ИН КУҶОВУ ОН КУҶО? РУСТАМ АЗИЗӢ ДАР БОРАИ ЗАРФИЯТҲОИ ҲУКУМАТ ВА МУХОЛИФИН
Рустам Азизӣ, муовини раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон: Ҳоло бигӯед, то бидонем, ки “мухолифон” чӣ кори диданӣ ба ҷуз фаъолияти фейсбукиву ютубӣ карданд?
Дар солҳои қабл аз ковид ҳадди ақал як ду пикетаке мегузарониданд, ки имсол аз наҳсии ин вирус нашуд.
Оё ба ягон қарору тасмими Ҳукумат таъсир расониданд?
Оё ягон қарори Ҳукумат ё додгоҳҳои кишварро тавонистанд бекор кунанд?
Касеро аз масъулон тавонистанд ба додгоҳҳои байналмилалӣ бикашанду вайро дучори таҳримҳо кунанд? Ба ёд оред он дағдағаи чанд сол қаблро, вақте ин “бачаҳакон” тоза ба Уропо омаданду ба таъбири Мавлоно “фолонро диданду кадуре не”, даъво доштанд, ки “Мо ҳамаро ба додгоҳҳои байналмилалӣ мекашему, “Рӯйхати Магнитский”-и тоҷикӣ ҷӯр мекунему, ва ғайра ва ҳоказо!
Рустам Азизи
ИН КУҶОВУ ОН КУҶО?
(дар посух ба хоҳиши рӯзноманигоре барои арзёбии зарфияти Ҳукумат ва “мухолифин”)
***
Парешаб рӯзноманигоре аз хориҷ бо мо тамос гирфт ва хоҳиш кард, ки бурду бохти Ҳукумату мухолифинро дар ин сол барояшон арзёбӣ кунам. Ҳамзамон изҳор кард, ки омода аст андешаамро бидуни зикри ном ё бо номи мустаъор нашр кунад.
***
Аммо баъд:
1. Ниёзе ба истиъораву киноя ва сонсур надорем ва ҳар чӣ то имрӯз гуфтам аз номи худам гуфтаму ҷавобашро додам. Ҳоло, ҳарчанд коршиноси умури сиёсӣ ва арзёбии нақшаву лоиҳаҳо нестам, вале ба унвони як шаҳрванд ва корбар посухамро ин ҷо менависам ва агар хушатон омад, нашраш кунед!
2. Аз ибтидо мегӯям, ки ба назари ин ҷониб, мо “мухолифин”-и ҳисобӣ надорем ва ҳар норозиву рафтаро агар “мухолиф” бигӯед, пас … ,,,
3. Ҳоло бошад, бо илҳом аз дарсҳои риёзии аёми ҷавонӣ “Бигзор Х мухолиф бошад, пас …”, оё метавонем корҳои ин иддаро бо Ҳукумат дар як паллаи тарозу гузошта қиёс кунем?
Ҳукумат, сарфи назар аз муносибати афрод ба он ва арзёбии бурду бохташ, тамоми умури давлатро идора мекунад:
– буҷаро тасдиқу татбиқ мекунад;
– нақшаҳои кории давлатӣ ва соҳавиро муайян мекунад;
– аз пардохти кормузди роҳрӯбу вазир, то гузаронидани озмуни рассому ошпазро бар дӯш дорад;
– ва дар умум масъули ҳамаи бурду бохти ҳаёти кишвар дар ин сол аст;
– муҳимтар аз ҳама ҳисобу арқомаш дастрас барои арзёбӣ ва нақд аст! (Ҳоло аз куҷо мани бечора бо Нақшаи кориву Ҳисоботи “мухолифон” ошно шавам, то чизе аз ҳусну қубҳаш гӯям?)
4. Ҳоло бигӯед, то бидонем, ки “мухолифон” чӣ кори диданӣ ба ҷуз фаъолияти фейсбукиву ютубӣ карданд? Ин танҳо бахши диданӣ буд, вале агар танҳо ин бахш мелоки арзёбӣ бошад, пас онро бояд бо кори расонаҳо ва блогерону “ҷавобнависакон” қиёс кард, на бо Ҳукумат. Ва дудигар, бо ин ҳама кӯшишу иддиъои фазл ҳеч аҳаде из инҳо ба андозаи Қадами Қурбон ё ягон духтари сурхлаби бюти-блоггер матраҳ нашуд, ки нашуд, ҳарчанд онҳо “ҳам фаришта нестанд” ©!
5. Дар солҳои қабл аз ковид ҳадди ақал як ду пикетаке мегузарониданд, ки имсол аз наҳсии ин вирус нашуд. Вале барои шинохти вазну арзиши чунин иқдомҳо бояъд ба эътибор гирем, ки дар Урупо ҳар кас ҳаққи таҷаммуъву эътирозро дорад: аз ҷамъияти ҳамҷинсгароён то фаъолони бахши ҳифзи муҳити зист. Субҳ сагдорон эътироз мекунанд то масъулон барои сагҳояшон ҷойҳо барои гаштугузор муҳайё созанд ва чошт гурбадорон талаб мекунанд, ки гурбаҳояшон аз шарри ин сагон наҷот диҳанд.
5. Оё ба ягон қарору тасмими Ҳукумат таъсир расониданд?
6. Оё ягон қарори Ҳукумат ё додгоҳҳои кишварро тавонистанд бекор кунанд?
7. Касеро аз масъулон тавонистанд ба додгоҳҳои байналмилалӣ бикашанду вайро дучори таҳримҳо кунанд? Ба ёд оред он дағдағаи чанд сол қаблро, вақте ин “бачаҳакон” тоза ба Уропо омаданду ба таъбири Мавлоно “фолонро диданду кадуре не”, даъво доштанд, ки “Мо ҳамаро ба додгоҳҳои байналмилалӣ мекашему, “Рӯйхати Магнитский”-и тоҷикӣ ҷӯр мекунему, ва ғайра ва ҳоказо!”
8. Дар ин ҳама солҳои дағдаву харкаша ва, бо арзи пӯзиш, гӯзҳои гунда дар фазои иттилоотӣ оё тавонистан ҳатто як шаҳравнди тоҷикистониро дар Ватан мутақоид созанд, ки ба рамзи эътироз барои ҳимоят аз ҳадафҳои ин “мухолифон” берун барояд? Нагӯед, ки гӯё қудратиён фишори сахт доранд ё мардуми мо тарсу аст! Дар кишвари ҳамсоя низ ҳамон пулису амнияту дигару дигар ҳаст ва дар бетартибиҳо бохтҳои ҷонӣ шуданд, ва ҳамчунин мо худ ба чашму гӯши сарамон дидем, ки мардуми мо тарсу нестанд ва метавонад аз ҳаққи худ талаб кунанд! (ба унвони мисол аз Хуросону Рӯшон ёд оред)
Мардонавор эътироф кунед, ки ё суханҳоятон ба мардум таъсире надорад ё аз уҳдаи кор намебароед! (Агар ман корфармо ё самоягузор будам, чунин коркарро барвақт мерондам)
9. Хулоса, Ҳукумат ҳамон ҳанӯз кори худро идома медиҳад ва ин идда “даъвову нола”-и худро!
Ва охири даъвоно …
Ва-с-салому ъало …