КОРДЗАНӢ ДАР ДЕҲАИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДУЗДИИ МОШИНИ “ЧАНХУ” ДАР ХОРУҒ
Ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба он гумонбар мешавад, ки шоми 29 ноябр дар ҳудуди деҳаи Истиқлол як навраси 17-солаи сокини ҳамин ноҳияро 3 корд задааст.
ххххххххххххх
Ду ноболиғи 13 ва 16-сола дар шаҳри Хоруғ ба он гумонбар мешаванд, ки шаби 29 ба 30-юми ноябри соли 2022, тахминан соати 02:30, мошини тамғаи “Чанху”-и як сокини ноҳияи Шуғнонро “ғайриқонунӣ ҳай карда ба самти номаълум бурдаанд”.
Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 01.12. 2022
Бо корд захмӣ намудани ҷавони 17-сола аз ҳиссиёти авбошӣ
Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 24-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 29-уми ноябри соли 2022, тахминан соати 18:00, дар ҳудуди деҳаи Истиқлоли ноҳияи мазкур аз ҳиссиёти авбошӣ бо корди дар дасташ буда, 3 маротиба ба узвҳои бадани ҷавони 17-солаи сокини ҳамин ноҳия задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомашина аз ҷониби 2 ноболиғ
Ба ШВКД дар шаҳри Хоруғ бо ариза марди 52-солаи сокини ноҳияи Шуғнон муроҷиат намудааст, ки шаби 29 ба 30-юми ноябри соли 2022, тахминан соати 02:30-дақиқа, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ автомашинаи шахсиаш тамғаи “Чанху”-ро ғайриқонунӣ ҳай карда ба самти номаълум бурдаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 2 ноболиғи 13 ва 16-солаи сокинони шаҳри Хоруғ бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.