ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ 4 НАФАР ДАР 4 САДАМА ДАР КӮШОНИЁНУ ШАҲРИСТОН ВА КОНИБОДОМУ ДАНҒАРА

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзҳои 19 ва 20 апрели соли 2024 дар 4 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 4 нафар ба ҳалокат расида, 8 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Аз ҷумла шоми 19-уми апрели соли 2024, тахминан соати 20:10, ронандаи мошини тамғаи “Тойота-Кемри”, Юсупов Аҳлиддин Қаҳорович, соли таваллудаш 1966, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти С.Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини боркаши тамғаи “МАН”, таҳти идораи ронанда, Ғафоров Лангарӣ Хизралиевич, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Фархор, бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи Тойота-Кемри”, Юсупов А.Қ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Шоми 20-уми апрели соли 2024, тахминан соати 20:30, ронандаи мошини тамғаи «ВАЗ 21-08», Шокиров Абдуҷаббор Исмонович, соли таваллудаш 1959, сокини шаҳри Исфара, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти шаҳри Конибодом дар роҳи автомобилгарди “Конибодом-Хуҷанд”, дар канори роҳ дучархарон Шарипов Соҳибҷон Ғаниҷонович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, Шарипов С.Ғ. аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Нимаи дуюми рӯзи 20-уми апрели соли 2024, тахминан 17:00, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Мамадёров Нуриддин Иброҳимович, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Шаҳристон, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Чаноқ”, дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон ба дучархаи скутер, таҳти идораи ронанда Ҷӯраев Равшанқул Аҳмадович, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи мазкур, бархӯрдааст. Дар натиҷаи бархӯрд мошини мазкур самти ҳаракаташро гум карда, ба роҳи муқобил баромада, ба мошини сабукрави тамғаи «Мерседес Бенс», таҳти идораи Раҷабов Беҳзод Раҳмонқулович, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Панҷакент, ки аз самти шаҳри Панҷакент, ба самти шаҳри Хуҷанд бо роҳи худ ҳаракат дошт, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи дучархаи скутер Ҷӯраев Р.А. бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандагони ҳардуи мошинҳо ва 5 нафар мусофирони онҳо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.
Асри 20-уми апрели соли 2024, тахминан соатҳои 18:30, дар роҳи автомобилгарди “Бохтар – Данғара” дар километри 46-ум, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Гулов Шобидин Ҳиматович, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти чапи роҳ баромада, мошинро чаппа намудааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили мошини мазкур Саидова Мавлуда Анваровна, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Кӯшониён ба саломатиаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва ронандаи воситаи нақлиёти мазкур бо бардоштани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамҳои марговар роҳҳои пурхатар дониста мешаванд. Соли 2023 дар роҳҳои ҷумҳурӣ дар 1111 садама 519 нафар ба ҳалокат расида, 1179 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Соли 2022 бар асари 1096 садама др роҳҳои Тоҷикистон 416 нафар ҷон бохта, 1197 нафар ҷароҳат бардошта буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button