ИЛҲОМ САЙРАҲМОНЗОДА ДАР ИТАЛИЯ БО ДАРХОСТИ ВКД ТОҶИКИСТОН ДАСТГИР ШУДААСТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон шоми 9 апрели соли 2024 бо нашри як изҳороти алоҳида тасдиқ кард, ки шаҳрванди тоҷик Илҳом Сайраҳмонзода аз соли 2018 барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ – террористӣ дошта дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт” ва дар шаҳри Рим, пойтахти Италия бо дархости мақомоти Душанбе ва “зимни ҳамкориҳои муштараки ҷонибҳо дастгир шуд. ВКД Тоҷикистон гуфт, ҳоло ҷиҳати истирдоди Сайраҳмонзода аз Италия ба Тоҷиктстон “тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст”.

Матни пурраи изҳороти ВКД Тоҷикистон чунин аст:

“Тибқи иттилои васоити ахбори омма шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ташкилоти экстремистӣ – террористии «Давлати Исломӣ» Сайраҳмонзода Илҳом, дар шаҳри Рими Италия дастгир карда шудааст.

Вобаста ба иттилои мазкур маркази матбуоти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар ҳақиқат шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайраҳмонзода Илҳом, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, бо дархости Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Рими давлати Италия дастир карда шудааст.

Номбурда аз ҷониби БММ Интерполи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи июли соли 2018 барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ – террористӣ дошта дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дорад.

Бояд тазаккур дод, ки номбурда зимни ҳамкориҳои муштараки ҷонибҳо дастгир карда шудааст.

Айни ҳол ҷиҳати истирдод (экстрадиция) намудани Сайраҳмонзода Илҳом ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст”.

Қаблан хабаргузории ANSA бо такя ба пулиси Италия хабар дод, ки субҳи душанбе, 8 апрели соли 2024 дар фурудгоҳи “Фюмичино” дар шаҳри Рим, пойтахти Италия як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки бо иттиҳоми узвият дар созмони террористии ДОИШ таҳти ҷустуҷӯ қарор дошт, дастгир кардаанд. Вазири корҳои дохилии Италия Маттео Пиантедози боздошти шаҳрванди Тоҷикистонро “натиҷаи хеле муҳими кори мӯшикофонаи пулис” номид.

Гуфта мешавад, ин марди соли таваллудаш 1992 замоне дастгир шуд, ки бо ҳавопаймо аз шаҳри Эйндҳовени Ҳолланд ба Рим меомад. Ҳангоми тафтиши аснодаш маълум шудааст, ки ӯ ҳанӯз соли 2014 ба ДОИШ пайваста, ба Сурия рафтааст ва ба ин далел, ба зидди ӯ дар Тоҷикистон парванда кушода, таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарораш додаанд.

Исми марди дастгиршуда нашр нашудааст. Пулиси Италия танҳо ду ҳарфи аввали ному насаби ӯро ошкор кард, ки С.И. будааст. Пулис гуфт, ки С.И. бо мақсади пинҳонкорӣ ва фирор аз боздошт аз номҳои гуногун ва аз шиносномаҳои қалбакӣ истифода мебурд ва худро гоҳ аз Ӯзбекистону гоҳ аз Қирғизистон ва гоҳо аз Украина муаррифӣ мекард.

Расонаҳои Италия баъдан хабар доданд, ки нафари дастгиршуда Илҳом Сайраҳмонзода ном дошта, қабла ба ҷурми қочоқи силоҳ дар Украина маҳкум ба зиндон шуда буд. Ӯ моҳи июли соли 2023 дар Белгия низ боздошт шуда буд, вале хеле зуд озодаш карданд.

Дар вақтҳои охир ин ягона ҳолати бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ДОИШ дар кишварҳои Аврупо ба даст афтодани зодагони Тоҷикистон нест. Моҳи декабри соли 2023 чанд зодаи Тоҷикистон дар Австрия ва Олмон бо иттиҳоми омодагӣ ба анҷоми ҳамла дар рӯзҳои иди Мавлуди Масеҳ дар калисоҳои Вена ва Кёлн дастгир шуданд.

27 марти соли 2024 вазири корҳои дохилии Словакия Матуш Шутай-Эшток дар парлумон хабар дод, ки як шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо як созмони террористии марбут ба ДОИШ робита дошт, мехост худро гуреза вонамуд карда, аз Украина тавассути Словакия ба қаламрави Иттиҳоди Аврупо ворид шавад, вале дастгир шуд. Шутай-Эшток исми ин зодаи Тоҷикистонро ошкор накард, вале расонаҳои Словакия бо такя ба манобеи худ хабар доданд, ки ӯ Амриддин Холмуродов аст.

Холмуродов, ки 37 сол дорад, ҳанӯз моҳи феврали соли 2022 дар марзи Украина бо Словакия дастгир шуда, то моҳи январи соли 2024 дар боздоштгоҳи Кошитсе, дуюмин шаҳри бузурги Словакия қарор дошт. Баъди раҳоияш аз боздошт ӯ Словакияро тарк кардааст.

Дар Тоҷикистон Амриддин Холмуродов бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ ба барангехтани кинаю адовати динӣ, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ ва даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ айбдор мешавад. Аммо мухолифини тоҷик дар Аврупо иддао доранд, ки Холмуродов барои мавқеи сиёсиаш таҳти таъқиб қарор гирифтааст, чунки гӯё қаблан дар шабакаи “Однокласники” бо номи “Муҳаммадҷон Умаров” сиёсати ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард.

Ҳамин тавр, 22 марти соли 2024 чор нафари мусаллаҳ ба толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав, пойтахти Русия ҳамла карда, мардумро тирборон карданд. Дар натиҷаи тирборон ва сӯхтори баъдӣ 144 кас кушта шуд. Бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҳамла то имрӯз дастикам 17 нафар дастгир шудаанд, ки 15 нафараш, аз ҷумла 4 муттаҳами асосӣ, аз Тоҷикистонанд.

Дар ҷараёни тафтиш ҳамчунин маълум шуд, ки ду тан аз ҳамлагарон дар моҳҳои январ ва феврали соли 2024 барои муддати тӯлонӣ ба Туркия рафта будаанд. Гумон меравад, ки онҳоро барои машқ додан ба пойгоҳҳои махфии гуруҳҳои террористӣ бурдаанд.

Бино ба хабарҳо, дар асоси баёноти додаи Фаридуни Шамсиддин, ки ӯро саркардаи ҳамлагарон мешуморанд, ахиран дар гӯшаҳои гуногуни Туркия 51 нафарро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ДОИШ дастгир карданд. Маълум нест, ки чанд нафар аз ин дастгиршудагон зодагони Тоҷикистонанд, вале ахиран алоҳида хабар дода шуд, ки шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон Фозилҷон А. ва шарики 41-солаи ӯ аз Қирғизистон бо номи Зулфия бо иттиҳоми омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ дар Туркия дастгир шуданд.

Зодагони Тоҷикистонро дар анҷоми чандин ҳамлаи хунин дар Афғонистону Эрон низ айбдор мекунанд. Иштироки рӯзафзуни зодагони Тоҷикистон дар ҳамлаҳои террористии ДОИШ ва дигар гуруҳҳои террористӣ дар кишварҳои гуногун мояи нигарониҳои ҷиддӣ дар Душанбе шудааст. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи март дар мулоқот бо ходимони дин хабар дод, ки 3 соли охир дастикам 24 зодаи Тоҷикистон дар 10 кишвари гуногун даст ба ҳамлаҳои террористӣ задаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button