ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР НОҲИЯИ ЛАХШ ЯК ТИФЛИ 8-СОЛА ДАР ДАРЁ ҒАРҚ ШУДААСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 13 марти соли 2023 хабар дод, ки рӯзи 12 март дар Тоҷикистон як тифл дар дарё ғарқ шудааст.

Ин ҳодисаи нохуш дар ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол) дар водии Рашт дар шарқи Тоҷикистон рух додааст. Рӯзи 12 марти соли 2024, соати 16:11, як кӯдаки 8-солаи сокини деҳаи Бушолони ҷамоати Сурхоб ба дарёча афтода, ғарқ шудааст. Бушолон то соли 2022  Шилбилӣ ном дошт.

Сокинони маҳаллӣ ҳамроҳ бо кормандони шуъбаи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Лахш ба ҷустуҷӯи ҷасади кӯдак пардохта, танҳо баъди панҷуним соати ҷустуҷӯҳо, соати 21:46 шаби 12 март тавонистаанд ҷасади кӯдаки ғӯррамаргро пайдо карда, аз об берун бикашанд ва барои гӯручӯб ба хешовандонаш бисупоранд.

Тафсилоти дигари ҳодиса дастрас нест.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар пайи ин ҳодисаи нохуш бо изҳори ҳамдардӣ ба волидону наздикони кӯдаки ғӯррамарг бори дигар аз волидон хостааст, ки бо фарзандони худ доимо дар бораи риояи қоидаҳои бехатарӣ дар лаби кӯлу дарёҳо, бахусус дар ин оғози фасли баҳор, ки гармшавии ҳаво яхи дарёҳоро хеле тунук мекунад, суҳбатҳо гузаронанд.

Бар асоси омори расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, соли 2023 дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон 181 нафар, аз ҷумла 75 кӯдаку навраси то синни 16 ғарқ шуданд. Соли 2022 дар ҷумҳурӣ 160 нафар, аз ҷумла 80 кӯдаку навраси то синни 16 ғарқ шуда буд.

Ин омор баёнгари он аст, ки тақрибан нисфи ғарқшудагонро дар Тоҷикистон ноболиғон ташкил медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button