пограничного наряда ГПС КР выйти из машины водитель и пассажир ответили отказом и оказали сопротивление, попытавшись уехать на территорию Таджикистана. Пограничники Кыргызстана остановили их и задержали.

При выяснении обстоятельств стало известно, что задержанные являются гражданами Республики Таджикистан Ш.Д. 1986 г.р. и Ч.Ш. 1990 г.р.

В ходе досмотра автомашины пограничники обнаружили 4 тонны мандаринов без разрешительных документов.

Примерная стоимость контрабандного груза составила около 300 000 сомов.

После оформления соответствующих документов задержанные и груз были переданы сотрудникам компетентных органов для дальнейшего разбирательства.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button