Хабарҳои кӯтоҳ

Аз сабаби рашк: як зан дар пойтахт марди дӯстдоштаашро се корд задааст

Як зани 34-солаи сокини Бӯстон шаби 7 ба 8 декабр, тахминан соати 00:30, дар ҳолати мастӣ аз сабаби рашк марди 39-солаи сокини Душанберо 3 корд задааст.

Як ноболиғи 17-сола ба он гумонбар мешавад, ки шаби 4 декабр, соати 20:40 дар бозорчаи “Зарафшон”-и пойтахт 480 сомонӣ пули як ҷавони 20-соларо бо зӯрӣ кашида гирифтааст.

Саидов Изатулло, сокини 44-солаи ҷамоати Ориёни ноҳияи Кушониён, ки дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дастгир шудааст. ВКД гуфт, Саидов ба боварии шаҳрвандон даромада, аз роҳи фиреб бо мақсади даромади муфт, маблағҳои калони пулии сокинони ноҳияро аз они худ кардааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 9 декабри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Боздошти зани 34-сола бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 34-солаи зодаи шаҳри Бӯстон, муваққатан сокини шаҳри Душанбе, ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, шаби 7 ба 8-уми декабри соли 2020, тахминан соати 00:30-дақиқа, дар ҳолати мастӣ аз сабаби рашк 3-маротиба ба узвҳои бадани марди 39-солаи сокини пойтахт задааст, ки дар натиҷа охирон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдори ғоратгарӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 4-уми декабри соли 2020, тахминан соати 20:40-дақиқа, ҳангоми дар назди бозорчаи “Зарафшон”-и пойтахт қарор доштанаш, шахси номаълум бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ 480-сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Қаллоб дастгир шуд

Қаллобӣ, ки кирдори ғайриинсонӣ ба шумор меравад, баъзан ашхосро ба гирдоби амалҳои хилофи қонун меандозад. Маблағи муфти ба дастомада аз ҳисоби кирдори зишт нафарони ҷиноятпешаро назди ҷомеа сархам намуда, доғи сиёҳеро рӯи дафтари ҳаёташон боқӣ хоҳад гузошт.
Зимни ба роҳ мондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Шуъбачаи кофтукови ҷиноятии ШВКД дар ноҳияи Кушониён шаҳрванд Саидов Изатулло, соли тавллудаш 1976, сокини ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи мазкурро, ки мутобиқи моддаҳои 338, 247 ва 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дастгир намуданд.
Саидов Изатулло муддати зиёд ба кирдорҳои ғайриқонунии худ ба боварии шаҳрвандон даромада, аз роҳи фиреб бо мақсади даромади муфт ба даст овардан, маблағҳои калони пулии сокинони ноҳияро аз они худ кардааст.

Аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда мешавад, ки нафароне, ки ба доми фиреби ин шахси ҷиноятпеша афтодаанд, метавонанд ба ШВКД дар маҳалли зисташон муроҷиат намоянд.
Офоқ Қодириён

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button