Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

БОЗ ҲАМ ЗЕРИ ТАЪСИРИ СЕРИАЛИ “ҚАВЛИ ЙИГИТ”? ПЕШГИРӢ АЗ МУНОҚИШАИ НАВРАСОН ДАР ДУШАНБЕ (2 АКС)

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар дод, ки кормандони милитсия аз як муноқишаи гуруҳӣ байни наврасон бо истифода аз корд пешгирӣ кардаанд.

“Кормандони мақомоти милитсияи пойтахт, бо мақсади пешгирии содиршавии ҷинояткорӣ, махсусан ҷиноятҳои авбошӣ бо истифода аз силоҳи сард аз ҷониби мактаббачагон дар якҷоягӣ бо роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ фаъолияти ҳамаҷонибаро ба роҳ мондаанд. Аз ҷумла, дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани чунин ҳамкориҳо кормандони хадамоти огоҳонию пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғон ва ҷавонони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино аз содиршавии муноқишаи гурӯҳи бо истифода аз силоҳи сард пешгирӣ намуданд”, – гуфта мешавад дар гузориши милитсияи пойтахти Тоҷикистон.

Бино ба иттилои ин манбаъ, санаи 28-уми феврали соли 2024, тахминан соати 10, дар ҳамкорӣ бо маъмурияти МТМУ №32-и ш.Душанбе, муайян карда шуд, ки ду гуруҳ хонандагони синфҳои 9-и ин муассиса бо маслиҳати пешакӣ мехостанд бо ҳамдигар муноқиша намоянд.

“Зимни санҷиш сабабу омилҳои муноқишаи ноболиғон муайян карда шуда, бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Ҳамзамон зимни санҷиш аз дасти яке аз хонандагон як адад корд, ки номбурда бо мақсади муноқиша бо худ овардааст, дарёфту мусодира гардид”, – хабар додааст милитсияи Душанбе.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати волидайни ноболиғон тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хунукназарӣ дар тарбияи фарзандон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. Ин банди қонун ҳамчун ҷазо барои волидон ва мураббиён ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи аз 3 то 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне ба маблағи аз 216 то 360 сомониро муқаррар кардааст.

Чунин ба назар мерасад, ки вақтҳои охир наврасон дар Душанбе асосан ба тақлид ва таҳти таъсири сериали русии “Қавли йигит” (“Слово пацана”) аз гиребони якдигар мегиранд. Аз аввали сол аз Душанбе дар бораи чандин мавриди муноқишаи байни наврасон ваё ягон нафарро ба сурати гуруҳӣ латтукӯӣ кардани онҳо  таҳти таъсири ин сериал хабарҳо ба даст расидаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button