ИқтисодМинтақа ва ҷаҳонТоҷикистон

15 АКСИ ҚАСРИ ТИЛЛОКОРИИ 258-МИЛЛИОНДОЛЛАРӢ ВА ВИДЕОИ ПЕНТҲАУЗИ 65-МИЛЛИОНДОЛЛАРИИ МИЛЛИАРДЕРЕ АЗ ТОҶИКИСТОН

Миллиардери шинохтаи Русия Валерий Коган қасри пуршукӯҳи тиллокоришудааш дар «Рублёвои Исроил» – минтақаи Қайсарияро бо нархи 258,3 миллион доллар вам ҳамчунин  манзилҳояш дар «Plaza Tower»-и Ню-Йоркро бо нархи 45 миллион доллар ва як пентҳаузаш дар минтақаи соҳилии Тел-Авивро бо нархи 65 миллион доллар ба фурӯш гузоштааст.  Қасри Коган дар Кейсария, ки дар ҳамсоягии хонаи сарвазири Исроил Бинямин Нетаняҳу ҷойгир шудааст, пуршукӯҳтарин ва гаронбаҳотарин қаср дар Исроил ва пентҳаузаш дар Тел-Авив гаронбаҳотарин манзили навъи квартира дар он кишвар дониста мешаванд.

Валерий Коган 69 сол дошта, дар Украина ба дунё омадааст, вале дар даврони Шӯравӣ чандин сол дар Тоҷикистон кору зиндагӣ кардааст. Писари ӯ – овозхони рус Александр Коган – 15 апрели соли 1980 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Дар тарҷумаи ҳоли овозхон навишта шудааст, ки оилаи Александр Коган соли 1986, вақте ӯ 6-сола буд, аз Душанбе ба Маскав кӯчид.

Коганро ҳамчунин лоббист ё ҳомии асосии ҳукумати Тоҷикистон дар Кремл ном мебаранд.

Валерий Коган яке аз миллиардерҳои наздик ба Кремл дониста мешавад. Бино ба ҳисоби маҷаллаи Forbes, сарвати Коган ҳанӯз дар соли 2014 ба 2,5 миллиард доллар расида, ӯ ба рӯйхатти 200 нафари сарватмандтарини Русия роҳ ёфта буд. Валерий Коган яке аз муассисони ширкати «Ист-Лайн» аст, ки ҳоло фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскавро таҳти назорати худ даровардааст. Коганро яке аз моликони ин фурудгоҳ ном мебаранд, вале шарики тиҷории ӯ Дмитрий Каменшик инро рад карда, гуфтааст, ки ягона молики Домодедово ӯст.

Сабаби қасру манзилҳояш дар Исроилу Амрикоро ба фурӯш гузоштани Валерий Коган рӯшан нест, вале ӯ қасри пуршукӯҳи тиллокориаш дар «Рублёвои Исроил»- минтақаи Қайсарияро 258,3 миллион доллар нарх кардааст. Агентии фурӯши манзил Sotheby’s, ки умури фурӯши ин қасри Коганро ба он супурдаанд, қасри Коганро «пуршукӯҳтарин қаср дар Исроил» муаррифӣ кардааст. Ин қасри воқеъ дар ҳамсоягии сарвазири Исроил Бинямин Нетаняҳуро ҳамчунин «гаронбаҳотарин қаср дар Исроил» ном мебаранд.

Дар муаррифиномаи қасри Коган гуфта мешавад, ки он боғу фаввораҳо, ҳайкалҳои зиёд дошта, дар қаламраваш ҳамчунин спа-салон,  майдони теннис, ҳуҷраҳои ҷудогона барои меҳмонону хидматгорон ва ҳатто як нирӯгоҳи алоҳида доштааст, ки ин қасри бузургро бо нирӯи барқ таъмин мекунад. Дару девори қаср ба шакли тиллокорӣ ва ҳамчунин бо мармару оникс (санги бобоғурӣ) зиннат дода шуда, сақфи шишагии бино қариб 1000 метри мураббаъ будааст. Sotheby’s дар муаррифиномааш мегӯяд, ин қаср дар Қайсария «бо илҳом аз сабкҳои меъмории барокко ва рококо бунёд шудааст».

Коган ҳамчунин манзилҳояш дар бинои «Plaza Tower” дар Ню-Йоркро бо қимати 45 миллион доллар ва пентҳаузаш дар минтақаи соҳилии шаҳри Тел-Авивро бо нархи 65 миллион доллар ба фурӯш гузоштааст. Ин пентҳаусро, ки «гаронбаҳотарин манзили навъи квартира дар Исроил» номаш мебаранд, Коган соли 2009 харида буд. Он дар қабати 23-юми як бинои истиқоматӣ дар масоҳати 1200 метри мураббаъ ҷойгир шуда, аз 4 ҳуҷра ва балконҳо иборат мебошад. Танҳо балконҳояш 300 метри мураббаъ масоҳат доранд. Mansion Global  дар муаррифиномаи ин пентҳауз мегӯяд: «Дар зиннат додани ин манзил маводи аз ҳама гаронбаҳо истифода шуда, ҳуҷраҳояш ба палатаҳои Қасри бузурги Кремл шабоҳат доранд.»

Валерий Коган соли 1951 дар шаҳри Жданови вилояти Донетски Украина таваллуд шуда, дар даврони Шӯравӣ солҳои зиёд дар Тоҷикистон кор кардааст Тарҷумаи ҳоли худи миллиардер дар ягон ҷо чоп нашудааст, вале дар тарҷумаи ҳоли писари ӯ – овозхони рус Александр Коган навишта шудааст, ки ӯ 15 апрели соли 1980 дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ба дунё омада, оилаи онҳо танҳо дар шашсолагии ӯ, яъне соли 1986 аз Душанбе ба Маскав кӯчидааст.

Коган то кунун бо афроди бонуфуз дар Тоҷикистон робитаи наздик дорад ва ӯро ҳатто лоббист ё ҳомии асосии манфиатҳои ҳукумати кунунии Тоҷикистон дар Кремл ҳам ном мебаранд.

Бино ба иттилои манобеи огоҳ, дар соли 2011 моҷарои ҳабси ду халабони рус дар фурудгоҳи Қӯрғонтеппаи Тоҷикистон, ки боиси аз Русия ихроҷ кардани ҳудуди 850 муҳоҷири тоҷик шуд, маҳз бо миёнаравии Коган ҳал шуд. Манобеи огоҳ мегӯянд, дар ҳамон вақт то соли 2042 ва он ҳам бидуни талаби пули иҷора тамдид шудани замони будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон низ бо мусоидати Валерий Коган амалӣ шудааст.

По подсчетам Forbes, состояние Когана в 2014 году составляло 2,5 миллиарда долларов и он входил в список 200 самых богатейших людей России. Долгое время считалось, что Коган является совладельцем аэропорта Домодедово, однако его деловой партнер Дмитрий Каменщик эту информацию опровергал и утверждал, что единственным бенефициаром Домодедово оказался сам Каменщик. Но этому утверждению до сих пор мало кто верит.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button