ВидеоКоррупсияТоҷикистон

АДВОКАТ ЧАЛИШОВ БА ТАСАРРУФИ 200 ҲАЗОР СОМОНӢ ПУЛИ 2 МУШТАРИЯШ АЙБДОР МЕШАВАД

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 23 апрели соли 2024 дар бораи ба додгоҳ ирсол шудани парвандаи адвокат Чалишов Р.С. аз коллегияи адвокатҳои “Кафолат” хабар дод. Аз маводи парванда бармеояд, ки ин адвокат аз коллегияи адвокатҳои “Кафолат” маҳз бо кафолати ваъдаҳое, ки ба муштариёни худ дод, мушкил пайдо кардааст. Чалишов ба он айбдор мешавад, ки бо роҳи фиреб аз хешу табори ду нафари таҳти ҳимояташ бо ваъдаи кам кардани муҳлати ҷазои онҳо 200 ҳазор сомонӣ, ё беш аз 18 ҳазор доллар гирифта, ин пулҳоро ба манфиати худ сарф кардааст ва ба манфиати он ду бечора коре накардааст.

Худи Чалишов ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия гуфт: “Чалишов Р.С. аз 29 декабри соли 2022 то инҷониб дар вазифаи адвокати Коллегияи адвокатҳои “Кафолат” кору фаъолият намуда, зимни фаъолияти кориаш дар рафти баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбати шаҳрвандон А.О.С. ва Р.Б.И. бо моддаҳои 130 ва 250 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар додгоҳи ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе ба ҳайси адвокат иштирок варзида, аз ҳолати оҷизии наздикони судшавандагон моҳирона истифода бурда, аз онҳо бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ барои мусоидат кардан ҷиҳати аз тарафи суд нисбати зерҳимоягонаш кам таъин кардани муҳлати ҷазо маблағи 200 000 сомонӣ талаб намуд.  Хешовандони судшавандагон А.О.С. ва Р.Б.И. аз ноилоҷӣ ба талаби ғайриқонунии Чалишов Р.С. розӣ шуда, ба номбурда моҳи июли соли 2023 дар ҳудуди шаҳри Душанбе маблағи 200 000 сомониро дастрас намуданд, ки дар натиҷа Чалишов Р.С. баъди гирифтани ин миқдор маблағ ба манфиати зерҳимоягонаш ягон амали муайянро иҷро накарда, маблағҳоро тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф кард”.

Моддаи 130 марбут ба ҷиноятҳои одамрабоист ва моддаи 250 – тамаъҷӯӣ. Ҳарду банди қонун барои муттаҳамон то 20 соли зиндонро ҳамчун ҷазо пешбинӣ мекунад.

 Агентӣ гуфт, оид ба ҳолати мазкур нисбат ба Чалишов Р.С. бо моддаи 247, қисми 4, банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми қаллобӣ ба маблағи махсусан бузург парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ ирсол карда шудааст.  Акнун ба худи Чалишов ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда = 72 сомонӣ, ё тақрибан 6,5 доллар) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 8 то 12 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол ё бидуни он таҳдид мекунад.

Нозирони умур бар инанд, ки адвокатҳо дар низоми адлияи Тоҷикистон нақши чандоне надоранд ва аксараш ҳамчун миёнарав барои аз хешовандони айбдоршавандагон гирифтану ба муфаттишон ё ба додрасҳо додани пора бо ваъдаи камтар кардани ҷазои онҳо амал мекунанд.

Чандин адвокате, ки мехостанд ин қолабро шикананд ва мустақилона амал кунанд, аз ҷумла Шуҳрат Қудратов, Фахриддин Зокиров, Бузургмеҳр Ёров, Нуриддин Маҳкамов, Саиднуриддин Шамсиддинов, Иззат Амон, Фаромӯз Иргашев, Манучеҳр Холиқназаров бо парвандаҳои зоҳиран сохта дастгир гардида ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Аз ин миён танҳо ду нафар: Фахриддин Зокиров ва Шуҳрат Қудратов баъди адои ҳукмаш аз зиндон озод шуданд. Шуҳрат Қудратов баъди раҳоияш тарки Тоҷикистон кард ва ҳоло дар Русия ҳамчун адвокат фаъолият дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button