ОШКОР ШУДАНИ ДУ ҚАЛЛОБИИ ҲАР КАДОМАШ БА МАБЛАҒИ ЯК МИЛЛИОН СОМОНӢ
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз боздошти ду нафаре хабар дод, ки якеаш ба қаллобӣ ба маблағи 1,1 миллион сомонӣ ва дуюмӣ ба қаллобӣ ба маблағи як миллион сомонӣ айбдор мешаванд. Бино ба иттилои милитсия, ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода аризаи марди 41-солаи сокини шаҳри мазкур дар ин хусус ворид гардидааст, ки моҳи марти соли 2022, марди 44-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав дар маҳаллаи 3-юми шаҳри Турсунзода бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 80 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз биноҳои навсохтмони шаҳри Турсунзода манзили истиқоматӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Инчунин, гумонбаршаванда 20-уми ноябри соли 2023, дар маҳаллаи 2-юми шаҳри Турсунзода бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ 2-адад автомашинаи тамғаҳои «Ҳундай-Соната» ва «Ауди», ки арзиши умумиашон 215 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, гирифта, ваъда додааст, ки дар ивази мошинҳо аз биноҳои навсохтмони шаҳри Турсунзода барояш манзили истиқоматӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Ҳамзамон, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 37-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 1-уми декабри соли 2023, марди 37-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ як мошини тамғаи «БМВ-Х5»-ро ба маблағи 1 миллион сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш 113 тонна масолеҳи сохтмонии арматура оварда медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Қаллобӣ яке аз ҷиноятҳои хеле роиҷ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Бино ба омори ВКД, соли 2023 дар ҷумҳурӣ 2762 ҳолати қаллобӣ ва соле қабл 2882 чунин ҷиноят сабт шудааст. Вале омори расмӣ тамоми ҳолатҳои қаллобиро дар бар намегирад. Дар бисёр ҳолатҳо афроди фиребхӯрда то охирин лаҳза талош мекунанд, то пули худро мустақилона, бидуни муроҷиат ба мақомот бирӯёнанд ваё муроҷиатро ба мақомот беҳуда медонанд. Кормандони мақомот низ гоҳо барои паст нашудани нишондиҳандаҳои худ ваё дар сурати дар паси афроди муттаҳам ба қаллобӣ қарор додани ягон нафари пурнуфуз аз сабти шикоятҳои шаҳрвандони фиребхӯрда саркашӣ мекунанд.