ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

САНГРЕЗ ДАР КӮҲИ ТАБОШАР, СЕЛ ДАР ҚӮРҒОНЧАВУ ЧИЛЧА ВА МАСТЧОҲ (3 АКС)

Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки тайи рӯзи 22 апрели соли 2024 дар шимол ва ҷанубушарқи ҷумҳурӣ чандин ҳолати селу сангрез сабт шудааст.

Аз ҷумла, рӯзи 22 апрели соли 2024, соати 13:45,  дар роҳи Хуҷанд-Истиқлол, дар наздикии корхонаи сементбарории “Ҳуаксин Ғаюр Суғд Семент” то даромадгоҳи шаҳри Истиқлол норасида, сел фаромада, дастикам 4 ҳолати сангрез рух додааст.  Роҳро бо кумаки техникаи муҳандисӣ аз сангу обу лой тоза карда, ҳаракати мошинҳоро барқарор кардаанд.

Ҳамин тавр, рӯзи 22 апрели соли 2024, соати 15:05, боришоти сахт боиси аз самти Қирғизистон фурӯ рехтани сел шуд. Ин сел садди муҳофизатиро дар деҳаи Қӯрғончаи ҷамоати Ҳаёти нави ноҳияи Ҷаббор Расуловро дар масоҳати 25 метр шустааст.

Боз ҳам рӯзи 22 апрели соли 2024, соати 15:10, аз самти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба болои маҳаллаҳои Ганҷобод ва Меҳрободи шаҳраки Суғдиёни ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд сел фурӯ рехта, ба 5 гектар замини кишт ва қисман ба 20 ҳавлии сокинон зарар расонд.

Ҳамчунин рӯзи 22 апрели соли 2024, соати 16:10, боришоти шадид боиси фурӯ рехтани сел ба ҳудуди деҳаи Чилчаи ноҳияи Темурмалик дар ҷанубушарқи ҷумҳурӣ гардид. Дар натиҷа, 22 иншооти ёрирасони аҳолӣ зери об монд.

Гуфта мешавад, дар маҳалҳои офатзада комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодда дастбакор шудаанд ва рафъи оқибатҳои ин офатҳо идома дорад. Хушбахтона, дар ин офатҳо касе осеб надидааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносӣ хабар дод, ки аз 22 то 24 апрели соли 2024 ба далели боло рафтани ҳарорати ҳаво ва босуръат об шудани барф дар бархе ноҳияҳои кӯҳистони тобеи марказ, вилояти Суғд ва вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон фурӯ рехтани селҳо аз пиряхҳо пешбинӣ карда мешавад.

Ба ин далел, кумита бори дигар аз сокинон хостааст, ки қоидаҳои бехатариро риоя карда, барои пешгирӣ аз сел ҷӯйҳои селпарторо аз партов тоза кунанд ва дар ин рӯзҳо аз рафтан ба ҷамъоварии ҳезуму гиёҳҳо, аз шикору моҳидорӣ ва аз чорвочаронӣ ҳадалимкон худдорӣ кунанд.

Кумита аз ронандагон ва дӯстдорони кӯҳнавардӣ ва дӯстдорони сайру саёҳат дар кӯҳҳо бо мошину велосипеду мотосикл ё пои пиёда хостааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳистон қоидаҳои бехатарӣ, ҳамчунин фосилаи байни воситаҳои  нақлиётро қатъиян риоя кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button