СУХАНИ РӮЗ АЗ ОДИЛИ НОЗИР: КАСЕ ЧИЗЕРО ТАҒЙИР ДОДАН НАМЕХОҲАД, ҲАМИН ЗИНДАГӢ ГӮЁ НАҒЗ… (ВИДЕО)

Аз мусоҳибаи журналист Одили Нозир дар барномаи “Корзина”:

  • Дар Тоҷикистон зиндагӣ кардан осон аст?
  • Не!
  • Тамоман?
  • Бисёр душвор.
  • Се сабабашро гӯед.
  • 1)Бекорӣ. 2) Ҷомиаи қариб 1000 сол боз шахшуда. 3) Ҳеҷ кас ягон чизро тағйир додан намехоҳад.Ҳамин зиндагӣ гӯё бисёр нағз.
  • Охират?
  • Ман фикр мекунам, ки мо ҳама ба биҳишт меравем. Дӯзах ана ҳамин ҷост.  Азобу уқубате, ки мо дар инҷо дорем, азобу уқубате, ки инсон дар зиндагӣ мекашад барои як бурда нон. Як бурда нон чӣ аст, ки як одам, як кампири 70-сола барои як бурда нон дар пеши дари бозори “Корвон” ё “Султони Кабир” дар болои семент шишта, гадоӣ кунад? Ин дӯзах не-мӣ?  Ин аз дӯзах бадтар! Ман фикр мекунам, даҳшате, ки дар инҷо аст, дар дӯзах нест.
  • Дар Тоҷикистон як гуруҳи 22-ҳазорнафара аст, ки онҳоро “Авангард” мегӯянд…
  • Онҳо – ҷӯраҳои ман.
  • -Ҳамонҳо кианд, ман нашинохтамашон?
  • Инҳо бачаҳои нағз. Рӯзи истиқлолият табрикоти раиси ноҳияро раисаш мегираду ба номи худаш пахш мекунад.  Бачаҳояш як мактаберо, ки ким кадом каси дигар сохта истодааст бо ёрии падару модарон, дар назди он сохтмон акс гирифта, “Авангард” мактаб сохта истодааст гуфта, худашонро реклама мекунанд. Президент барин нону намак хӯрда, ба ноҳияҳо медароянд. Аз ман ягон кас наранҷад, ягонтоаш оддитарин ҷумларо ба забони тоҷикӣ навишта наметавонад. Масалан, ба Рӯзи президент президентро табрик мекунанд, дар як ҷумлаи “Имрӯз – рӯзи Пешвои муаззами миллат” 7 ғалати имлоӣ доранд!  7 ҳарфро меғалтонад дар рӯзи Пешвои миллат! Охир инҳо намуна буда наметавонанд барои дигар ҷавонон!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button