ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронҶанг дар Украина

СЕРЖАНТИ КАЛОНИ ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН РУСЛАН ҶУМЪАЕВ ДАР УКРАИНА КУШТА ШУД

Рӯзи 1 марти соли 2024 дар шаҳри Оренбург дар ҷануби Русия маросими видоъ бо Руслан Ҷумъаев баргузор шуд. Шаҳрдории Оренбург хабар дод, ки ин зодаи Тоҷикистон, ки 51 сол дошт, дар ҷанги зидди Украина кушта шуд. Бино ба иттилои шаҳрдории Оренбург, сержанти калон Руслан Ҷумъаевро бо риояи ойинҳои ҳарбӣ, яъне бо шиллик кардан ба ҳаво, дар оромгоҳи шаҳрӣ ба хок супурданд.

Руслан Ҷумъаев 24 январи соли 1973 дар Тоҷикистон ба дунё омада, дар ҳаминҷо ба воя расидааст ва дар аввалҳои солҳои 90 омӯзишгоҳи №2-ро дар шаҳраки Ёвон хатм кардааст.

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон Руслан Ҷумъаев дар ҳайъати нирӯҳои мушакӣ (зенитно-ракетные войска) хидмат мекард. Баъди хатми хидмат ва тарки артиш, Ҷумъаев бо аҳли хонаводааш ба Оренбург кӯчид.

Вале баъди шурӯи ҷанги Русия ба зидди Украина Руслан Ҷумъаев бо вазорати мудофиаи Русия қарордод имзо карда, ба ҷанги зидди Украина рафт. Ӯ 19 декабри соли 2023 кушта шуд ва баъди маргаш бо ордени “Мужество” (“Мардонагӣ”) қадрдонӣ гардид.

Дар бораи дар куҷои Украина ва дар чӣ шароит кушта шудани ин зодаи Тоҷикистон маълумоте дастрас нашудааст. Вале дар матни фармони президенти Русия Владимир Путин зикр шудааст, ки сержанти калон Руслан Ҷумъаев баъди маргаш “барои шуҷоат ва фидокорӣ ҳангоми иҷрои вазифаи махсуси ҳарбӣ” бо орден сарфароз гардонда мешавад.

Аз Руслан Ҷумъаев дар Оренбург ҳамсараш ва духтари ӯ Карина боқӣ монданд.

Русия 24 феврали соли 2022 бо баҳонаи гӯё “ҳимоят аз аҳолии русзабони Донбасс” ба Украина ҳамла кард. Тайи ду соли ҷанг, ки мақомоти Русия онро ҳамчунон сарсахтона на ҷанг, балки “амалиёти махсуси ҳарбӣ” ном мебаранд, аз ҳарду тараф наздики 200 ҳазор нафар кушта шуда, тақрибан ним миллион одам захмӣ ва 10 миллион украинӣ гуреза шуданд.

Дар байни кушташудагон даҳҳо тан аз зодагони Тоҷикистон низ ҳастанд, ки ба истиснои як ило ду нафар, аксарияти куллаш  аз тарафи Русия меҷангиданд. Бархеи онҳо тоҷиконеанд, ки шаҳрвандии Русияро гирифта, дар саффи Қувваҳои мусаллаҳи Русия хидмат мекарданд. Бархеаш муҳоҷироне буданд, ки дар ивази ваъдаи маошу имтиёзҳои хуб, аз ҷумла ба осонӣ ба даст овардани шаҳрвандии Русия бо вазорати мудофиаи ин кишвар қарордод баста, ба ҷанг рафтанд.

Дар Украина то имрӯз беш аз 30 маҳбуси тоҷики зиндонҳои Русия низ кушта шудаанд. Ин маҳбусон ба ваъдаи озодии зудтар аз маҳбас дода шуда, бо ЧВК “Вагнер” ё вазорати мудофиаи Русия қарордод имзо карда, ба ҷанги зидди Украина рафта буданд.

Вале дар Тоҷикистон дар байни мардум фикру ақидаҳо дар бораи иштироки зодагони ин кишвар дар ҷанги Русия ба зидди Украина яксон нест. Бархе бар инанд, ки тоҷикистониҳо бояд ба шарики стратегии кишвари худ Русия дар ин ҷанг кумак кунанд ва бо ин роҳ барои ба як миллион тоҷик ҷои кор доданаш ба Русия изҳори сипос кунанд. Вале дигарон ҷанги Русия ба зидди Украинаро як ҷанги ноодилона ва барои тоҷикистониҳо як ҷанги бегона медонанд ва иштироки зодагони Тоҷикистон дар ин ҷангу худро қурбон кардани онҳоро бемаънӣ мешуморанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Холмуҳаммадзода Гулмуҳаммад Сафармуҳаммад Боймуҳаммад Ёрмуҳаммад Шермуҳаммад гуяд:

    Халқҳои Осиёи Марказӣ, ки аз нажодпарастии сокинони маҳаллӣ ранҷ мебаранд, ҳамеша таъкид мекунанд, ки “падару бобоҳои мо дар солҳои ҷанги бузурги ватанӣ дар саффи аввали ҷанг зидди олмони фашистӣ истоданд ва аз марзу буми иттиҳод дифоъ карданд, мо бо шумо бегона нестем”. Марги сержанти калони зодаи Тоҷикистон исботи гуфтаҳои болост, агарчӣ он ҷанг бо ҳамлаи ҳитлер шурӯъ шуд, ин ҷанг бо ҳамлаи путин, вале ба ҳар ҳол мо тоҷикон аз аврупо ва ғарб дида, (зоҳиран) бештар аз россия фоида мебарем.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button