
Рӯзномаи “Боҷу хироҷ”, нашрияи расмии Кумитаи андози Тоҷикистон рӯзи 29 феврали соли 2024 рӯйхатти 23 овозхони аз андоз қарздорро нашр карда, афзудааст, ки дар шумораи оянда рӯйхатти овозхонҳоеро нашр хоҳад кард, ки то ҳол худро дар ниҳодҳои андоз сабти ном накардаанд ва бидуни шаҳодатнома, ё патент ҳунарнамоӣ ва пул кор мекунанд.
Аммо дар рӯйхатти сиёҳи 23 овозхони аз андоз қарздор, ки қарзашон ба ҳолати то 23 феврали соли 2024 аз 2178 сомонӣ то 104 ҳазору 272сомонӣ номи танҳо чанд овозхони машҳур дида мешавад. Аз ҷумла Сангалӣ Мирзоев, бино ба иддаои муаллиф Тоҳири Зикрулло, аз андоз 10 ҳазору 619 сомонӣ, қарзи Ғолибҷон Юсупов 5 ҳазору 14 сомонӣ ва Алишерхон Ибодуллоев 19 ҳазору 317 сомонӣ қарздор будаанд. Чунин ба назар мерасад, ки дигар ситораҳои №1 ё андози худро ҳама сари вақт месупоранд ваё Кумитаи андоз аз “шарманда” кардани онҳо ин бор худдорӣ кардааст.
Вале ду зинаи аввалро дар ин рӯйхат Баҳром Ашӯров ва овозхони асосан тӯйгард Ҷамила Каримова ба даст овардаанд, ки ба ҳисоби мақомоти андоз, бақияи қарзи андози Баҳром Ашӯров 104 ҳазору 272 сомонӣ ва аз Ҷамила Каримова 81 ҳазору 398 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамин тавр, Файзалӣ Умар, боз як овозхони тӯйгард аз андоз 57 ҳазору 687 сомонӣ, Зафарҷон Гулматов 43 ҳазору 275 сомонӣ, Дилшод Айматов 35 ҳазору 56 сомонӣ,Соҳибҷон Кенҷаев 31 ҳазору 248 сомонӣ, Шарофиддин Ёрматов 23 ҳазору 475 сомонӣ, Бахтовар Маҳмудов 20 ҳазору 120 сомонӣ ва Машрап Раҷабов 14 ҳазору 19 сомонӣ қарздор буда, бақияи қарзи ҳунармандони дигар аз 2 ҳазору 178 то 7 ҳазору 799 сомониро ташкил медиҳад.
“Боҷу хироҷ” ёдовар шудааст, ки фаъолияти сарояндагӣ, навозандагӣ, раққосӣ, ровигӣ ва банаворгирӣ дар ҷашну маъракаҳо ва дигар чорабиниҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009, №508 “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, №151 “Қоидаҳои андозбандии фаъолияти соҳибкорони инфиродии дар асоси патент ва шаҳодатнома фаъолияткунанда” ба танзим дароварда мешавад ва субъектҳои дар ин самт амалкунанда худро бояд ба қайди давлатӣ бигиранд ва бо шаҳодатномаи соҳибкорӣ таъмин гарданд.
Аммо меафзояд нашрия, “агарчи як қисми ҳунармандон фаъолияти худро дар асоси муқаррароти қонунгузории соҳаи андоз ба роҳ монда, уҳдадориҳои андозии худро сари вақт ва дар ҳаҷми пурра иҷро намуда истодаанд, вале қисми дигар ба пардохти саривақтии андозҳои муқарраршуда бетаваҷҷуҳӣ зоҳир карда, дар назди буҷет аз ҳисоби андозҳо қарздор шудаанд… Як гурӯҳи ҳунармандон бино бар беэътиноӣ уҳдадориҳои андозии худро сари вақт иҷро накардаанд, ки ин ба сифатнок таъмин шудани нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатӣ таъсири худро расонида истодааст”.
Муаллиф менависад, ки мутахассисони соҳаи андоз омилҳои асосии дар назди буҷет қарздор мондани ҳунармандонро, пеш аз ҳама, дар паст будани маърифати андозсупории иддае аз онҳо ва дар муҳлатҳои муқарраргардидаи қонунгу зории андоз ба таври дахлдор ва пурра иҷро нашудани уҳдадориҳои андозӣ аз ҷониби сарояндагон маънидод мекунанд.
Зикр шудааст, ки то 1 январи соли 2024, маблағи бақияи қарзи андозҳои сарояндагон зиёда аз 570 ҳазор сомониро ташкил медод. Дар натиҷаи корбарӣ ва чораҷӯиҳои мақомоти андоз, то 23 феврал қарзи сарояндагон 68 ҳазор сомонӣ коҳиш ёфт. Муаллиф менависад, аксари ҳунармандони аз андоз қарздор дар васфи Ватан ва ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ шеъру тарона мехонанд ва худро ватанхоҳу ватанпараст нишон медиҳанд, вале “дӯст доштани меҳан ва хидмат ба он қарзи ҷонии ҳар як шаҳрванди мамлакат аст ва ҳама дар рушду шукуфоии он бояд масъулу саҳмгузор бошанд. Аз ин нуқтаи назар, ҳунармандон низ баробари ватанхоҳиву ватансароӣ бояд ба пардохти андозҳои муқарраршуда таваҷҷуҳ дошта бошанд”.
Дар Кумитаи андоз ҳамчунин зикр кардаанд, ки ҳарчанд ягон сароянда дар алоҳидагӣ фаъолияти худро бе навозанда, раққос, баранда ва дигар хизматгузорони ҷашну маъракаҳо амалӣ карда наметавонанд, ба ҷуз аз сароянда, бақия аз андозбандӣ дур мемонанд.
Ёдовар мешавем, “Боҷу хироҷ” ахиран рӯйхатти блогерҳои аз андоз қарздорро нашр карда буд.
НОМ ВА НАСАБИ АНДОЗСУПОРАНДА // МАБЛАҒИ БАҚИЯИ КАРЗИ АНДОЗ
- Ҷамила Каримова – 81398 сомонӣ
- Файзалӣ Умаров – 57687 сомонӣ
- Сангалӣ Мирзоев -10619 сомонӣ
- Манижа Бобоева – 2992 сомонӣ
- Баҳром Ашуров – 104272 сомонӣ
- Алишерхон Ибодуллоев -19317 сомонӣ
- Бахтовар Маҳмудов – 20120 сомонӣ
- Шаҳноза Қосимзода – 3963 сомонӣ
- Оҳунҷон Ҷураев – 3637 сомонӣ
- Умедҷон Зиёев – 7260 сомонӣ
- Шарофиддин Ёрматов – 23485 сомонӣ
- Зафарҷон Гулматов – 43275 сомонӣ
- Раҳимбой Тошев – 3301 сомонӣ
- Машрап Раҷабов – 14019 сомонӣ
- Соҳибҷон Кенҷаев – 31248 сомонӣ
- Рустамҷон Фозилов – 5430 сомонӣ
- Иброҳим Бобоҷонов – 2178 сомонӣ
- Мубинҷон Холиқов – 4481 сомонӣ
- Ғолибҷон Юсупов – 5014 сомонӣ
- Дилшод Айматов – 35056 сомонӣ
- Шаробиддин Холмирзоев – 7799 сомонӣ
- Ҷавоҳир Назаров – 7608 сомонӣ
- Ораз Исмоилов – 5625 сомонӣ

Матни пурраи мақолаи “Боҷу хироҷ” инҷост:
ЧАРО БАЪЗЕ САРОЯНДАҲО ДАР ПАРДОХТИ АНДОЗҲО БЕТАВАҶҶУҲАНД?
Яке аз мавзуъҳое, ки рӯзномаи “Боҷу хироҷ” дар борааш борҳо мавод дарҷ кардааст, қарздор мондани ҳунармандон (сарояндагону навозандагон ва раққосон) дар назди буҷети давлатӣ мебошад. Теъдоди ҳунармандони аз андоз қарздор имрӯз ҳам афзуда истодааст. Аз ин хотир, идораи рӯзнома тасмим гирифтааст, ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҳамин мавзуъ боз мавод чоп намояд.
Фаъолияти сарояндагӣ, навозандагӣ, раққосӣ, ровигӣ ва банаворгирӣ дар ҷашну маъракаҳо ва дигар чорабиниҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009, №508 “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, №151 “Қоидаҳои андозбандии фаъолияти соҳибкорони инфиродии дар асоси патент ва шаҳодатнома фаъолияткунанда” ба танзим дароварда мешавад ва субъектҳои дар ин самт амалкунанда худро бояд ба қайди давлатӣ бигиранд ва бо шаҳодатномаи соҳибкорӣ таъмин гарданд.
Тавре ба назар мерасад, имрӯз ин соҳа беш аз пеш дар ҳоли рушд аст ва сарояндагону навозандагон дар тӯю маъракаҳо ва дигар чорабиниҳои фарҳангиву оммавӣ иштироки фаъол доранд. Агарчи як қисми ҳунармандон фаъолияти худро дар асоси муқаррароти қонунгузории соҳаи андоз ба роҳ монда, уҳдадориҳои андозии худро сари вақт ва дар ҳаҷми пурра иҷро намуда истодаанд, вале қисми дигар ба пардохти саривақтии андозҳои муқарраршуда бетаваҷҷуҳӣ зоҳир карда, дар назди буҷет аз ҳисоби андозҳо қарздор шудаанд.
Аз ҷониби мақомоти андози мамлакат барои бақайдгириву ба андозбандӣ ҷалб шудани ҳунармандон, ҳамзамон барои давра ба давра кам кардани бақияи қарзи андозҳо пайваста чораҷӯӣ карда мешавад. Бо вуҷуди ин, як гурӯҳи ҳунармандон бино бар беэътиноӣ уҳдадориҳои андозии худро сари вақт иҷро накардаанд, ки ин ба сифатнок таъмин шудани нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатӣ таъсири худро расонида истодааст.
Мутахассисони соҳаи андоз омилҳои асосии дар назди буҷет қарздор мондани ҳунармандонро, пеш аз ҳама, дар паст будани маърифати андозсупории иддае аз онҳо ва дар муҳлатҳои муқарраргардидаи қонунгу зории андоз ба таври дахлдор ва пурра иҷро нашудани уҳдадориҳои андозӣ аз ҷониби сарояндагон маънидод мекунанд.
Чуноне ки мушоҳида мешавад, аксари ҳунармандоне, ки дар назди буҷет қарзи андозӣ доранд, дар асл дар чорабиниҳои фарҳангиву сатҳи давлатӣ иштироки фаъол дошта, дар васфи Ватан ва ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ шеъру тарона мехонанд ва худро ватанхоҳу ватанпараст нишон медиҳанд. Дӯст доштани меҳан ва хидмат ба он қарзи ҷонии ҳар як шаҳрванди мамла кат аст ва ҳама дар рушду шукуфоии он бояд масъулу саҳмгузор бошанд. Аз ин нуқтаи назар, ҳунармандон низ баробари ватанхоҳиву ватансароӣ бояд ба пардохти андозҳои муқарраршуда таваҷҷуҳ дошта бошанд.
Дар Кумитаи андоз бо такя ба натиҷаи таҳлили ҳолати андозбандии санъаткороне, ки ба фаъолияти сарояндагӣ машғул мебошанд, иттилоъ доданд, ки ягон сароянда дар алоҳидагӣ фаъолияти худро бе навозанда, раққос, баранда ва дигар хизматгузорони баргузории ҷашну маъракаҳо амалӣ карда наметавонанд. Аксари онҳо бо роҳи ташкили гурӯҳи алоҳида ва ё дар тобеияти ягон гурӯҳи эҷодӣ мебошанд ва дар аксар маврид бо соҳиб шудан ба шаҳодатномаи соҳибкорӣ хизматчиёни чунин сарояндаҳо аз андозбандӣ дур мемонанд.
Мутобиқи махзани маълумот, ба ҳолати 1 январи соли 2024, маблағи бақияи қарзи андозҳои сарояндагон зиёда аз 570 ҳазор сомониро ташкил медод. Дар натиҷаи корбарӣ ва чораҷӯиҳои мақомоти андоз, аз ҳисоби сарояндаҳои қарздор ба буҷет ба маблағи 68 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст.
Лозим ба зикр аст, ки рӯзномаи “Боҷу хироҷ” дар шумораҳои гузашта ҳам дар хусуси ҳунармандони беқайду қарздор мавод нашр карда буд. Баробари нашри мавод, қисми зиёди ҳунармандон камбудиҳои худро баратараф карданд, вале ҳамоно гурӯҳи дигар аз камтаваҷҷуҳӣ ё хунукназарӣ тадбирҳои андешидашудаи мақомоти андозро нодида гирифтаанд.
Аз Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи кистон рӯйхати сарояндагонеро, ки фаъолияти худро тибқи қонунгузории соҳаи андоз ба роҳ мондаанду вале барои сари вақт ва дар ҳаҷми пурра пардохт накардани андозҳои муқарраршуда дар назди буҷет қарздор мон даанд, барои нашр дар рӯзнома пешниҳод карданд. (Ба ҳолати 23 феврали соли 2024)
НОМ ВА НАСАБИ АНДОЗСУПОРАНДА // МАБЛАҒИ БАҚИЯИ КАРЗИ АНДОЗ
Ҷамила Каримова – 81398 сомонӣ
Файзалӣ Умаров – 57687 сомонӣ
Сангалӣ Мирзоев -10619 сомонӣ
Манижа Бобоева – 2992 сомонӣ
Баҳром Ашуров – 104272 сомонӣ
Алишерхон Ибодуллаев -19317 сомонӣ
Бахтовар Маҳмудов – 20120 сомонӣ
Шаҳноза Қосимзода – 3963 сомонӣ
Оҳунҷон Ҷураев – 3637 сомонӣ
Умедҷон Зиёев – 7260 сомонӣ
Шарофиддин Ёрматов – 23485 сомонӣ
Зафарҷон Гулматов – 43275 сомонӣ
Раҳимбой Тошев – 3301 сомонӣ
Машрап Раҷабов – 14019 сомонӣ
Соҳибҷон Кенҷаев – 31248 сомонӣ
Рустамҷон Фозилов – 5430 сомонӣ
Иброҳим Бобоҷонов – 2178 сомонӣ
Мубинҷон Холиқов – 4481 сомонӣ
Ғолибҷон Юсупов – 5014 сомонӣ
Дилшод Айматов – 35056 сомонӣ
Шаробиддин Холмирзоев – 7799 сомонӣ
Ҷавоҳир Назаров – 7608 сомонӣ
Ораз Исмоилов – 5625 сомонӣ
Хотиррасон мешавем, ки Ҳукумати мамлакат баҳри рушди тамоми соҳаҳо, аз он ҷумла соҳаи фарҳанг пайваста ғамхорӣ зоҳир мекунад ва кормандони ин соҳаро дастгирӣ менамояд. Ҳунармандон низ, бояд дар ҷавоб дар ғанӣ гаштани буҷети кишвар саҳмгузор бошанд ва маблағи андозҳои муқарраршударо сари вақт ва бо масъулияти баланд ба буҷет пардохт намоянд. Сарояндаҳо набояд бо боҳонаҳои фаъолият карданашон дар муассисаҳои давлатии фарҳангӣ ва ба таври доимӣ иштирок кардан дар чорабиниҳои давлатӣ, аз гирифтани ҳуҷҷатҳои соҳибкорӣ худдорӣ кардаю бе қайди мақомоти андоз ба фаъолият машғул шаванд ва ё нисбат ба пардохти андозҳои муқарраршуда бетаваҷҷуҳӣ зоҳир кунанд.
Вақте чунин шахсон, ки худро мардуми бофарҳанг ҳисобида, дар сурудҳояшон аз дӯстдории Ватану ҳифзи арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти он сухан мекунанду вале аз пардохти андозҳо саркашӣ мекунанд, дигар аз мардуми одӣ чиро метавон интизор шуд? Ҳамон гунае, ки ҳама дар назди қонун баробаранд, пас дар пардохти андозҳо низ ҳама бояд баробар бошанд. Аз ин хотир, сарояндагонро зарур аст, ки бо ҳисси баланди масъулият ва қарзи шаҳрвандӣ, уҳдадориҳои андозии худро сари вақт ва дар ҳаҷми пурра ба буҷет пардохт кунанд ва ҳаргиз ба пайдо шудани қарзи андозҳо роҳ надиҳанд.
Дар шумораи навбатии рӯзнома дар хусуси ҳунармандони беқайд маълумот нашр хоҳад шуд.
Тоҳир ЗИКРУЛЛО