ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

КОРДЗАНӢ ДАР ДЕҲАИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДУЗДИИ МОШИНИ “ЧАНХУ” ДАР ХОРУҒ

Ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба он гумонбар мешавад, ки шоми 29 ноябр дар ҳудуди деҳаи Истиқлол як навраси 17-солаи сокини ҳамин ноҳияро 3 корд задааст.

ххххххххххххх

Ду ноболиғи 13 ва 16-сола дар шаҳри Хоруғ  ба он гумонбар мешаванд, ки шаби 29 ба 30-юми ноябри соли 2022, тахминан соати 02:30, мошини тамғаи “Чанху”-и як сокини ноҳияи Шуғнонро “ғайриқонунӣ ҳай карда ба самти номаълум бурдаанд”.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 01.12. 2022

Бо корд захмӣ намудани ҷавони 17-сола аз ҳиссиёти авбошӣ

010

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 24-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 29-уми ноябри соли 2022, тахминан соати 18:00, дар ҳудуди деҳаи Истиқлоли ноҳияи мазкур аз ҳиссиёти авбошӣ бо корди дар дасташ буда, 3 маротиба ба узвҳои бадани ҷавони 17-солаи сокини ҳамин ноҳия задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомашина аз ҷониби 2 ноболиғ

005

Ба ШВКД дар шаҳри Хоруғ бо ариза марди 52-солаи сокини ноҳияи Шуғнон муроҷиат намудааст, ки шаби 29 ба 30-юми ноябри соли 2022, тахминан соати 02:30-дақиқа, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ автомашинаи шахсиаш тамғаи “Чанху”-ро ғайриқонунӣ ҳай карда ба самти номаълум бурдаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 2 ноболиғи 13 ва 16-солаи сокинони шаҳри Хоруғ бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button