Коррупсия

ДАР НОҲИЯИ СИНО МАНСАБИ САРМУҲОСИБИ ДЭУ-РО 100 ҲАЗОР СОМОНӢ “НАРХ” КАРДААНД

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 12 марти соли 2024 аз ошкор шудани як ҳолати фурӯхтани вазифаи сармуҳосиб дар як идораи давлатӣ хабар дод. Маълум мешавад, як корманди корчаллони муассисаи давлатии «Истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе» мансаби сармуҳосиби ин идораро 100 ҳазор сомонӣ (беш аз 9 ҳазор доллар) “нарх” карда, аз як муддаии ин мансаб ин миқдор пулро гирифтааст.

 Ҳарчанд харидуфурӯши вазифаҳо дар идораҳои давлатии Тоҷикистон аз касе пӯшида нест ва ба як амри роиҷ табдил ёфтааст, вале мавридҳои ошкоршудаи харидуфурӯши вазифаҳо хеле нодиру ангуштшуморанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии зидди коррупсия, “Файзов А.Ш. дар вазифаи саркори муассисаи давлатии «Истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе» кору фаъолият намуда, дар давраи фаъолияти кориаш, тахминан аввалҳои моҳи апрели соли 2022 бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Қурбонов К. даромада, аз ӯ бо ваъдаи таъин намудан ба вазифаи сармуҳосиби муассисаи болозикр маблағи 100 000 сомониро гирифт. Минбаъд Файзов А.Ш. ба манфиати Қурбонов К. ягон амали муайянро иҷро накарда, ин маблағро тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намуд, ки бо ин кирдори қасдонаи худ ба охирон зарари махсусан калони моддӣ расонид”.

Тафсилоти дигари ҳодиса маълум нест. Худи Файзов А.Ш. ва ҷабрдида Қурбонов К. ё адвокатҳои онҳо барои шарҳи мустақими моҷаро дастрас нестанд. Ин ҳам маълум нест, ки оё ба Қурбонов барои кӯшиши харидани мансаби давлатӣ ягон ҷазо таҳдид мекунад ё на?

Муассисаҳои  давлатии «Истифодабарии роҳҳо” дар байни мардум бо номи ДЭУ маъруф буда, умури роҳҳо, аз ҷумла тоза кардану кабудизоркуниии роҳу кӯчаҳоро бар дӯш доранд.

 Агентии зидди коррупсия гуфт, оид ба  ҳолати мазкур нисбати Файзов А.Ш. бар асоси моддаи 247,  қисми 4, банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми қаллобӣ ба маблағи махсусан бузург парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

Ба Файзов бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо барои вазифафурӯшӣ ҷарима ба маблағи аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда = 72 сомонӣ, ё тақрибан 6,5 доллар) ваё аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Тоҷикистон аз давлатҳои фасодзадаи дунё ба шумор рафта, дар раддабандии имсолаи солонаи Индекс ё Шохиси фарогирии коррупсия дар соли2023 якбора 12 зина поён рафта, дар байни 180 кишвар дар мақоми 162, яъне дар байни 20 давлати аз ҳама фасодзадаи сайёра ҷой гирифт.

Тоҷикистон дар ин раддабандӣ ҳатто аз кишварҳои африқоии Конго, Гвинеа-Биссау ва Эритрея  қафо монда, ҳамроҳ бо Афғонистону Мянма (Бирма) ва 4 кишвари дигари қораи Африқо:  Бурунди, ҷазираҳои Комор, Чад ва ҷумҳурии демократии Конго дар як зина қарор дорад.

Аз байни кишварҳои минтақа натиҷаи аз Тоҷикистон ҳам пасттарро танҳо Туркманистон дорад, ки бо 18 имтиёз дар зинаи 170 ҷой гирифт. Қирғизистону Русия ҳарду 26 имтиёз дошта, дар зинаи 141, Ӯзбекистон бо 33 имтиёз дар зинаи 121 ва Қазоқистон бо 39 имтиёз дар зинаи 93 ҷойгир шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button