АБДУХАЛИЛ ХОЛИҚЗОДА, АБДУҚОДИРИ РУСТАМ ВА СӮҲРОБ РАҶАБЗОДА МАҲКУМ БА ЗИНДОН ШУДАНД
Бино ба иттилои дарёфтии пойгоҳи хабарии “Бомдод”, Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 22 феврали соли 2024 баррасии парвандаи пурсарусадои муаллифи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” Абдухалил Холиқзода, муҳаррири ин китоб Абдуқодири Рустам ва ношири он мудири нашриёти “Эр Граф” Сӯҳроб Раҷабзодаро ба поён расонда, онҳоро бар асоси қисми дуюми моддаи 189 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар барангехтани кинаю адовати иҷтимоӣ аз ҷониби гуруҳи шахсон гунаҳкор шинохтааст. Додгоҳи олӣ то кунун дар ин бораи анҷоми ин мурофиа хабари расмие нашр накардааст, вале манобеи огоҳи “Бомдод” хабар доданд, ки бо ҳукми додгоҳ, Абдухалил Холиқзода ба 6 солу 6 моҳи зиндон, Абдуқодири Рустам ба 4 солу 6 моҳи зиндон ва Сӯҳроб Раҷабзода ба як соли зиндон маҳкум шудаанд.
Ин парвандаро Додситонии кулли Тоҷикистон моҳи августи соли 2023 оғоз карда, дар аввали моҳи январи соли 2024 ба Додгоҳи олӣ супурд ва баррасиаш 19 январ оғоз ёфт.
Ҳарчанд парванда муҳри махфӣ надошт, вале Додгоҳи олӣ мурофиаро дар толори СИЗО №1 баргузор кард ва ба хабарнигорон ва намояндагони ҷомиа ба далели “режими махсуси боздоштгоҳ” иҷозаи иштирок дар онро надод. Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ дар нишасти хабариаш эътироф кард, ки ин парванда махфӣ нест, вале ба сабаби … “набудани толори муносиб” мурофиааш дар бинои СИЗО ва бе ширкати аҳли ҷомиа мегузарад.
Ҷилди аввали китоби ёддоштҳои Абдухалил Холиқзода бо номи “Моҷарои рафта” соли 2019 ва ҷилди дуюми ёддоштҳояш бо номи “Ҳаводиси рӯзгори ман” моҳи марти соли 2023 нашр ва муаррифӣ шуд. Вале моҳи июни соли 2023 дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар атрофи ин китоб баҳси гарме барпо шуд ва бархе корбарон Холиқзодаро ба маҳалгароӣ ва паст задани шаъну эътибори намояндагони минтақаҳои дигари Тоҷикистон айбдор карданд. Як иттиҳоми умда ба зидди муаллиф дар китобаш ҷой додани қиссаи ҷавонзане аз Ховалинг буд, ки дар солҳои бистуми асри 20 аз ҳамлаи Артиши Сурх ҳамроҳи шавҳараш ба Афғонистон паноҳ мебарад ва дар онҷо аз ҷониби як қизилбоши маҳаллӣ мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор мегирад.
Абдухалил Холиқзода рӯзи 7 августи соли 2023, Сӯҳроби Раҷабзода 14 август ва Абдуқодири Рустам 31 август дастгир шуданд.
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 15-уми августи соли 2023 дар нишасти хабариаш гуфт, ки фармони боздошти Абдухалил Холиқзодаро шахсан худи ӯ додааст.
“Ӯ бо моддаи 189-и Кодекси ҷиноятии ҶТ боздошт шудааст. Ман худам дастури боздошташро додам. Ба ҷои шукргузорӣ аз сиёсат ва шароит, ба танқиди шадиди он, таҳқири миллати тоҷик, ба ҷудо намудани минтақаҳои гуногуни мамлакат, ба таҳқир намудани намояндагони маҳалҳои гуногуни мамлакат, ба кинаю адоват андохтан, аҳолии Тоҷикистонро ҷудо кардан ба мазҳабҳои гуногун, ба динҳои гуногун ва мақсади асосӣ – шӯру ғавғо андохтан, ноорому ноамн намудани мамлакат фаъолияташро равона намуда, дар китобаш “Хаводиси рӯзгори ман” ҳамаи ин масъалаҳоро навиштааст”, – изҳор дошт Юсуф Раҳмон дар шарҳи тасмимаш.
Аммо мунтақидон ва мухолифони ҳукумат парвандаи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”-ро ҳамлаи бепарда ба озодии баёни бе ин ҳам дар Тоҷикистон хеле маҳдудшуда номида, маҳкум мекунанд. Ба ақидаи мунтақидон, сабаби аслии таъқиби муаллифи китоб интиқодҳояш аз фазои имрӯзаи кишвар, бахусус аз фишор ба сармоягузорону соҳибкорон ва ба як маризи фарогир табдил ёфтану фасоду коррупсия дар Тоҷикистон асту қиссаи он ҷавонзан танҳо як баҳона шуд.
Бархе манобеъ боздошти муаллиф ва муҳаррриру ношири “Ҳаводиси рӯзгори ман”-ро ба вуҷуди муборизаҳо дар долонҳои ҳукумат ва наздикии Абдухалил Холиқзода бо ду вазири қудратӣ: раиси КДАМ Саймӯмин Ятимов ва вазири дохила Рамазон Раҳимзода рабт медиҳанд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, Холиқзода бо Абдулмӯмин ном бародари Ятимов тиҷорати муштарак дошт ва он қиссае, ки сабаби ҷанҷолу дар ниҳоят ҳабси ӯ шуд, дар китоб аз қавли Раҳимзода нақл карда шудааст.
“Ба замбӯрхона шухӣ макун, дӯст!”
Касе, ки аз аксуламали замбӯрҳо огоҳ аст, ҳаргиз чӯб ба хонаи замбӯр намехалонад. Китобҳои илмӣ-назариявӣ навиштан эроде надорад, аммо китобҳои фарҳангӣ-назариявӣ ё сиёсӣ-назариявӣ навиштан “ба хонаи диктатор чӯб халондан аст!”