КоррупсияҶомеа

МАНЪИ ТУҲФАСИТОНӢ ВА ЗИЁФАТОРОӢ БАРОИ 8 МАРТ ВА ИДИ НАВРӮЗ ДАР МАКТАБҲОИ ДУШАНБЕ

Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе рӯзи 6 марти соли 2024 бо нашри як баёнияи вижа раҳбарони мактабу кӯдакистонҳои пойтахти Тоҷикистонро аз талаб кардани туҳфаву зиёфат  ва ҷамъоварии маблағ бо баҳонаи 8 март ва иди Наврӯз ҳушдор дод. Ин ниҳоди масъули умури муассисаҳои соҳаи маорифи пойтахт чунин кӯшишҳои тӯҳфаситонӣ, ҷамъоварии маблағ ва зиёфатороиро бо баҳонаи идҳои расмӣ бар хилофи қонуни танзими ҷашну маросим ва ҳатто амали коррупсионӣ номидааст.

8 март дар Тоҷикистон қаблан ҳамчунин Рӯзи озодии занон ва ҳоло ҳамчун Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад. 21 март дар Тоҷикистон иди Наврӯз, соли нави форсиро ҷашн мегиранд.

Дар ҳушдори нашршуда дар саҳифаву гуруҳҳои марбут ба идораи маорифи пойтахти Тоҷикистон чунин омадааст:

“Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи роҳбарону кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ва ба таваҷҷуҳи сокинони пойтахт мерасонад, ки тибқи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ва “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” ҷиҳати пешгирии ҳар гуна ҳодисаҳои номатлуб, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ҷамъоварии маблағҳои ғайриқонунӣ, зиёфатороиву туҳфаситонӣ ва ё тарабхона рафтани хонандагону кормандон бахшида ба ҷашнҳои расмӣ, аз ҷумла бахшида ба Рӯзи модар ва ҷашни байналмилалии Наврӯз манъ мебошад.

Сокинони муҳтарам, дар ҳолати аз ҷониби кормандони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе талаб кардани маблағ ва ё туҳфаситонӣ метавонед арзу шикояти худро тариқи телефони боварии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе:  221 30 92, WhatsApp: +992 002 20 40 40 ваё бо почтаи электронӣ: dushanbe@mtu.tj пешниҳод намоед. Арзу шикоятҳои пешниҳодшуда дар доираи қонунгузорӣ барои чораандешӣ ба сохторҳои дахлдор ирсол карда мешавад”.

Ҳар сол дар арафаи рӯзҳои ид, ба хусус қабл аз Соли нав, 8 март ва иди Наврӯз, сокинони Тоҷикистон дар бораи аз онҳо туҳфа тамаъ кардани омӯзгорони мактабҳо ва мураббиёни боғчаҳои кӯдакон ва кӯдакистонҳо зиёд шикоят мекунанд.

Дар арафаи идҳои имсола низ чунин шикоятҳо зиёд буданд. Аз ҷумла чанд рӯз қабл як зани сокини Душанбе дар Фейсбук навишт, ки устодани мактабе, ки фарзандонаш таҳсил мекунанд, аз ҳар хонанда барои иди 8 март 150 сомонӣ ва барои иди Наврӯз 350 сомонӣ талаб кардаанд. Ин шикоят мавҷи интиқодҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд овард ва даҳҳо нафари дигар низ дар бораи аз онҳо низ талаб кардани туҳфаву пул дар арафаи ин ду ид шикоят карданд.

Чунин ба назар мерасад, ки ҳушдори ахири Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе вокуниш ба ҳамин шикоятҳост.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button