ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МАСТӢ БА ПАСТӢ МЕБАРАД: 15 ШАБОНАРӮЗ ҲАБС ВА 5 СОЛ АЗ ҲАҚҚИ РОНАНДАГӢ МАҲРУМ ШУДАНИ ДУ РОНАНДА

Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон рӯзи 21 апрели соли 2024 аз боздошт, 15 шабонарӯз ҳабс ва барои 5 сол аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳроум шудани ду ронандае хабар дод, ки дар шаҳри Бохтар мастомаст мошин рондаанд. Милитсия гуфт, ин ду нафар дар ҷараёни як рейд дастгир шуданд.

Бо мақсади ошкору муайян намудани қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат дар роҳ, пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва танзими ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт ҳамарӯза аз ҷониби кормандони БДА дар вилояти Хатлон рейду амалиёт ва чорабиниҳои пешгирикунанда ба роҳ монда шуда, қоидавайронкуниҳои зиёде аз тарафи ронандагон ошкор карда мешаванд.

Милитсия мегӯяд, ҳарчанд ҷиҳати нигоҳ доштани бехатарии ҳаёту саломатии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ҷавобгарӣ барои дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт вазнин гардида бошад ҳам, мутаассифона, бархе аз ронандагон бо беэътиноӣ ба қонунҳои амалкунанда дар ҳолати сархушӣ пушти чанбараки автомашина менишинанд, ки чунин амали онҳо метавонад ба оқибатҳои фалокатбор анҷомад. Чунончӣ:

ронандаи автомашинаи тамғаи «Дэу-Сиелло», рақами қайди давлатиаш 22-18 РТ 03 шаҳрванд Сафаров Умедҷон соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Кӯшониён;

ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатиаш 08-01 АМ 03, шаҳрванд Файзалиев Акрамҷон, соли таваллудаш 1979, сокини шаҳри Бохтар аз ҷониби нозирони роҳи шаҳри Бохтар боздошт ва барои дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт нисбаташон тибқи талаботи моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Худи ин ронандагон барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба иттилои милитсияи Хатлон, бо қарори додгоҳи шаҳри Бохтар нисбат ба ронандагони сархуш ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати 5 сол татбиқ карда шуд.

Возможно, это изображение 2 человека и текст
Возможно, это изображение 2 человека, автомобиль и текст «0801 0801AM03 AMO3»

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button