ВидеоМуҳоҷирон

БОЗДОШТИ АЪЗОИ ДАСТАИ ҶАМШЕДИ ТОҶИК ДАР ПЕТЕРБУРГ БАРОИ ҒОРАТИ ҲАМҶИНСГАРОЁН (ВИДЕО)

Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия аъзои як даста, ё бандаи ғоратгаронро дастгир карданд, ки ба ҳамҷинсгароён ҳамла оварда, намояндагони ақалиятҳои ҷинсиро ғорат мекарданд.

Телеграм-канали ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия наздики Мash на Мойке бо такя ба манобеаш хабар дод, ки ин дастаи ҷиноиро ҷавони 24-солаи зодаи Тоҷикистон бо номи Ҷамшед ташкил дода, аз лиҳози ақидатӣ таҳрик медод.

Бино ба иттилои Мash на Мойке, аъзои дастаи Ҷамшед аз як усули моҳиронаи ҷустуҷӯи ҳадафҳои худ истифода мебурданд ва феълан ба дастикам ду чунин ҳамла ба ҳамҷинсгароён дар ҳудуди ноҳияҳои Всеволожский ва Московский гумонбар дониста мешаванд.

Худи дастгиршудагон, ки бино ба видеои нашршуда, шумораашон на камтар аз 6 нафар аст, барои шарҳи мустақими қазия дастрас нестанд.

Вале ба гуфтаи манобеи Телеграм-канали Мash на Мойке, саркардаи ин даста Ҷамшед дар платформаи шиносоии дар байни намояндагони ақалиятҳои ҷинсӣ номдори “Леонардо ҷиҳати “мулоқоти ошиқона” қарор мегузошт, вале ҳангоми мулоқот ҳамҷинсгароён ба ҷои ишқу муҳаббат маззаи мушту лагати Ҷамшедро мечашиданд.

Бино ба фарзияи мақомот, батадриҷ саркардаи даста ба хулосае омад, ки онҳо метавонанд нафақат барои арзишҳои ахлоқӣ мубориза баранд, балки аз ин роҳ пул ҳам кор кунанд. Баъди ин, аъзои дастаи Ҷамшед ба ғорат кардани ҳамҷинсгароёне, ки ба дасташон меафтид, сар карданд.

Мash на Мойке менависад: “Ҷабрдидаҳо ба пулис муроҷиат намекарданд, чунки дар ин сурат бояд тафсилоти мулоқоташон бо одамони ношиносро ҳам ошкор мекарданд. Ҷамшед ва аъзои дастаи ӯ беҷазо мондани худро ҳис карда, ба ин кор ҷомаи тиҷоратӣ пӯшонданд ва ҷабрдидаҳоро ба болои дарси адаб додан ғорат ҳам кардан гирифтанд. Вале қурбонии охирини онҳо хомӯш наистод ва ба пулис ариза навишта, дар бораи мулоқоташон ва чӣ гуна 150 ҳазор рублашро ба яғмо бурдани ғоратгарон нақл кард. Аъзои дастаи Ҷамшедро алакай ду рӯз баъди аризаи ин ҷавони ҳамҷинсгаро дастгир карданд”.

Тафсилоти дигари қазия нашр нашудааст.

Ба боздоштшудагон бар асоси моддаи 161 Кодекси ҷиноятии Русия барои ғоратгарӣ ҳамчун ҷазо то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button