ВидеоКоррупсия

ЯК СОҲИБКОР АЗ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ ҚАРИБ 3 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПУЛИ АНДОЗРО НАСУПОРИДАААСТ

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 6 марти соли 2024 аз ошкор шудани як ҳолати саркашӣ аз пардохти андозҳои давлатӣ ба маблағи қариб 3 миллион сомонӣ хабар дод.

Бино ба гузориши маркази матбуоти Агентӣ, Гадойбоев Ф.Б. дар давраи фаъолияташ дар вазифаи директори ҶДММ «Устувор-2017»-и ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳи вилояти Суғд “бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт” аз супоридани андозҳо аз шахсони ҳуқуқӣ саркашӣ кардааст.

“Чунончи, номбурда аз 01 апрели соли 2021 то 01 сентябри соли 2023 бар хилофи талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, бо мақсади саркашӣ намудан аз пардохтҳои андоз, манбаи андозбандишавандаро пинҳон намуда, дар ин замина бо роҳи пешниҳод кардани декларатсияҳои носаҳеҳ ба мақомоти андоз ҷамъ ба маблағи 2 миллиону 212 ҳазору 322 сомонӣ ва бо назардошти ҷаримаву фоизҳо маблағи 2 миллиону 846 ҳазору 643 сомонӣ аз пардохти андозҳои давлатӣ саркашӣ намуд, ки дар натиҷа бо ин кирдори қасдонаи худ ба давлат зарари моддӣ ба миқдори калон расонид”, – гуфта мешавад дар иттилоияи Агентии мубориза бо коррупсия.

Худи Гадойбоев ваё адвокат ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале маркази матбуоти Агентӣ гуфт, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Гадойбоев Ф.Б. бо дастрасии моддаи 292, қисми 2, банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми саркашӣ аз пардохти андозҳо аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ (яъне корхонаву ширкатҳо) ба миқдори махсусан бузург парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Ба Гадойбоев бар асоси қисми дуюми моддаи 292 ҳамчун ҷазо  ҷарима ба андозаи аз 912 то 1460 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (яъне аз 65 ҳазору 664 сомонӣ то 105 ҳазору 120 сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 5 то 8 сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин мӯҳлат таҳдид мекунад.

Бар асоси эзоҳи зери ин банди қонун, саркашӣ аз пардохти андозҳо ба маблағи беш аз 20 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 1 миллиону 420 ҳазор сомонӣ зиёд, саркашӣ ба миқдори калон ва ба маблағи беш аз 37 ҳазору 500 нишондиҳанда, яъне аз 2 миллиону 700 ҳазор сомонӣ бештар алакай саркашӣ ба миқдори махсусан калон арзёбӣ мешавад.

Дар эзоҳи зери ин банди қонун ҳамчунин гуфта шудааст, ки нафар ё нафарони ба ҷавобгарӣ кашонидашуда агар дар ҷараёни тафтиши пешакӣ андозҳои носупурдаашонро бо ҳамаи ҷаримаҳояш пурра пардохт кунанд, аз ҷавобгарӣ озод карда мешаванд. Ҳатто баъди судури ҳукми додгоҳ, агар ҷавобгар қарзи худро аз андоз пурра соф кунад, аз адои ҷазо озод карда мешавад.

Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ (марказаш деҳаи Меҳрон) наздики 25 ҳазор аҳолӣ дошта, дар майдони 3 ҳазору 723 километри мураббаъ дар кӯҳистони Зарафшон дар шимолу шарқи Тоҷикистон ҷойгир шудааст.  Аксари сокинони ин минтақаро дар миёнаҳои асри 20 ба дашти Дилварзин кӯчонида, дар онҷо ноҳияи нави Мастчоҳро ташкил карданд. Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ соли 1996, баъди ба ватани бобоияшон баргаштани шуморе аз мастчоҳиёни муҳоҷиршуда аз нав ташкил шуд.

Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аграрӣ буда, мардумаш асосан ба парваришу картошкаву ғалла ва боғдорию чорводорӣ машғуланд. Ҷамъи заминҳои корами обии ноҳия беш аз 3500 гектар ва заминҳои боғоти Мастчоҳи Кӯҳӣ 450 гектарро ташкил медиҳанд. Ин ноҳия бештар бо картошкааш маъруф буда, майдони заминҳои картошка ҳоло то 2000 гектар васеъ гардидааст. Дар солҳои 90 аз ҷониби вазорати кишоварзӣ ҷиҳати иҷрои Барномаи рушди соҳаи қутоспарварӣ ба ноҳия 440 сар қутос ворид карда шуд буд, ки ҳоло, ба гуфтаи мақомот, саршумори он қариб ду баробар зиёд шудааст. 

Моддаи 292. Саркашӣ аз супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо аз шахси ҳуқуқӣ

(ҚҶТ аз 17.05.2004 № 35)

1) Саркашӣ аз супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо аз шахси ҳуқуқӣ, ки қонун муқаррар намудааст, бо роҳи дидаю дониста ба асноди муҳосибавӣ (бухгалтерӣ) ё декларатсияи андоз дохил намудани маълумоти таҳрифшуда оид ба даромад ва хароҷот ё бо роҳи дигар пинҳон доштани объектҳои андозбандишаванда, ки ба миқдори калон содир шудааст (ҚҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсаду чилу ҳафт то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (ҚҶТ аз 21.07.2010 № 617).

2. Ҳамин кирдор, агар (ҚҶТ аз 17.05.2004 № 35):

а) аз ҷониби шахси қаблан барои ҷинояти дар ҳамин модда ё барои ҷиноятҳои дар моддаҳои 291 ё 293 пешбинишуда, судшуда;

б) ба миқдори махсусан калон содиршуда бошад,

 бо ҷарима ба андозаи аз нӯҳсаду дувоздаҳ то як ҳазору чорсаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (ҚҶТ аз 21.07.2010 № 617).

Эзоҳ: 1) Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ, супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо, ки дар моддаҳои 291, 292 ва 293 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, танҳо дар ҳолате ба миён меояд, ки агар шахс бори аввал ин кирдорҳоро содир намуда, дар давоми чилу ҳашт рӯзи бонкӣ аз рӯзи қабули қарори дахлдори мақомоти гумрук, андоз ва (ё) дигар мақомоти дахлдор, маблағи пардохтҳои гумрукӣ, андозҳо ва (ё) пардохтҳоро бо ҷарима ва фоизҳояш пурра насупорад, инчунин кирдорҳои мазкурро такроран содир намуда, дар давоми бисту чор рӯзи бонкӣ аз рӯзи қабули қарори дахлдори мақомоти гумрук, андоз ва (ё) дигар мақомоти дахлдор маблағи пардохтҳои гумрукӣ, андозҳо ва (ё) пардохтҳоро бо ҷарима ва фоизҳояш пурра насупорида бошад.

2) Агар нисбати шахс бо моддаҳои 291, 292 ё 293 Кодекси мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шӯда, ҳангоми тафтиши пешакӣ ва ё баррасии судии парвандаи ҷиноятӣ шахс маблағи пардохтҳои гумрукӣ, андозҳо ва (ё) пардбхтҳоро бо ҷарима ва фоизҳояш пурра супорад, дар асоси моддаи 72 ҳамин Кодекс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

3) Дар мавриди пас аз баровардани ҳукми суд мақкумшуда маблағи пардохтҳои гумрукӣ, андозҳо ва (ё) пардохтҳоро бо ҷарима ва фоизҳояш пурра супорад, бо қарори суде, ки ҳукм баровардааст, ё суди маҳаллӣ иҷрои ҷазо ва ё суди болоӣ, аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда мешавад.

4) Саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ, аз супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо, ки дар моддаҳои 291, 292 ва 293 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, ҳангоме ба миқдори калон содиршуда ҳисобида мешавад, ки агар маблағи пардохтҳои гумрукӣ, андозҳо ва (ё) пардохтҳои супориданашуда аз бист ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ба миқдори махсусан калон, аз сию қафт ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бештар бошад (ҚҶТ аз 14.11.2016 № 1359).

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button