ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

ҲАБСИ АЛИШЕР ҚОСИМОВ — МУТТАҲАМИ ҲАШТУМ ДАР ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР КРАСНОГОРСК

Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав рӯзи 26 марти соли 2024  зодаи Қирғизистон Қосимов Алишер Ҳотамовичро бо иттиҳоми ҳамдастӣ дар ҳамлаи хунини шоми 22 март дар шаҳри Красногорск барои қариб 2 моҳ, яъне то 22 майи соли 2024 ба ҳабси пешакӣ гирифт. Алишер Қосимов бар асоси моддаи 205 Кодекси ҷиноятии Русия ба даст доштан дар амали террористӣ айбдор мешавад. Мурофиаи ӯ пушти дарҳои баста сурат гирифт.

Алишер Қосимов алакай нафари ҳаштум аст, ки дар робита ба ҳамлаи Красногорск ба ҳабс гирифта мешавад. 7 нафари қаблӣ ҳама зодагони Тоҷикистон буданд.

Хадамоти матбуоти додгоҳҳои Маскав дар бораи иттиҳоми зидди Алишер Қосимов ягон тафсилот надодааст, вале бино ба гузоришҳои расонаҳои Русия, ӯро ба он айбдор мекунанд, ки хонаашро дар Красногорск ба яке аз ҳамлагарон ба иҷора додааст.

Алишер Қосимов 32 сол дошта, соҳибкор аст ва дар деҳаи Путилково дар канори Красногорск як чойхона дорад. Ӯ зодаи шаҳри Ӯш дар ҷануби Қирғизистон буда, шаҳрвандии Русияро ба даст овардааст. Алишер Қосимов се фарзанд дорад ва қаблан ягон бор суд нашудааст.

Ӯ дар мурофиаи додгоҳӣ гуфт, ки хонаашро дар Красногорск бо ҳипотека (қарзи бонк) гирифта буд ва тавассути сомонаи интерентии “Авито” ба иҷора медод. Алишер Қосимов гуфт, ӯ дарак надошт, ки иҷорашинаш ба чӣ коре машғул аст. Ӯ гуфт, дар аввал мехост ягон иҷорашини рус биёбад, вале дар ниҳоят ба ваъдаи Фаридуни Шамсиддин дода шуд, ки гуфтааст, пули иҷораро сари вақт хоҳад супурд. Қосимов гуфт, ҳатто пай намебурд, ки Фаридуни Шамсиддин метавонад бо гуруҳҳои террористӣ иртибот дошта бошад.

Падару модари Алишер Қосимов низ дар назди бинои додгоҳ бо журналистон суҳбат карданд. Модараш гуфт, ки Алишер ин хонаи наҳсро бо қарзи ҳипотека харида буд ва ба ҳамин сабаб ба иҷора медод, то ки пули қарзи бонкро зудтар ҷамъ биорад.

“Ӯ заҳматкаш аст хеле, аз субҳи барвақт то нисфи шаб кор мекунад. Писари ман бо террористон ягон алоқа надошт”, –  гуфт модари Алишер Қосимов ашк дар чашм.

Фаридуни Шамсиддинро раҳбари гуруҳи ҳамлагарон ба “Крокус Сити Ҳолл” мешуморанд. Ёдовар мешавем, шоми 22 март бар асари ҳамлаи мусаллаҳона болои издиҳом дар толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар Красногорск дастикам 139 кас кушта шуданд. Масъулияти ҳамларо гуруҳи террористии ДОИШ ба дӯш гирифт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button