ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МУНОҚИШАИ ХУНИН ДАР БОЗОРИ ВАҲДАТ ВА ДУ ҒОРАТГАРӢ ДАР ЯК ШАБ ДАР КӮЧАИ ҶОМИИ ПОЙТАХТ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 23 апрели соли 2024

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар заминаи ҷангу ҷанҷол

121

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Гумонбаршаванда шоми 19-уми апрели соли 2024, тахминан соати 19:30-дақиқа, дар ҳудуди бозори марказии шаҳри Ваҳдат бинобар сабаби баҳси байнашон бавуҷудомада, бо марди 46-солаи сокини шаҳри мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо истифода аз олоти буррандаю халанда ба шикамаш 1 маротиба зарба зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дастгир гардидани ду нафар бо ҷурми ғоратгарӣ

18

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28 ва ҷавони 20-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.

Гумонбаршавандагон, 19-уми апрели соли 2024, шабона ҳангоми дар кӯчаи А.Ҷомии шаҳри Душанбе қарор доштанашон тариқи ошкоро аз ҷайби ҷавони 18-солаи сокини пойтахт телефонии мобилии тамғаи «Redmi» ва 220 сомониашро тасаруф намуда аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 720 сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин, гумонбаршавандагон шаби 19-уми апрели соли 2024, тахминан соати 22-30-дақиқа, боз ҳам дар ҳамон кӯчаи Ҷомии пойтахт, бе ягон асос марди 30-солаи сокини пойтахтро зери лату кӯб қарор дода, тариқи ошкоро ва зӯроварӣ аз дохили ҷайбаш 500 сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи “Нокия”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 900 сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани қаллобӣ дар ҳаҷми 250 ҳазор сомонӣ

28

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 36-солаи сокини шаҳри Хуҷанд моҳи августи соли 2020 бо роҳи фиреб ба боварии марди 46-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров даромада, бо мақсади фурӯхтани қитъаи замин аз ӯ 250 ҳазор сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол барнагардонидааст.

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button