ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

Даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба таҳияи рӯйхатти сиёҳи ягонаи гуруҳҳои террористӣ дар СНГ

Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18 декабр дар нишасти онлайнии сарони кишварҳои узви СНГ хостори таҳияи рӯйхатти сиёҳи  ягона созмонҳои мамнӯи террористӣ ва ифротӣ дар чорчӯби ин созмон шуд.

 «Чунин мешуморам, ки дар чорчӯби СНГ таҳия кардани рӯйхатти ягони созмонҳои террористӣ ва ифротии дар қаламрави кишварҳои узви СНГ мамнӯъ зарур аст», —  изҳор дошт президенти Тоҷикистон. Ӯ даъват кард, то ба маркази зиддитеррористии СНГ ва дигар ниҳодҳои зидахл ҷиҳати шурӯи таҳияи чунин рӯйхат дастур дода шавад.

Эмомалӣ Раҳмон кишварҳои СНГ-ро «иттифоқчиёни калидӣ дар мубориза алайҳи таҳдидҳо ва чолишҳои саросарӣ» номид ва гуфт, ин кишварҳо дар масоили амният дидгоҳи ҳамсон доранд.

Ба ақидаи ӯ, воқеиятҳои имрӯза ҳамоҳангии боз ҳам бештари талошҳои мақомоти қудратӣ ва амниятии СНГ дар амри пешгирӣ аз таҳдидҳои амниятиро тақозо мекунад.

“Имрӯз миқёси терроризм, экстремизм, шаклҳои гуногуни тундгароӣ ва ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои кибернетикӣ тамоюли рӯ ба афзоиш доранд “, – иқтибос овардааст хабаргузории ТАСС аз суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони СНГ.

Ин нишаст тариқи онлайн таҳти раёсати президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев доир шуд. Дар нишасти сарони СНГ президентҳои Ӯзбекистон, Русия, Беларус, Қазоқистон, Молдова, Озарбойҷон ва Тоҷикистон ва и.в. президенти Қирғизистон иштирок доштанд. Аз роҳбарони СНГ дар нишаст танҳо сарвазири Арманистон Никол Пашинян ба сабаби марги падараш ҳузур надошт.

https://flic.kr/s/aHsmSW5mBS

Тоҷикистон чандин сол боз таҳияи рӯйхатҳои сиёҳи ягона созмонҳои террористӣ ва ифротиро дар чорчӯби созмонҳои минтақавие, чун СНГ, ОДКБ ва ШОС пешниҳод мекунад. Вале тафсири фарқкунандаи мафҳумҳои терроризм ва экстремизм дар қонунгузории кишварҳои узви ин созмонҳо то кунун имкон надодааст, ки ин созмонҳои минтақавӣ меъёрҳои умумӣ барои таҳияи чунин рӯйхатҳои сиёҳро тартиб диҳанд.

Барои мисол, «Ҷамоати Таблиғ» дар Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ аст, вале дар Қирғизистон ин созмони мазҳабӣ озодона амал мекунад. Ваё дар Тоҷикистон «Гуруҳи 24»-ро ҳамчун созмони ифротӣ ба рӯйхатти сиёҳи созмонҳои мамнӯъ шомил кардаанд, вале аъзои «Гуруҳи 24» дар Русия то ҳол амал мекунанд ва ҳатто як намояндагии алоҳида дар кишварҳои СНГ доранд.

Ҳамин тавр Душанбе аз соли 2015 то ҳол натавонистааст кишварҳои дигари СНГ-ро ба манъи фаъолияти ҲНИТ – умдатарин гуруҳи мухолифи ҳукумати Тоҷикистон моил кунад. Ҳарчанд ҲНИТ дар қаламрави СНГ тақрибан фаъолияте надорад, вале то кунун ягон кишвари ин паҳно ба таври қонунӣ фаъолияти ин ҳизбро дар қаламраваш манъ накардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button