Ду ёвари комиссари ҳарбии ноҳияи Синоро 29 ҳазор сомонӣ ҷарима бастаанд

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе ду ёвари комиссари ҳарбии ноҳияи Синои пойтахти Тоҷикистонро ба маблағи 29 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст. Раиси додгоҳи ҳарбӣ Ҳотам Раҷабзода ба «Азия Плюс» хабар дод, ки «ёварони комиссари ҳарбии ноҳияи Сино Умед Гадоев ва Хуршед Бедилов рӯзи 4 апрели соли ҷорӣ аз Далер Мирзоев барои омода кардан ва додани билети ҳарбии қалбакӣ ба номи ҷиянаш Меҳроҷ Кароматов 4200 сомонӣ талаб карда, маблағи мазкурро гирифтаанд ва байни худ тақсим карда, барои эҳтиёҷоти худ сарф кардаанд.»

Додгоҳ Гадоев ва Бедиловро бар асоси ду банди Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон – моддаи 247 (қаллобӣ) ва 340 (сохтакории санадҳо) гунаҳкор шинохт.

Ин ду модда то чанд сол ҳукми зиндонро пешбинӣ мекунад, вале додгоҳ дар қиболи Гадоев ва Бедилов бо ҳукми ҷарима иктифо кардааст.

«Онҳо дар додгоҳ ба гуноҳи худ пурра иқрор шуданд. Додгоҳ қарор кард, ки ҳар кадоми онҳоро 29 ҳазор сомонӣ ҷарима бандад», – гуфтааст Раҷабзода ба «Азия Плюс».

Солҳои охир мақомоти тафтишотӣ додгоҳҳои Тоҷикистон дар аксар маврид аъмоли мансабдорони ҳангоми гирифтани пора ба даст афтодаро на бар асоси моддаи 319 (гирифтани пора), балки ҳамчун қаллобӣ (моддаи 247), ки ҷазояш сабуктар аст, корбаст мекунанд. Дар натиҷа мансабдорони порахӯр бо пардохти ягон ҷаримаи рамзӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ халос мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button