ДАР БОХТАР 2 АВБОШ МУАЛЛИМРО ДАР ПЕШИ ЧАШМИ ШОГИРДОНАШ ТАҲҚИРУ ЛАТТУКӮБ КАРДААНД (4 АКС)
Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон рӯзи 21 апрели соли 2024 аз боздошти ду ҷавони авбош, ки муаллими мактаби миёнаи №7-ро дар байни дарс аз синфхона берун бароварда, дар пеши чашми шогирдонаш таҳқиру латтукӯб кардаанд ва ба ҷараёни дарс халал расондаанд, хабар дод.
Бино ба иттилоияи милитсияи Хатлон, дар натиҷаи баргузории чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ шаҳрвандон:
- Достонов Қосим Сӯҳробович, соли таваллудаш 2002, сокини кӯчаи Вализодаи шаҳри Бохтар, пеш бо моддаи 237, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷурми авбошӣ зиндонӣ шудааст;
- Воҳидзода Исомиддин Ҷалолиддин, соли таваллудаш 2002, сокинони кӯчаи Хатлони шаҳри Бохтар дастгир карда шуданд.
Милитсияи Хатлон гуфт, дар ҷараёни тафтиш муайян карда шуд, ки Қосим Достонов ва Исомиддин Воҳидзода ба ҷинояти авбошӣ, яъне дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ки беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад ва бо истифодаи зӯроварӣ ба ҳаёту саломатии шаҳрвандон дар ҳайати гурӯҳӣ сурат гирифтааст, даст задаанд.
Худи ин ду ҷавони дастгиршуда ваё наздикони онҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино фарзияи милитсия: “Дастгиршудагон аз ҳиссиёти баланди авбошӣ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 шаҳри Бохтар ҳозир гардида, омӯзгори муассисаи мазкур Зиёзода С. Р-ро, ки ба хонандагон дарс мегуфт, ба долони мактаб даъват намуда, нисбаташ дашному ҳақоратҳои қабеҳ кардаанд ва ӯро мавриди латту кӯб қарор дода, ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ расониданд. Ҳарчанд атрофиён аз онҳо дархост кардаанд, ки амалҳои ғайриқонуниашонро қатъ кунанд, ба суханони касе эътибор надода, муддати тӯлонӣ тартиботи ҷамъиятӣ ва рафти дарсомӯзиро дар дохили муассисаи мазкур дағалона вайрон кардаанд”.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати дастгиршудагон Қосим Достонов ва Исомиддин Воҳидзода бар асоси моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, ҳардуро ба ҳабси пешакӣ гирифтаанд.
Милитсияи Хатлон гуфт, тафтиши ин парванда идома дорад. Ба дастгиршудагон бар асоси моддаи 237 ҳамчун ҷазо аз 2 то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.
Дар бораи сабаби аз гиребони муаллим гирифтани ин ду ҷавон дар хабар чизе гуфта нашудааст. Вале дар Тоҷикистон маъмулан бародарҳои калонтар ба ҳимоят аз додар ё хоҳарони мактабхони худ ба мактаб омада, бо муаллимҳо “разбор” мекунанд.
Аксари корбарон рафтори ин ду ҷавони авбошро ҳамчун як амали нисбат ба устод комилан ғайри қобили қабул маҳкум карда, хостори ҷазои сангин барои онҳо шудаанд. Бархе корбарон пешниҳод кардаанд, ки ҳардуро “рост ба қисми ҳарбӣ баранд”, то ки тайи ду соли хидмат ақлашон ба сарашон бидарояд ва эҳтироми муаллимро ёд бигиранд.