Дин ва боварҳоҲуқуқи инсон

Вокуниши Кумитаи дин ба ворид кардани Тоҷикистон ба рӯйхатти сиёҳи давлатҳои саркӯбгари озодиҳои динӣ

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон рӯзи 9 декабр дар як изҳорот аз дигарбора шомил шудани Тоҷикистон ба рӯйхатти сиёҳи давлатҳои саркӯбгари озодиҳои динӣ изҳори нигаронӣ ва норозигӣ карда, гуфт, хулосаи департаменти давлатии Амрико “асоси воқеӣ надошта, сарчашмаи онро матбуоти ғайрирасмӣ ташкил медиҳад”.

Кумитаи дину ойини Тоҷикистон  гуфт, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолии худ ба як силсила дастовардҳо дар соҳаи дин ноил гардидааст, ки нодида гирифтани ин дастовардҳо ва шомил кардани мамлакати мо ба рӯйхати давлатҳое, ки дар онҳо озодиҳои диниву маҳзабӣ комилан нақз мешаванд, камоли беинсофист.” Кумитаи дин аз вазорати хориҷаи Амрико даъват кард, ки барои омӯхтани вазъи воқеӣ дар робита ба риояи озодиҳои динӣ як ҳайъати худро ба Тоҷикистон бифиристад.

Котиби давлатии Амрико Майкл Помпео рӯзи 7 декабр эълон кард, ки Амрико Бирма, Чин, Эритрея, Эрон, Кореяи шимолӣ, Покистон, Арабистони Саудӣ, Туркманистон ва Тоҷикистонро ҳамчун давлатҳое ҷудо кардааст, ки дар чорчӯби Қонуни соли 1998 дар бораи эътиқод «барои иштирок ваё таҳаммул кардани «поймолкунии муназзам, давомдор ва изтиробовари озодии эътиқод» мавриди нигаронии хоси Амрико қарор мегиранд. Тоҷикистон аз соли 2016 ба таври доим барои саркӯби озодиҳои динӣ дар рӯйхатти сиёҳи Амрико қарор мегирад. Ин рӯйхатро Департаменти давлатӣ ҳар сол бар асоси гузоришҳои солонаи Комиссияи амрикоии озодиҳои динии байналмилалӣ (USCIRF) тартиб медиҳад.  Вошингтон бояд нисбат ба кишварҳое, ки дар рӯйхатти сиёҳ меафтанд, таҳримот ҷорӣ кунад, вале эълони таҳримот нисбат ба Тоҷикистонро ҳар сол ба таъхир мегузорад.

Вокуниши Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ба изҳороти Вазири корҳои хориҷии Амрико оид ба озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба изҳороти Вазири корҳои хориҷии Амрико, ки зимни он Тоҷикистон дар радифи кишварҳои аз лиҳози озодиҳои динӣ боиси нигаронии хос дониста шудааст, изҳори нигаронӣ менамояд.

Ҷониби Кумита ба хулосаи ин изҳорот ва гузоришҳои Депортаменти давлатии ИМА, ки дар он сатҳи кунунии озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин дар Тоҷикистон зери суол меравад, розӣ буда наметавонад. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузашта низ иҳзор дошта буд, ки чунин гузоришҳо асоси воқеӣ надошта, сарчашмаи онро матбуоти ғайрирасмӣ ташкил медиҳад ва имрӯз низ қотеъона ҳамин мавқеъро баён медорад.

Бо дарназардошти он ки гузоришҳои солонаи Депортаменти давлатии Амрико ва Комиссияи байналмилалӣ оид ба озодиҳои мазҳабӣ дар мавриди озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон тақрибан бетаҳрир ва якранг интишор мешаванд, ҷониби Кумита борҳо дархост намуда буд, то як комиссияи вижа ба Тоҷикистон сафарбар шуда, бо вазъи воқеии фазои динӣ ва бурду бохти давлати мо дар ин арса шинос гардидаву дар ин замина гузоришҳои воқеӣ таҳия намояд. Зеро агар аз рӯи адолат ва воқеият назар намоем, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолии худ ба як силсила дастовардҳо дар соҳаи дин ноил гардидааст, ки нодида гирифтани ин дастовардҳо ва шомил кардани мамлакати мо ба рӯйхати давлатҳое, ки дар онҳо озодиҳои диниву маҳзабӣ комилан нақз мешаванд, камоли беинсофист.

Аз ин лиҳоз, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба созмону ниҳодҳое, ки баҳогузории вазъи фазои динии кишварҳоро самти фаъолияти худ қарор додаанд, бори дигар ҷиҳати ҳамкории мутақобила изҳори омодагӣ менамояд. Зеро ҷониби Кумита бар он бовар аст, ки роҳи расидан ба муваффақият на пешниҳоди гузоришу хулосаҳои яксамтаву ғайривоқеӣ, балки ҳамкории воқеии дуҷониба мебошад.

Соединенные Штаты принимают меры против нарушителей религиозной свободы

ЗАЯВЛЕНИЕ ДЛЯ ПРЕССЫ

Майкл Р. Помпео, государственный секретарь

7 декабря 2020 года

Религиозная свобода – это неотъемлемое право и основа, на которой строятся и процветают свободные общества. Сегодня Соединенные Штаты – страна, основанная теми, кто бежал от религиозных преследований, как отмечалось в недавнем докладе комиссии по неотъемлемым правам, – вновь приняли меры для защиты тех, кто просто хочет воспользоваться этой существенной свободой.

Соединенные Штаты выделяют Бирму, Китай, Эритрею, Иран, Нигерию, КНДР, Пакистан, Саудовскую Аравию, Таджикистан и Туркменистан в качестве стран, вызывающих особую озабоченность в соответствии с международным законом О свободе вероисповедания 1998 года с внесенными в него поправками, за участие или терпимость к “систематическим, продолжающимся, вопиющим нарушениям свободы вероисповедания”.”

Мы также включаем Коморские острова, Кубу, Никарагуа и Россию в специальный список наблюдения за правительствами, которые занимались или допускали “серьезные нарушения религиозной свободы”. Кроме того, мы определяем “Аш-Шабааб”, “Аль-Каиду”, “Боко Харам”, “Хайят Тахрир аш-Шам”, хуситов, ИГИЛ, ИГИЛ- Большая Сахара, ИГИЛ-Западная Африка, Джамаат Наср аль-Ислам Валь Муслимин и Талибан в качестве субъектов, вызывающих особую озабоченность в соответствии с международным законом О свободе вероисповедания Фрэнка Р. Вольфа от 2016 года.

Мы не возобновили прежние определения в отношении “Аль-Каиды” на Аравийском полуострове и “ИГИЛ-Хорасан” в связи с полной потерей территории, ранее контролируемой этими террористическими организациями. Хотя эти две группы больше не соответствуют установленным законом критериям для обозначения, мы не успокоимся, пока полностью не ликвидируем угрозу нарушения религиозной свободы любыми насильственными экстремистскими и террористическими группами.

Есть и позитивные сдвиги, которыми можно поделиться. Я рад объявить, что Судан и Узбекистан были исключены из специального списка наблюдения на основе значительного, конкретного прогресса, достигнутого их соответствующими правительствами за последний год. Их смелые реформы законов и практики служат образцом для подражания другим народам.

И все же наша работа далека от завершения. Соединенные Штаты будут продолжать неустанно работать над тем, чтобы положить конец религиозно мотивированным злоупотреблениям и преследованиям во всем мире и помочь обеспечить, чтобы каждый человек, везде и во все времена, имел право жить в соответствии с диктатом совести.

United States Takes Action Against Violators of Religious Freedom

PRESS STATEMENT

MICHAEL R. POMPEO, SECRETARY OF STATE

DECEMBER 7, 2020

Religious freedom is an unalienable right, and the bedrock upon which free societies are built and flourish. Today, the United States – a nation founded by those fleeing religious persecution, as the recent Commission on Unalienable Rights report noted – once again took action to defend those who simply want to exercise this essential freedom.

The United States is designating Burma, China, Eritrea, Iran, Nigeria, the DPRK, Pakistan, Saudi Arabia, Tajikistan, and Turkmenistan as Countries of Particular Concern under the International Religious Freedom Act of 1998, as amended, for engaging in or tolerating “systematic, ongoing, egregious violations of religious freedom.”

We are also placing the Comoros, Cuba, Nicaragua, and Russia on a Special Watch List for governments that have engaged in or tolerated “severe violations of religious freedom.” Additionally, we are designating al-Shabaab, al-Qa’ida, Boko Haram, Hayat Tahrir al-Sham, the Houthis, ISIS, ISIS-Greater Sahara, ISIS-West Africa, Jamaat Nasr al-Islam wal Muslimin, and the Taliban as Entities of Particular Concern under the Frank R. Wolf International Religious Freedom Act of 2016.

We have not renewed the prior Entity of Particular Concern designations for al-Qa’ida in the Arabian Peninsula and ISIS-Khorasan, due to the total loss of territory formerly controlled by these terrorist organizations. While these two groups no longer meet the statutory criteria for designation, we will not rest until we have fully eliminated the threat of religious freedom abuses by any violent extremist and terrorist groups.

There are also positive developments to share. I am pleased to announce that Sudan and Uzbekistan have been removed from the Special Watch List based on significant, concrete progress undertaken by their respective governments over the past year. Their courageous reforms of their laws and practices stand as models for other nations to follow.

And yet our work is far from complete. The United States will continue to work tirelessly to end religiously motivated abuses and persecution around the world, and to help ensure that each person, everywhere, at all times, has the right to live according to the dictates of conscience.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button