ВидеоНуқтаи назарТоҷикистонФарҳангҲуқуқи инсон

ДОДГОҲИ ОЛӢ: АБДУХАЛИЛ ХОЛИҚЗОДА БА 9 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУДААСТ, НА БА ШАШУНИМ СОЛ

Додгоҳи олии Тоҷикистон Абдухалил Холиқзода, муаллифи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”-ро 9 сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Дар ин бора рӯзи 7 марти соли 2024 шуъбаи иттилооти Додгоҳи олӣ дар посух ба дархости хабаргузории “Азия Плюс”  иттилоъ додааст.

Қаблан манобеи ғайрирасмӣ хабар дода буданд, ки Додгоҳи олӣ рӯзи 22 феврали соли 2024 муаллифи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” Абдухалил Холиқзода, муҳаррири ин китоб Абдуқодири Рустам ва ношири он мудири нашриёти “Эр Граф” Сӯҳроб Раҷабзодаро бар асоси қисми дуюми моддаи 189 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар барангехтани кинаю адовати иҷтимоӣ аз ҷониби гуруҳи шахсон гунаҳкор шинохта, Абдухалил Холиқзодаро ба 6 солу 6 моҳи зиндон, Абдуқодири Рустамро ба 4 солу 6 моҳи зиндон ва Сӯҳроб Раҷабзодаро ба як соли зиндон маҳкум кард.

Шуъбаи иттилооти Додгоҳи олии Тоҷикистон дар посухаш ба “Азия Плюс” навиштааст, ки Холиқзода Абдухалил Абдуҳамид  нафақат бо модда 189, қисми 2, балки ҳамчунин бар асоси моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба қочоқ ба миқдори зиёд гунаҳгор дониста шуда, нисбат ба ӯ ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 9 (нуҳ) сол ва ҷарима ба андозаи 1200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 76 800 (ҳафтоду шаш ҳазору ҳаштсад) сомонӣ таъйин карда шудааст.

Ҳукмро коллегияи додгоҳӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Додгоҳи олӣ рӯзи 22-юми феврали соли 2024 содир кардааст. Бар асоси ҳукми додгоҳ, ба Рустам Абдуқодир бар асоси моддаи 189,  қисми 2 ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 4 (чор) солу 6 (шаш) моҳ таъйин карда шудааст. Раҷабзода Сӯҳроб Тоир ба як соли зиндон маҳкум шудааст, вале на бар асоси қисми дуюми моддаи 189, балки бо моддаи 295,  қисми 1 (сӯиистифодаи ваколат аз ҷониби кормандони муассисаҳои тиҷоратӣ ва муассисаҳои дигар).

Парвандаи китоби Холиқзода яке аз пурсарусадотарин парвандаҳои вақтҳои охир дар Тоҷикистон ба шумор рафта, дар ҷомиа сарусадои зиёде ба вуҷуд овард.

Ин парвандаро Додситонии кулли Тоҷикистон  моҳи августи соли 2023 оғоз карда, дар аввали моҳи январи соли 2024 ба Додгоҳи олӣ супурд ва баррасиаш 19 январ оғоз ёфт. Ҳарчанд парванда муҳри махфӣ надошт, вале Додгоҳи олӣ мурофиаро дар толори СИЗО №1 баргузор кард ва ба хабарнигорон ва намояндагони ҷомиа ба далели “режими махсуси боздоштгоҳ” иҷозаи иштирок дар онро надод. Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ моҳе пеш дар нишасти хабариаш эътироф кард, ки ин парванда махфӣ нест, вале ба сабаби “набудани толори муносиб” мурофиааш дар бинои СИЗО ва бе иштироки аҳли ҷомиа мегузарад.

Ҷилди аввали китоби ёддоштҳои Абдухалил Холиқзода бо номи “Моҷарои рафта” соли 2019 ва ҷилди дуюми ёддоштҳояш бо номи “Ҳаводиси рӯзгори ман” моҳи марти соли 2023 нашр шуд. Вале моҳи июни соли 2023 дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар атрофи ин китоб баҳси гарме барпо шуд ва бархе корбарон Холиқзодаро ба маҳалгароӣ ва паст задани шаъну эътибори намояндагони минтақаҳои дигари Тоҷикистон айбдор карданд. Як иттиҳоми умда ба зидди муаллиф дар китобаш ҷой додани қиссаи ҷавонзане аз Ховалинг буд, ки дар солҳои бистуми асри 20 аз ҳамлаи Артиши Сурх ҳамроҳи шавҳараш ба Афғонистон паноҳ мебарад ва дар онҷо аз ҷониби як қизилбоши маҳаллӣ мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор мегирад.

Абдухалил Холиқзода рӯзи 7 августи соли 2023, Сӯҳроби Раҷабзода 14 август ва Абдуқодири Рустам 31 август дастгир шуданд.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 15-уми август дар нишасти хабариаш гуфт, ки фармони боздошти Абдухалил Холиқзодаро шахсан худи ӯ додааст: “Ман худам дастури боздошташро додам. Ба ҷои шукргузорӣ аз сиёсат ва шароит, ба танқиди шадиди он, таҳқири миллати тоҷик, ба ҷудо намудани минтақаҳои гуногуни мамлакат, ба таҳқир намудани намояндагони маҳалҳои гуногуни мамлакат, ба кинаю адоват андохтан, аҳолии Тоҷикистонро ҷудо кардан ба мазҳабҳои гуногун, ба динҳои гуногун ва мақсади асосӣ – шӯру ғавғо андохтан, ноорому ноамн намудани мамлакат фаъолияташро равона намуда, дар китобаш “Ҳаводиси рӯзгори ман” ҳамаи ин масъалаҳоро навиштааст”.

Аммо мунтақидон ва мухолифони ҳукумат парвандаи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”-ро ҳамлаи бепарда ба озодии баёни бе ин ҳам дар Тоҷикистон хеле маҳдудшуда номида, маҳкум мекунанд. Ба ақидаи мунтақидон, сабаби аслии таъқиби муаллифи китоб интиқодҳояш аз фазои имрӯзаи кишвар, бахусус аз фишор ба сармоягузорону соҳибкорон ва ба як маризи фарогир табдил ёфтану фасоду коррупсия дар Тоҷикистон асту қиссаи он ҷавонзан танҳо як баҳона шуд.

Бархе манобеъ боздошти муаллиф ва муҳаррриру ношири “Ҳаводиси рӯзгори ман”-ро ба вуҷуди муборизаҳо дар долонҳои ҳукумат ва наздикии Абдухалил Холиқзода бо ду вазири қудратӣ: раиси КДАМ Саймӯмин Ятимов ва вазири дохила Рамазон Раҳимзода рабт медиҳанд.  Бино ба иттилои дарёфтӣ, Холиқзода бо Абдулмӯмин ном бародари Ятимов тиҷорати муштарак дошт ва он қиссае, ки сабаби ҷанҷолу дар ниҳоят ҳабси ӯ шуд, дар китоб аз қавли Раҳимзода нақл карда шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button