Роҳро холӣ кунед! Мансабдор меояд!

Shōguna Sobir

Бинои суд дар Душанбе. Муҳофиз ба мардум дод мезанад, ки зинаҳоро холӣ кунанд. Чаро? Зеро чанд корманди мақоми баландпояи додгоҳӣ боло рафтанӣ ҳастанд. Худо накунад, ки ин кормандон бо одамони оддие, ки бояд ба онҳо хидмат кунанд, қатӣ шаванд.

То он даме, ки ман дар Тоҷикистон зиндагӣ намекардам, ин чӣ ҳеҷ гоҳ дар хаёлам набуд, аммо ҳар дафъае, ки ба ягон бинои ҳукуматӣ ташриф меорам, бештар намоён мешавад. Нишони он, ки инсон миллати худ, халқи худро дӯст медорад, дар он аст, ки вай эҳтироми баробар дорад ва худро аз дигарон болотар ва ё пасттар намегузорад.

Мансабҳои баланд меоянду мераванд. Шояд вазъи молиявӣ паст бошад. Аммо эҳтироми баробар ба халқи худ бояд ҳамеша доимӣ бошад. Вақти он расидааст, ки аз одатҳои ақибмондаи саҷда кардан ба дигарон, новобаста аз мансабашон ва нороҳат кардани дигарон ба хотири мансаби баланди муваққатии худ даст кашид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button